Роҳҳои харобгардидаи Бадахшон барқарор мешаванд

№106 (3407) 08.08.2015

Қариб як километр қитъаи харобгардидаи шоҳроҳи  Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Кулма, ки дар натиҷаи офати табиии 16 июл дар деҳаи Барсем рухдода зери об монда буд,  барқарор карда шуд.  Дарозии  умумии  ин қитъаи  харобгардида чор километр буда,  700 метри он аз ҷониби деҳаи Барсем  ва 300 метри дигараш аз ҷониби деҳаи Колхозобод аллакай  барқарор карда, ба талабот ҷавобгӯй гардонида шудааст.

Хушназар Абдураҳимов  — муовини сардори Муассисаи  давлатии  идораи  хоҷагии  роҳҳои  вилоят  зикр намуд, ки  роҳсозон бо нақлиёти  зарурӣ  пурра таъмин ҳастанд  ва корҳои барқарорсозии ин қитъаи роҳ  шабу рӯз идома доранд.

Барои бунёди роҳ  дар баробари роҳсозони ватанӣ мутахассисони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд. Айни замон роҳсозон садди роҳи иборат аз сангҳои азимро   бо пармаву  таркиш пора намуда истодаанд. Аз ин рӯ, дар ин ҷо техникаи вазнин ба кор ҷалб шудааст.

Хушназар Абдураҳимов  иброз дошт,ки аз ҷониби  деҳаи Колхозобод аз болои дарёчаи кӯҳии Шорвӣ пули мошингузар  сохта мешавад. Дарозии ин пул 31,5 метр, паҳноияш 3,5 метр ва  борбардориаш  зиёда аз 60 тонна хоҳад буд. Масолеҳи  сохтмонӣ барои бунёди пул дастрас аст ва дар рӯзҳои наздик сохтмони он  оғоз меёбад.

Имрӯзҳо мардум  аз роҳи  пиёдагард, ки  тариқи кӯҳ мегузарад,  истифода менамоянд. Бояд зикр намуд, ки  ин роҳи пиёдагард аз ҷониби ҷавонони  деҳоти «Веру», «Ванқалъа», «Навобод» — у «Сучон» — и ноҳияи Шуғнон кушода гардид.

АМИТ «Ховар»