Таъсиси Комиссияҳои вилоятии интихоботӣ

№150 (4100) 14.12.2019

11 декабри соли ҷорӣ зимни Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ҳакимзода Қурбон доир шуд, дар қатори дигар масъалаҳо таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ, Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баррасӣ гардид.

Ҳамин тариқ тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят комиссияи интихоботӣ дар ҳайати 11 нафар, таҳти роҳбарии сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбоналӣ Қурбонов таъсис ёфта, инчунин, дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ қарор қабул гардид.

 Сулаймон Султонов, «Садои мардум»
*******

10 декабри соли 2019 Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум баргузор шуд ва дар он мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкили комиссияи дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, вакилон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоятро оид ба комиссияи вилоятии интихобот ва шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ карданд. Тибқи он, аъзои комиссияи вилоятии интихобот дар ҳайати 13 нафар, шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ 70 адад муқаррар гардид.

Дар хотима, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ, таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон дар вақти баргузории он ва риояи қатъии принсипҳои асосии интихобот ба ашхоси мутасаддӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»