Аҳамияти консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ

№123 (4706) 09.10.2023

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин давлатҳо дар охири ҳазораи чорум ва аввали ҳазораи сеюми пеш аз милод ба вуҷуд омада, тӯли давраи муайян арзи ҳастӣ намудаанд ва бо таъсири омилҳои гуногун ё аз байн рафтаанд ва ё дар шаклу сохти дигар боз арзи ҳастӣ намудаанд.

Агар дар ибтидои ҳазорсолаи дуюм давлати Сомониён аз майдони сиёсат берун шуда бошад, дар охири ҳазорсола, яъне дар охири асри XX, тақдир ба миллати тоҷик бори дигар имкон дод, ки соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардад.

Таърихи навини башарият, хусусан, пас аз итмоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ва дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ташкил ёфтани Созмони Милали Муттаҳид, ба халқиятҳо имконияти худмуайянкуниро дод. Дар асоси Оинномаи СММ ва Эъломияи ин созмон оид ба ҳуқуқҳои мардуми бумӣ халқиятҳо ҳуқуқи озодона муайян намудани мақоми сиёсӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии хеш, яъне ҳуқуқи ташкил намудани давлати миллии худро ба даст оварданд.

Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд. Мо имрӯз низ шоҳиди талошҳои озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион нафар аҳолӣ доранд, аммо давлат надоранд. Ҳамагон хуб медонанд, ки айни ҳол дар ҷаҳон беш аз 2000 халқиятҳо мавҷуданд, вале танҳо 192 давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳилаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани ­вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои кушод» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд. Имрӯз мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаро дар арсаҳои гуногун мебинем. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ он давлат муваффақ мегардад, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии худро воқеъбинона ва дурандешона роҳандозӣ намояд. Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015 таҳти рақами 332 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамчун санади сиёсӣ принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд.

Зарурати таҳия ва қабули ин консепсия аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро барои пешгирӣ ва рафъи хатарҳою чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад.

Мутобиқи қисми 3- юми моддаи 10- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, бо вобастагӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда, сиёсати хориҷии давлати мо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мешавад:

- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар;

- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон;

- иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;

- риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ;

- орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон;

- напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ.

Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки таҳким ва тақвияти истиқлолияти Ватан аз сиёсати санҷида ва ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои зарурии байналмилалӣ ва минтақавӣ вобастагии зич дорад. Вобаста ба вазъи мушаххаси геостратегӣ ва мавқеи геополитикии худ ҳар як давлат афзалиятҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, вазифаҳои ҷорӣ ва стратегии худро муайян мекунад ва чунин афзалияту вазифаҳо ҳар сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дақиқан муайян карда мешаванд.

Бояд таъкид кард, ки ҷаҳонишавӣ, яъне глобализатсия, раванди табиӣ ва объективӣ буда, табиати ниҳоят мураккаб ва зиддиятнок дорад. Аз як тараф, ҷаҳонишавӣ агар сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздик ва доимии халқҳо ва кишварҳо, дастрасӣ ба комёбиҳои навин ва арзишманди илмӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, сарфаҷӯии захираҳои гуногун, танзими беҳтари фаъолияти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ва падидаҳои дигари муҳим ва мусбат арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар, таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ тафовут байни кишварҳои тараққикарда ва кишварҳои камтараққию кишварҳои хурди ҷазиравӣ амиқтар шуда, фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ниҳоят шиддат меёбад, фаъолияти шабакаҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷинояткории трансмиллӣ хислати тақрибан ҷаҳонӣ касб карда, рӯҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият меёбад. Дар чунин вазъ нигоҳ доштани оромиву суботи ҷомеа ва таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини ҳар як давлат мебошад. Махсусан, барои Тоҷикистон, ки ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ин кор вазифаи рақами аввал аст.

Маҳз ба ҳамин хотир, консепсия манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ифода намуда, дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик онро аз ин нуктаҳо иборат медонад:

- ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он;

- эҷоди камарбанди амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;

- инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардош­тани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;

- расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;

- тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;

- мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.

Вусъати рӯзафзуни раванди ҷаҳонишавӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои замони муосир дониста мешавад. Бинобар ин, Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон чунин таъкид намуда буданд: «Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои абарқудрат саргарми даъвоҳои бузургманишӣ ва салтанатҷӯйӣ ҳастанд, боиси таассуф аст, ки дар як қатор кишварҳо миллионҳо нафар аз гуруснагӣ, бехобӣ ва бемориҳои гуногун азоб мекашанд ва садҳо ҳазор одамон нобуд мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки минбаъд низ нодида гирифтан ва ба ҳоли худ гузоштани ин масъалаҳо ва ҳатто аз бадбахтии дигарон манфиат ҷустани баъзе кишварҳои абарқудрат боиси ба вуҷуд омадани масъалаҳои хатарноктар мегардад.

