Об пок аст, онро бояд тоза нигоҳ дошт

№77(3378) 06.06.2015

PHOT0033.JPGВодии Ҳисор дорои захираҳои зиёди обӣ буда, дарёи Кофарниҳон, ки баъди дарёҳои Ому, Вахш ва Сир дар ҷумҳурӣ мақоми чорумро ишғол мекунад, аз кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ҳамин мавзеъ тавассути шаҳри Ваҳдат, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Қубодиён ва Шаҳритуз ҷорӣ мешавад.  Ҳамчунин дарёи Варзоб, ки аз дараи хушманзараи  Варзоб ҷорӣ шуда, ба он дарёчаи Лучоб ҳамроҳ мешавад, номи дарёи Душанберо гирифтааст. Дарёи Хонақоҳ аз дараи Алмосӣ  ва дарёи Элок, ки аз кӯҳҳои ноҳияи Файзобод ҷорӣ аст, шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакиро убур карда, ба дарёи Кофарниҳон якҷоя мешаванд. Инчунин дарёи Қаратоғ аз баландкӯҳҳои дараи Қаратоғ ва дарёчаи Ширкент аз кӯҳҳои мавзеи Работ ҷорӣ шуда, аз ҳудуди шаҳри Турсунзода мегузаранд, аз сероб будани ин водӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Тоза нигоҳ доштани соҳилҳои ин дарёҳо дар маркази диққати шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияи Турсунзода ва Шаҳринав буда, бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор, мутобиқи Нақша — чорабиниҳо шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор аксияи «Тозагии соҳил»-ро мегузаронанд. Дар аксияи «Тозагии соҳил»  аз оғози фасли баҳор то имрӯз дар  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доиргардида наздики нуҳ ҳазор нафар кормандони корхонаву муассисаҳо, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо,  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ихтиёриён ва сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин, ки дар соҳили дарёҳо ҷойгиранд, ширкат варзиданд. Аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки қариб 2000 нафар дар соҳили дарёи Кофарниҳон ва дарёи Элок,  шаҳри Турсунзода 3000  нафар дар соҳили дарёи Қаратоғ ва дарёчаи Ширкент, ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 2000 нафар дар соҳили дарёҳои Кофарниҳон ва Элок, ноҳияи Ҳисор беш аз 1100 нафар дар соҳили дарёи Кофарниҳон ва дарёчаи Хонақоҳ, ноҳияи Варзоб 650 нафар дар соҳили дарёи Варзоб ва дарёчаи Лучоб аксияи «Тозагии соҳил» муташаккилона гузаронида шуд.

Мутаассифона, бо вуҷуди роҳандозии чунин тадбирҳо қитъаҳои алоҳидаи соҳили дарёи Кофарниҳон, ки аз байни шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор мегузарад, пур аз ахлоттӯдаанд. Мувофиқи гуфтаҳои нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки қариб ҳар моҳ соҳилҳоро бо дастгирии аҳолӣ тариқи ҳашар аз партовҳо тоза менамоянд, теъдоди онҳое, ки ба ин масъала бетафовутанд, хеле зиёданд. Дар шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор дар бисёр ҳолатҳо партови бинокориро, ки дар вақти сохтмон ва таъмири хонаҳо ҷамъ мешавад, ба соҳили дарё мепартоянд. Ҳамчунин соҳибони қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда, ки соҳили дарёро ба «тасарруф»-и худ даровардаанд, партовҳои ҷамъшудаи атрофу дохили ошхонаву қаҳвахонаҳояшонро ба дарё мепартоянд.

Фурӯшандагони бозорҳо низ дар ин амали зишт аз дигар ифлоскунандагони муҳити зист камӣ надоранд.  Дар бозори «Хайр», ки дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст, аз тарафи фурӯшандагон ба дарё партофтани партовҳо амри маъмулист. Муносибати масъулони бозорҳои чорво дар соҳили дарёи Варзоб (воқеъ дар деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб), дар соҳили дарёи Кофарниҳон (воқеъ дар деҳоти «Чоргултеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ), дар соҳили дарёи Хонақоҳ (воқеъ дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҳисор) низ ташвишовар аст. Магар бо чунин рафтори масъулини ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо обро тоза нигоҳ дошта метавонем? Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани оби дарё ва соҳилҳои он назорати ҳаррӯза лозим аст.

Мо бояд фахр намоем, ки бо пешниҳоди Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003- ро «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва соли 2013-ро Соли «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Борҳо дар бораи оби тоза гуфтему навиштем, вале то ҳол боз камбудиву саҳлангориҳо дар ин самт ба чашм мерасанд.  Дар навбати аввал бояд мо барои тозаю озода  нигоҳ доштани обҳои дарёҳо, соҳилҳои он ва ҳифзи муҳити зист масъулу намуна бошем, зеро об пок аст ва онро бояд тоза нигоҳ дорем.

Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум»