1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Мардумро ба сӯйи зиндагии шоиста раҳнамоӣ хоҳем кард

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

чунин ниятҳои нек дорад номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 Гулнора Бобоева

МУАРРИФИНОМА

Копия 101Бобоева Гулнора Исломовна 7 декабри соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишкадаи омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директор ва директори мактаб кор кардааст. Баъдан котиби Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи умумӣ ва мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Комиҷроияи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, котиби илмии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, декани факултети ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, сардори Раёсати илму инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шуда кор кардааст. Айни ҳол дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Номзади илмҳои филологӣ буда, аз соли 2002 узви ҲХДТ мебошад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.

 

Ҳангоми суҳбат бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева ба хубӣ дарк намудам, ки ҳамсуҳбатам дар муддати фаъолияти кориаш дар соҳаи маориф, илм ва  мақомоти давлатӣ таҷрибаи хуби кору зиндагӣ андӯхта, бо боварии том ва ниятҳои нек номзадии хешро ба вакилӣ пешниҳод намудааст. Ӯ бо дилсӯзӣ дар бораи масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа- ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм, паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва  ғайра ҳарф мезад. Дар вохӯрӣ ва мулоқот бо интихобкунандагонаш Паёми ба наздикӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори хеш қарор додааст. Суҳбати мо низ аз ҳамин мавзӯъ маншаъ мегирад.

Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои пешгузошта, ки аз сиёсати  хирадмандонаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар доираи салоҳият, имконият ва малакаву дониши худ барои таъмини ширкати фаъолона дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии ҳар як сокини пойтахт талош хоҳам кард. Дар ин ҷода шиори ман: «Барои рушд, тараққиёт ва татбиқи босамар!» мебошад.

Вижагиҳои мусбати таҷрибаи намояндагиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ ва барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми неруи худро равона месозам.

-Имрӯз дар ҷаҳони мураккаб ва пур аз тазоди сиёсӣ қарор дорем. Баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ оё дар барномаи ҳизб ё барномаи пешазинтихоботиатон амалӣ намудани мақсадҳои хубу манфиатоварро дар нақша доред?

-Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Истиқлолияти давлатиро муқаддас шуморида, дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро пуштибонӣ мекунам, ки инҳо мебошанд: таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти конститутсионии давлат, таъмини рушди иқтисодиёти кишвар, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ.

-Шумо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ пешниҳод шудаед. Мехостам бо барномаи пешазинтихоботиатон, ки он аз мақсаду  мароми ҳизб маншаъ мегирад, хонандагонро огоҳ намоем.

-Барои таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳама самтҳои фаъолияти ҳизбро ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои татбиқи босамари онҳо ҷидду ҷаҳд мекунам;

- дар самти татбиқи сиёсати иқтисодӣ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамоям;

- дар пойтахти азизамон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва сифатнок пешкаш намудани хизматрасониҳо бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ менамоям;

- ҷиҳати таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ баҳри иҷрои вазифаҳои муайяннамудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон кӯшиш мекунам;

- дар таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои пойтахт, такмили низоми буҷет ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоӣ ширкат меварзам;

- барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт фаъолияти худро ба самтҳои зарурӣ равона месозам.

-Имрӯзҳо ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд. Оё дар ин самт иқдом намуданиед?

-Ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҳамоҳангӣ бо мақоми ваколатдор ва имконияту салоҳияти базиммадошта барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешам.

Ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои зерини муқаррарнамудаи ҳизбиро барои худ муҳим мешуморам: паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, омӯхтани талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунанда ва дар асоси ин талабот тайёр кардани мутахассисон, мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа, чораҷӯӣ доир ба қабули шартномаи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонии хизматрасонӣ.

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус дод. Дар ин самт чӣ ниятҳо доред?

-Бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонам.

-Шумо солҳои зиёд дар сатҳҳои гуногуни маорифи халқ кор карда, масъалаҳои ҳалталаби ин соҳаи муҳимро ба хубӣ медонед. Баҳри беҳбудии кори  маорифчиён чӣ ибтикоротро амалӣ намуданиед?

-Ҳамчун мутахассиси соҳаи маориф кӯшиш мекунам, ки на камтар аз сеяки даромади буҷет барои бунёди инфрасохтор, таъмини технологияҳои нав, рушди неруи инсонӣ ва истеҳсолии соҳаи илму маориф сафарбар шавад.

Пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар аҳамият дода, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварро зарур медонам ва татбиқи чунин ҳадафҳои ҳизбро қобили қабул мешуморам. Афзалият додан ба соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат, дастрасии таҳсилоти босифат, аз ҷумла таҳсилоти олӣ барои ҳама гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, баланд намудани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо, бо мақсади ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозиву бунёд кардани муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, оилавӣ, шахсони эҳсонкор, таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмини дастрасӣ ба шабакаи Интернет дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ, ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ, такмили низоми имтиҳони марказонидашудаи қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон ҷумлаанд.

Дар маҷмӯъ, мо- аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ноил гардида, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи зиндагии шоиста раҳнамоӣ хоҳем кард.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»