Рушди соҳаҳо бе омори дақиқ номумкин аст

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисону коршиносон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим  таи чанд рӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт ва аз аксарияти ноҳияҳои вилоят дидан намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба рушди саноат, бахусус ташкили истеҳсолоти воқеӣ алоқаманд мебошанд, шинос гардид. Натиҷаи санҷиш дар машварати корӣ дар ҳузури роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони  идораву муассисаҳои вилоятӣ, муовинони якуми раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахши иқтисод, маориф, фарҳангу тандурустӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ ва инчунин соҳибкорон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми раиси вилоят Нуралӣ Риоев нахуст дар машварат ҳозиронро ба раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистон ва рушди саноат, бахусус ташкили истеҳсолоти воқеӣ шинос намуда, изҳор дошт, ки ҳар сафари Роҳбари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон файзу баракати фаровонеро ато мекунад ва чанд мисолеро аз рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амалӣ гардидани барномаҳо оид ба баромадани ВМКБ аз бунбасти  коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва  истиқлолияти энергетикӣ ёдовар гашт.

Рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати аввал қарор дошт ва дар ин самт дар вилоят корҳои муайяне амалӣ мегарданд. Соли равон дар қаламрави вилоят бунёди 36 корхонаи хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд ва дар нимаи аввали сол аллакай 16 сеху корхонаҳои хурд  мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар шаш  моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба андозаи зиёда аз 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ба фурӯш бароварданд. Дар ҷараёни суханронӣ Нуралӣ Риоев аз хусуси тарҳрезӣ гардидани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016 — 2020» ҳарф зада гуфт, ки дар ин Барнома рушди истеҳсолоти воқеӣ, бахусус саноати кӯҳӣ ва  энергетика дар меҳвари асосӣ қарор хоҳанд гирифт. Муовини якуми раиси вилоят инчунин аз он ёдовар гашт, ки «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2006-2015» то кунун ҳамагӣ дар доираи 35 фоиз иҷро шудаасту халос.

Вай таъкид кард, ки ҳадафи асосии Барнома аз ҳисоби рушди истеҳсолоти воқеӣ, саноати кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти хом, рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ ва минтақавӣ, зиёд намудани даромади буҷети вилоят то ҳадди 50-60 фоиз ва дар ин замина рушд бахшидани соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум мебошад. -

-Айни замон, — афзуд муовини якуми раиси вилоят,-  даромади буҷети вилоят   аз   20   фоиз    боло нест. Мавсуф диққати гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳуриро ба фаъолгардонии минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», зиёд намудани грантҳо барои рушди соҳибкорӣ, содагардонии иҷозатномадиҳӣ барои ташкили артелҳои хурд дар ҳудуди вилоят, ба қайд гирифтани ташкилоту муассисаҳо бевосита дар ҳудуди вилоят, ташкили корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хоми чорво ва меваю сабзавот бо соҳибкорони хориҷӣ ҷалб намуд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зимни суханронӣ гуфт, ки назари гурӯҳи корӣ аз раванди корҳои ободонию созандагӣ, ҷараёни кор дар иншооти сохтмонӣ, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёт барои фаъолияти самарабахшу мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон нек аст. Пешравиҳои зиёде дар ин самтҳо рӯи кор омадаанд. Шаҳру деҳоти ВМКБ рӯз дар миён бо бунёди  роҳу пулҳо, иншооти энергетикию саноатӣ симояшро дигар мекунанд. Ин, албатта, пеш аз ҳама, ба таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат ба Бадахшону мардуми ин сарзамин, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат алоқаманд аст. Амалӣ гардидани баъзе барномаҳо, аз ҷумла бунёди сохтмони роҳи  Кӯлоб – Дарвоз, Мурғоб – Кулма, бунёди пулҳо болои дарё Панҷ 20  сол қабл дар назари мардум аз афсонае беш набуданд, аммо дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат ба воқеият табдил ёфтанд. Девдара акнун Гулдара шуду дар Шоҳроҳи бузурги абрешим, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Душанбе то Ҷумҳурии Халқии Хитой тӯл мекашад, садҳо мошини пурбор ҳамарӯза дар ҳаракатанд.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки ҳамаи барномаҳои бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳандозишуда  дар муҳлати муқарраргашта амалӣ мегарданд. Бо вуҷуди он ки имрӯз буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ ҷаҳонро фарогир аст, Ҳукумат маблағгузории барномаҳои  давлатӣ, бахусус иҷтимоиро кам намекунад. Аммо мардум, соҳибкорону тоҷирон, ҳар сокини вилоят бояд ҷиҳати пешбурди зиндагӣ дар корҳои ободонию созандагӣ фаъол бошанд. Азим Иброҳим аз он изҳорӣ нигаронӣ намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ дар вилоят дар қиёси ҷумҳурӣ аз 1,4 фоиз боло нест, ҳоло он ки барои зиёд намудани он захираҳо  кам нестанд. Дар вилоят дар нимсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷ миллион сомонӣ зиёдтар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, аммо ин нишондиҳанда хушнудкунанда нест. Аксари сеху корхонаҳои истеҳсолӣ ё бо иқтидори пурра кор накардаанд, ё умуман дар ин давра фаъолият надоштаанд ва бештари маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда аз ҳисоби фурӯши барқ мебошад. Дар ноҳияи Ванҷ давоми  шаш моҳ ба ҳар сари аҳолӣ ҳамагӣ ба андозаи ҳафт сомонӣ, дар Мурғоб 13,9 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Диққати ҳозирон ба ташкили корхона ё сехҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти бозоргиру содиротӣ, ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар баровардани он ҷалб карда шуд. Муовини Сарвазири кишвар инчунин  таъкид дошт, ки ҳангоми пешниҳоди маълумоту ҳисоботи оморӣ ба сохторҳои давлатӣ ба дақиқу эътимодбахш будани он бояд диққат дод.

Таҳияи барномаҳо оид ба рушди ин ё он соҳа, дар ҳар як минтақа ба омори дақиқу эътимоднок алоқаманд аст. Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ бе омори дақиқ ғайривоқеӣ аст.

Азим Иброҳим ҳамчунин ба пурсишҳои ҳозирон оид ба кам намудани фоизи қарзҳои бонкӣ барои соҳибкорон, роҳ ёфтани созмонҳои байналмилалӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва фароҳам овардани шароити кор барои онҳо, содагардонии иҷозатномадиҳӣ барои  ворид гаштани сайёҳони хориҷӣ ба ВМКБ, дастгирии соҳибкороне, ки нияти ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ доранд, ҷавоб дод.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»