Шоистаи таҳсину таҳният мебуд, ки агар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба ҷойи маблағҳои калонро ба ихтирои яроқу аслиҳа ва умуман мусаллаҳшавии бошитоб сарф кардан дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, аз ҷумла масъалаҳои экология, тандурустии аҳли башар, таъмини рушди баробари кишварҳои дунё саҳм гузоранд».

Сарвари давлати мо, пас аз ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва ба раванди рушд қадам ниҳодани мамлакат дар 271 чорабинии сатҳи минтақавию байналмилалӣ суханронӣ намуда, тибқи принсипҳои Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, бо дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва раванд­ҳои мураккаби ҷаҳонӣ, доимо талош меварзанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмин кардани осоишу оромии сайёра ва ҳифзи тамаддуни ҷаҳонӣ роҳи ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои зикршударо ҷустуҷӯ ва пайдо намояд.

Чун доир ба мушкилот ва ҳалли онҳо дар ин ҷо қайд намудем, мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳдиду чолишҳо чунин гурӯҳбандӣ шудаанд:

- рушди ноустувор ва нобаробари иқтисодӣ, шиддат ёфтани рақобат ҷиҳати дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва захираҳои стратегӣ, афзоиши буҳронҳои молиявию иқтисодӣ;

- вусъати терроризми байналмилалӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;

- густариши ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, бархӯрди тамаддун ва тамоюлҳои идеологӣ;

- низоъҳои дохилидавлатӣ ва минтақавӣ, таассуб ва ҷудоихоҳии қавмию нажодӣ, ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон;

- афзудани мушкилоти демографӣ, фақру нодорӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати оммавии идоранашаванда;

- камбудӣ ё норасоии захираҳои ҳаётан муҳими моддӣ, пеш аз ҳама обу ғизо;

- тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ ва беҳдоштию эпидемиологӣ.

Дар баробари хатару чолишҳои мазкур, ки ба амнияти низоми муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи таркибии ин низом таҳдид мекунанд, ҳамчунин омилҳои минтақавии зерин вуҷуд доранд, ки барои манфиатҳои миллии Тоҷикистон хатарҳо маҳсуб мешаванд:

- бино ба мавқеи ҷуғрофии худ, қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҷаҳони муосир;

- наздикии Тоҷикистон ба минтақаҳои хушунатбор, манбаъҳои зуҳури терроризм, марказҳои таълими ифротгаройӣ ва маҳалҳои тавлиди воситаҳои нашъадор;

- тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаройӣ дар минтақа;

-имкони истифодаи қаламрави кишвар барои қочоқи байналмилалии воситаҳои нашъадор ва интишори ғояҳои ифротгаройӣ;

- ҳалношуда боқӣ мондани масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо миёни кишварҳои минтақа ва эҳтимолияти барангехтани низоъҳо миёни қавму халқҳои минтақа;

- вуҷуди монеаҳои гуногун дар ҷодаи ҳамгироии муассири минтақавӣ, рафтуои озоди одамон ва ҳамлу нақли бемамониати молу хизматрасонӣ;

- набудани ҳамкории воқеӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикии минтақа;

- афзудани шиддати мушкилоти демографӣ ва экологӣ дар минтақа ва имкони истифодаи онҳо ҷиҳати барангехтани муқовимат дар ҷомеа.

Тавре мушоҳида намудем, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон пешбинӣ намудани чунин таҳдиду чолишҳои эҳтимолӣ, аз ҷумлаи сабабҳое шудаанд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо консепсияву стратегияҳо, барномаю нақшаи амал ва чорабиниҳо таҳия гардида, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо 25 давлати Аврупою Амрико, 34 давлати Осиё ва Африқо, аксарият кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 180 давлат истиқлолияти давлатии моро расман эътироф кардааст. Дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ беш аз 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

Аз соли 2010 то ба имрӯз 47 созишномаи грантӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи миллионҳо доллари амрикоӣ тасдиқ гардида, Тоҷикистон бо кишвару созмонҳои гуногуни олам беш аз 2100 санадҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла беш аз 700 созишнома, 107 протокол, 19 ёддошти тафоҳум, 168 конвенсия, 15 меморандум, 16 дек­ларатсия ва 37 шартномаро ба имзо расонидааст. Аз соли 2010 то инҷониб аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 созишномаҳои сармоягузорӣ тасдиқ гардидаанд, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо беш аз 5 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ торафт бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудани сармоягузорони хориҷӣ, ҳамкории инс­титутҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон, ки торафт густариш ёфта истодааст, далели таҳким ёфтани сулҳу субот дар ҷомеаи мо, эътирофи ислоҳоти иқтисодӣ ва афзудани эътимоди кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чуноне, Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ҳар як фарди баору номуси Ватанро даъват мекунам, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат бо дарки масъулияти баланд дар назди таъриху миллат ширкат намояд».

Комрон ИСМОИЛИЁН,

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия