Дар мамлакат 47 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шуд

№148 (4098) 10.12.2019

markazi-raypursiҲафтуми декабри соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки чоруми декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, вакилони ҷамоати шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 муайян шудааст.

Инчунин, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, намунаи муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ тасдиқ гардид.

Қайд гардид, ки Нақшаи тақвимии Комиссия масъалаҳои вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ — муҳлати иҷрои чорабиниҳо, сохторҳои масъул ва иҷрокунандагони чорабиниҳои омодагиро мушаххас менамояд.

Иштирокчиён ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро мушаххас намуданд.

Ҳамин тариқ, дар кишвар 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»