Мутобиқи қарори Ҷаласаи якҷояи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз 30 августи соли 2013 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 муқаррар гардид. Атрофи ин масъала хабарнигорамон бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади ШОҲИЁН суҳбат доир намуд.
-Моҳияту мазмуни институти интихобот дар ҷаҳони муосир аз чӣ иборат аст? Дар Тоҷикистон кадом заминаҳои ҳуқуқӣ барои баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд?
-Кишвари мо дар арафаи баргузории чорабинии хеле муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ба андешаи ман, равшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои ин раванд аз аҳамият холӣ нест.
Бо ин мақсад Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст, ки суҳбати имрӯзаи мо танҳо оғози кор дар ин самт мебошад. Интихобот ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи демократӣ шакли изҳори иродаи шаҳрвандон аст, ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда ба амал бароварда мешавад. Яъне, интихобот ин шакли олии амалигардонии ҳокимияти халқ мебошад. Моҳияту мазмуни интихобот дар ҷаҳони муосир дар он аст, ки маҳз тавассути он халқ намояндагони худро дар мақомоти олии давлатӣ ва ҳамчунин Сарвари давлатро интихоб намуда, ҳуқуқи идора кардани давлат, амалисозии ҳокимияти давлатӣ ва аз номи халқ баромад карданро ба онҳо медиҳад.
Бо дарназардошти муҳимияти интихобот ва иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан дар як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла дар моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин омадааст: «Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти давлат бошад; ин ирода дар шакли интихоботи озод, шаффоф, баробар ва умумӣ ифода меёбад». Ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан инчунин дар моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ чунин баён гардидааст: «Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси интихоботи ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешавад, иштирок намояд ва интихоб шавад».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташкил ва баргузор намудани интихоботи озоду демократӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқию ташкилӣ муҳайё мебошанд. Аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқии интихобот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоб кардан ва интихоб шудан, пеш аз ҳама аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар моддаи 6-уми он чунин омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад». Моддаи 27-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бевосита ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандонро кафолат дода, муқаррар менамояд, ки шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Инчунин дигар меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси интихобот ташкил шудани мақомоти давлатиро пешбинӣ менамоянд, ба сифати заминаҳои конститутсионии интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд. Асосҳои ҳуқуқии низоми интихоботии ҷумҳурии мо, пеш аз ҳама дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории интихоботӣ дарҷ гардидаанд. Принсипҳои конститутсионии низоми интихоботии Тоҷикистон, ба монанди ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва бевосита, озодии изҳори ирода ва махфияти овоздиҳии шаҳрвандон пурра ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.
Заминаи дигари ҳуқуқии интихоботи Президентро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Ҳамчунин дигар заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои баргузории интихоботи муташаккилонаю озод дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд.
-Ҳоло интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, нақшаҳои кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ чӣ гуна аст ва ҳангоми баргузории ин чорабинӣ боз кадом мақомот ширкат меварзад?
-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли равон тибқи нақшаи корӣ омодагиҳоро ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудааст. Аз рӯйи нақшаи мазкур бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба ба интихобот дастурамалҳо барои комиссияҳои ҳавзавию участкавии интихобот, ба монанди «Оид ба тартиби баррасии арзу шикоятҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ», «Оид ба тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, нозирони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихобот», тавсияҳо барои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳҳои ташаббускор ва шахсони боэътимоди онҳо ва саволу ҷавобҳо доир ба интихобот таҳия ва бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.
Инчунин дар доираи омодагиҳо ба интихобот, тибқи ваколатҳое, ки қонунгузор муқаррар намудааст, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклу намунаи санадҳои комиссияҳои интихоботӣ, варақаҳои имзоҷамъкунӣ, варақаҳо доир ба тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бюллетен, варақаҳои интихоботӣ, шаҳодатномаҳои нозирони миллӣ ва байналмилалӣ ва дигар маводи интихоботиро тайёр намуда, ба нашр расондааст.
Санаи баргузории интихобот муайян шуд ва дар робита ба ин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 31 августи соли 2013 ҷаласаи навбатиашро гузаронида, дар он оид ба масъалаҳои вобаста ба тасдиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ба баргузории интихоботи Президент, рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, сарҳадҳои онҳо ва шумораи интихобкунандагони ҳар як ҳавза, муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда, Маркази матбуотӣ дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул кард.
Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни баргузории интихоботи дарпешистода мақомоте, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба мансаби Президент доранд, инчунин мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, мудофиа, тандурустӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар субъектҳои дахлдор ширкат меварзанд, ки ҳамкориҳои судманди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади баррасии масъалаҳо доир ба паҳлуҳои гуногуни раванди интихобот вохӯриҳо бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар доир гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва малакаи касбии аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки онҳо идома дорад. Номгуйи чорабиниҳое, ки дар Нақшаи тақвимӣ муайян гардидаанд, дар муҳлатҳои муқарраршуда таври якҷоя бо сохторҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
-Барои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз карданд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳоро амалӣ намуда истодааст ва умуман барои таъмини интихоботи озоду шаффоф чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
-Дар ҳақиқат, бо дарназардошти муҳимияти ин масъала Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 ҳамчун кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар субъектони раванди интихобот доир ба шаффофу демократӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ, бо риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда, вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бояд зикр кард, ки татбиқи ин ҳидояту супоришҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои поёнии интихобот ва дигар иштирокчиёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дахл дорад. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи дастуру супоришҳои Президент, ки аз Паём бармеоянд, таҳия ва қабул карда шуд. Чорабиниҳои банақшагирифташуда давра ба давра дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ хоҳанд гашт.
