Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қодири Қосим муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 17 марти соли 2020, №11

Қодири Қосим

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 DSC_9631Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст.

Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агрономи боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 — солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори Комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, котиби дуюми Комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори Идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли  2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз  феврали соли 2017  дар вазифаи  раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.  Бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст. Оиладор.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.