Пиряхҳо об мешаванд

№123 (3424) 14.09.2015

ледникИнсон ба тағйирёбии иқлим худро чӣ тавр мутобиқ мекунад?

Дар замони муосир инсониятро хавфу хатарҳои зиёди экологӣ таҳдид мекунад. Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Сабабҳои пайдоиши хавфҳои экологӣ чист? Чаро ҳарорати ҳаво баланд шуд? Одамон дар чунин вазъият бояд чӣ корҳоро анҷом диҳанд? Ин мавзӯъҳои муҳим  бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин маҳфили Клуби «Экожурналистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба ин клуб намояндагони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, марказҳои иттилоотӣ, нашрияҳои расмии давлатӣ ва хусусӣ шомил мебошанд.

- Имрӯз баландшавии ҳарорати ҳаво,тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра ба мушоҳида расида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин, ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати экологии одамон зарур аст. Дар ин бобат ҳамроҳ бо кормандону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, дигар идораю муассисаҳои марбута журналистон низ метавонанд саҳми муассир дошта бошанд. Бинобар ин, мо Клуби «Экожурналистон»-ро созмон додем, то масоили гуногуни марбути  муҳити зист, роҳҳои пешгирӣ ва мутобиқ гаштан ба хавфҳои экологӣ, истифодаи оқилонаи захира ва сарватҳои табиатро ҳамроҳ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таҳлил ва баррасӣ намоем ва ба воситаи радио, телевизион, дигар воситаҳои иттилооти электронӣ ва матбуоти даврӣ ба аҳли ҷомеа расонем ва маърифати экологии мардумро баланд бардорем,- гуфт зимни сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова.

Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи мазкур соли 2013 роҳандозӣ шуда буд ва бинобар натиҷаҳои муассири он аз нав эҳё карда шуд. Ҳамзамон Кумита барои ҳавасмандии намояндаҳои воситаҳои ахбори омма ҳар сол озмунҳо эълон менамояд.

О.Шарифова аҳли қаламро ба ҳамкории зич бо олимону мутахассисони соҳа даъват кард. Ба маҳфили навбатӣ олимону мутахассисон даъват шуда буданд.

Нахуст директори Маркази минтақавии экологии  Осиёи Миёна, профессор Абдулҳамид Қаюмов роҷеъ ба «Таъсири ҳодисаҳои нохуш ва хавфноки гидрометереологӣ ба иқтисодиёт дар шароити тағйирёбии иқлим» маърӯза кард. Мавсуф, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Ҷараёнҳои табиӣ ва ҳодисаҳои вобаста ба он ки дар табиат рух медиҳанд, ҳудудҳои васеъро фарогир буда, ба ҳаёти одамон, иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ ва умуман муҳити атроф таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Имрӯз тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ эҳсос мешавад. Табиати Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорост. Агар гармии ҳавои минтақаҳои ҷануби кишвар то ба 40-47 дараҷа расад, дар  минтақаи Помири шарқӣ , аз ҷумла дар мавзеи Булункӯл ҳарорати ҳаво то ба 63 дараҷа сардӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар Антарктида сардии ҳаво ба ҳисоби миёна 83 дараҷа аст».  Профессор А. Қаюмов иттилоъ дод, ки мувофиқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, умуман дар ҷаҳон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Дар робита ба ин, вай роҷеъ ба омилҳои тағйирёбии иқлим, таъсири он ба соҳаҳои гуногуни ҷомеа, бахусус иқтисодиёт, корҳои тадқиқотии олимон  таври муфассал маълумот дода, таъкид дошт, ки бояд олимону муҳаққиқон  ҳар чӣ амиқтар оид ба ин масъалаҳои ҳаётан муҳим кор кунанд.

Тавре маълум аст, моҳи июл дар натиҷаи баландшавии гармии ҳаво дар Тоҷикистон омадани селу фаромадани ярч ба амал омад ва дар як қатор навоҳии мамлакат  боиси хисорот гардид. Мавзӯи офатҳои табииро  директори Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода ва сардори Маркази обуҳавошиносии Агентӣ Ҷамила Байдуллоева шарҳ доданд. Бино ба гуфти онҳо, дар давраи 1-6 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  ҳаво нисбат ба солҳои қаблӣ гарм гардид, ки аз ҳарорати миёнаи бисёрсола +2 то +50 баланд шуд.

Тавре мутахассисон баён намуданд, чунин ҳолати гармии ҳаво дар қисми зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла ҷануби Тоҷикистон  соли 1944 ба мушоҳида расида, гармии ҳаво то +47,70 расида буд. Дар шаҳри Душанбе соли 1944 шумораи ниҳоии рӯзҳо бо ҳарорати +400 ва зиёда аз ин 13 рӯз, дар соли 2015 бошад, танҳо моҳҳои июну июл 11 рӯзро ташкил дод. Солҳои 1944, 1977, 1983  аксари стансияҳо шумораи аз ҳама зиёди рӯзҳоро бо гармии аз +400 баланд ба қайд гирифтанд.  Соли 1977 гармии баланд дар ноҳияи Шаҳритус 53 рӯз ва дар ноҳияи Панҷ  26 рӯз идома ёфт. Гармии баландтарини ҳаво дар солҳои 1944 ва 2015 ба ҳамбастагии чунин омилҳо вобаста мебошад.

Ҳарорати баланди ҳаво боиси зуд об шудани захираҳои ях шуда, ба селу ярчфароӣ ва обхезиҳо оварда мерасонад. Чунончӣ, болоравии ҳарорати гармии ҳаво дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар давраи 1-15 июли соли ҷорӣ сабаби зуд об шудани барфҳо, захираҳои ях, баландшавии сатҳи об дар дарёи Ғунд гардид. Дар ин давра ҳарорати ҳаво боло рафта, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво аз ҳарорати миёнаи бисёрсола 4+60 зиёдтар буд.

Давоми даҳрӯзаи якум ва дуюми моҳи июл дар натиҷаи баланд гардидани ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон аз ҳисоби пиряху барф мебошад (Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Вахш, Обихингоб, Зарафшон ва шохобҳои онҳо), мушоҳида карда шуд.

Корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Ҳомидов роҷеъ ба кӯлҳои назди пиряхҳо маълумоти муфассал дод. Чунин кӯлҳо низ боиси омадани сел мегарданд. Ҳоло дар Тоҷикистон  200-250 адад чунин кӯлҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамин тавр,  дар маҳфил мавзӯи муҳиме, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, таври муфассал ва ҷолиб баррасӣ шуд. Дар қисмати дуюми ҷамъомад мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт, ки дар ҷараёни он боз дигар паҳлуҳои масоили экологӣ баррасӣ шуданд.

Зимни ҷамъбасти кори маҳфил ва натиҷагирӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова аз ширкати фаъоли олимону мутахассисон ва журналистон изҳори сипос кард ва бори дигар таъкид сохт:  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавиаш аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир маҳсуб меёбад, давоми 60 соли охир ҳарорати солонаи ҳаво қариб 1ОС баланд гардида, боришот низ зиёд шудааст. Дар чунин шароит хавфи обшавии пиряхҳо мавҷуд аст. Азбаски пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошанд, кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Дар навбати худ, дар дохили кишвар баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон зарур аст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои  мардум»