Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 17 марти соли 2020, №10

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 3,4Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик, доктори илмҳои техникӣ.

Дилрабо Мансурӣ баъди хатми Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи майи соли 1997 ҳамчун лаборанти калони кафедраи иқтисодиёт ва идора оғоз намудааст. Баъдан, дар вазифаҳои омӯзгор, ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, баъд чун сармуаллим ва аз соли 2001 то 2008 ба сифати мудири кафедраи номбурда фаъолият бурдааст.

Соли 2010 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоxикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардида, аз соли 2014 вазифаи директори муассисаи мазкурро ба зимма дошт. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Давоми фаъолияти меҳнатиаш зиёда аз 150 кори илмӣ чоп кардааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров ва медали нуқраи Симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Оиладор.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.