Инчунин аз нимсолаи дуюми соли 2012 сар карда, то нимаи аввали соли 2013 аз ҷониби аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи он дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо аъзои эҳтимолии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот бо мақсади такмили дониши ҳуқуқию малакаи касбиашон семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуданд.
Дар доираи омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт дастурамал таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки онҳо барои пешбурди фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ роҳнамойи муфид буда, тартиби кори комиссияҳои интихоботӣ, баррасии арзу шикоятҳо, иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар интихобот ба таври мушаххас инъикос менамояд.
Дар ин раванд тасмим гирифтаем, ки ҳамаи комиссияҳои интихоботиро пурра бо маводи зарурӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, қуттиҳои шаффофи овоздиҳӣ, лавозимоти конселярӣ ва плакатҳои номзадҳо ба мансаби Президент таъмин намоем. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масъулу мутасаддӣ тамоми тадбирҳоро барои ташкилу баргузор намудани интихоботи озоду демократӣ меандешад.
-Тибқи қонунгузории мо кадом мақомот ҳуқуқи пешбарии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд ва бақайдгирии номзадҳо дар кадом сохтор ва чӣ гуна сурат мегирад?
-Тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 субъекти дорои ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Инҳо ҳашт ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Аз ҷониби субъектони зикргардида фақат як нафарӣ номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман, конференсия ва иҷлосияҳо қабул карда, дар бораи пешбарии номзад протокол тартиб дода мешавад.
Номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, тарафдорӣ карда шавад. Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва муҳлате, ки Комиссияи марказии интитхобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президент дар муддати 50 рӯз то интихобот оғоз гардида, на дертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад. Яъне, ин муҳлат аз 17 сентябр оғоз гардида, то 7 октябр идома меёбад.
Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯзи баъди қабул кардани он фиристода мешавад.
Тибқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президент пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯз аз лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.
Барои бақайдгирии номзад ба мансаби Президент пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо зарур мебошад:
- протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷуман, конференсия, иҷлосия) мақомоте, ки номзадро ба мансаби Президент пешбарӣ кардааст;
- бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардаанд;
- тарҷумаи ҳоли номзад ба мансаби Президент;
-аризаи номзад дар бораи розигӣ барои пешниҳоди номзадиаш ба мансаби Президент.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду рӯзи баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатнома медиҳад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот хабар чоп мекунад.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо риояи маданияти баланди сиёсӣ кушиш намоянд, ки ҳар як мубоҳиса ва вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар фазои озоди ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва дар сатҳи баланд баргузор гарданд.
-Оё нозирони байналмилалӣ барои назорати рафти баргузории интихобот даъват карда мешаванд?
-Нақши нозирони байналмилалӣ дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, зеро иштироки онҳо яке аз роҳҳои асосии мусоидат дар баргузории шаффофи ин гуна чорабиниҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Барои баргузории интихоботи озоду шаффоф ширкати чӣ нозирони миллӣ ва чӣ байналмилалӣ хеле муҳим аст. Ширкати онҳо ҳамчунин барои амалишавии принсипҳои дигари интихобот, ба монанди иштироки озоду баробари интихобкунандагон ва таъмини адолату махфияти изҳори иродаи мардум дар ин раванд аз аҳамият холӣ нест.
Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштироки нозирони миллӣ ва байналмилалиро дар тамоми марҳилаҳои интихобот кафолат медиҳад. Тартиби даъват, иштирок ва ҳуқуқу уҳдадориҳои нозиронро Дастурамале, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони байналмилалиро аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват намояд. Аллакай Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо як моҳ қабл изҳор дошта буд, ки 164 нозири худро ба Тоҷикистон мефиристад. Ҳамчунин ташрифи теъдоди зиёди нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ низ дар назар дошта шудааст.
-Киҳо ҳуқуқи иштирок кардан дар интихоботро надоранд?
-Мувофиқи талаботи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст. Аз ин муқаррарот бармеояд, ки шаҳрвандони то 18-сола аз ин ҳуқуқ бархӯрдор нестанд. Ҳамзамон муҳимияти ин масъаларо ба инобат гирифта, қонунгузор муқаррар менамояд, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ надоранд иштирок кунанд, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Ҳамзамон барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як зумра талаботҳо муқаррар шудаанд, ки дар сурати ҷавобгӯй набудан ба онҳо шахс наметавонад ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад. Инҳо, пеш аз ҳама, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, ба синни 35-солагӣ расидан, камаш даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан, забони давлатиро донистан, дорои ҳуқуқи интихобот будан мебошанд. Дар баробари ин, мувофиқи моддаи 24-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доранд ва он мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта ё ботил карда нашудааст, ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд.
-Барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом тариқ ба мардум расонида мешавад? Муаррифии ҳадафу мақсадҳои номзадҳо чӣ гуна сурат мегирад?
-Кафолатҳои фаъолияти пешазинтихоботии номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври мушаххас муқаррар намудааст. Тибқи қонуни мазкур номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифода аз воситаҳои ахбори омма дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.
Номзад ба мансаби Президент ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон маҷлисҳо ва ё дар шакли дигари барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронида, бо барномаи пешазинтихоботиаш баромад кунад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба номзадҳо ба мансаби Президентӣ барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои мувофиқ муҳайё карда, дар бораи вақт ва ҷойи гузаронидани маҷлис ва вохӯриҳо ба интихобкунандагон пешакӣ хабар медиҳанд. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳо ба мансаби Президентӣ дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд. Дар баробари ин, барномаи номзад набояд бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад.
Дар доираи муқаррароти Қонун ҷиҳати муаррифии шахсияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафу мақсадҳои онҳо плакатҳо бо тарҷумаи ҳолашон бо миқдори зиёд нашр гардида, ба таври васеъ дар шаҳру ноҳияҳо паҳн карда мешаванд. Ҳамчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба раванди муаррифии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи вохӯриҳои номзадҳоро бо интихобкунандагон таҳия намуда, ба қадри имкон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чунин вохӯриҳоро баргузор менамояд.
Аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо ширкати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар асосҳои баробар вақти эфирӣ ҷудо мегардад ва муаррифии ҳадафу вазифаҳои онҳо бе мамониат сурат мегирад. Зиёда аз ин, ҳар як номзад ва шахсони боэътимоди онҳо имкон доранд, ки мустақилона вохӯриҳои алоҳида баргузор карда, мақсаду мароми барномаи пешазинтихоботии хешро ба самъи мардум расонанд.
-Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳсу мунозираҳо вобаста ба интихоботи Президент шаҳрвандон ва ё дигар иштирокчиёни раванди интихобот ба кадом мақомот бояд муроҷиат кунанд?
-Роҳҳои ҳалли арзу шикоятҳо ва баҳсу мунозираҳоро дар раванди интихобот қонунгузории амалкунанда муайян кардааст. Комиссияҳои интихоботӣ ва суд мақомоти баррасикунандаи арзу шикоятҳои субъектони интихобот маҳсуб меёбанд.
Аз ҷумла тибқи талаботи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Нисбат ба қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъди қабули қарор ба Суди Олӣ шикоят оварда мешавад. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш мавриди баррасӣ қарор дода шавад, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, фавран баррасӣ мегардад.
Инчунин ба ҳар интихобкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки дар бораи ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашуданаш, нодуруст ба ин рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардани ӯ, инчунин хатоиҳои дар рӯйхат дар бораи интихобкунанда ҷойдошта шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафаю рӯзи овоздиҳӣ бошад, фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз болои қарори комиссияи участкавии интихобот ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Ҳамчунин шаҳрвандон ва дигар субъектони интихобот, ки агар ба ақидаи онҳо дар ин раванд ба қонуншиканӣ роҳ дода шуда бошад, метавонанд тибқи қонун ба мақомоти прокуратура муроҷиат намоянд.
-Интихобкунанда ба кадом масъалаҳои раванди интихобот бояд диққати ҷиддӣ диҳад, то ки ба қонуншиканиҳо роҳ дода нашавад?
-Интихобкунанда бояд ҳуқуқҳои худро донад ва ҳамчун субъекти муҳими раванди интихобот будани худро эҳсос намояд. Дар ин радиф қарзи шаҳрвандии худро оид ба иштироки ихтиёрона дар овоздиҳӣ дарк намуда, рӯзи интихобот ба участкаи интихоботӣ барои овоз додан ҳозир шавад. Тибқи талаботи қонун, интихобкунанда танҳо як овоз дорад, ба ҷойи шахси дигар овоз додан манъ аст. Барои ҳамин аз таҷрибаи ғайриқонунии ба истилоҳи «овоздиҳии оилавӣ», яъне як нафар ба ҷойи ҳамаи аъзои оила овоз додан бояд комилан даст кашид. Ба участкаи интихоботӣ бе шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият омадан мумкин нест, зеро бюллетени интихоботӣ ба интихобкунанда аз ҷониби комиссияи участкавӣ танҳо бо пешниҳоди ин ҳуҷҷат дода мешавад.
Шаҳрванде, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил нашудааст ва ё хабарнома нагирифтааст, бояд ҳатман ба участкаи интихоботӣ равад, то ин ки ӯро ба рӯйхати иловагӣ ворид намоянд ва аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, ба номзади дилхоҳаш овоз диҳад.
-Ташаккур.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»