Паём ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафаров ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш аз 16 то 19 феврали соли ҷорӣ доир ба шарҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.

Бахтовар Сафаров зимни  вохӯриҳо дар робита ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки рушди ҷомеа такмили пайвастаи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад.

Вакили Маҷлиси намояндагон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия шарҳ дода, интихобкунандагонро даъват намуд, ки дар рӯзи раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзанд. Муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Раҳматова, сардори Раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илми фалсафа, профессор Бобоҷон Самиев, дотсенти кафед­раи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, номзади илми таърих Давлаталӣ Алимов зикр карданд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади роҳнамо моро ба созандагию бунёдкорӣ ва ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд. Моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, мувофиқ ба касбу кори худ фаъолияти босамар намуда, зиндагии шоистаро идома бахшем.

Ҳамин тавр, вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар шаҳраки Киров, деҳоти «Тоҷикобод», «20 -солагии Истиқлолият» ва ғайра баргузор гардиданд.

 Давлат ХАЛИЛ, рӯзноманигор