Қатъномае, ки дар миқёси ҷаҳон эътимод пайдо кард

№127 (4710) 23.10.2023

12798014 — уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлоси 77-уми худ Қатъномаи соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 115 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам рӯзи байналмилалӣ ва ҳам «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мегардад.

Мусаллам аст, ки 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Ин манбаи бузурги пиряхҳои гуногунҳаҷм ва барфҳои доимӣ мебошанд, ки қариб 6 фоизи қаламрави мамлакатро дар бар мегирад.

Пиряхҳо яке аз боигарии асосии та­биии мамлакат ба шумор рафта, аҳамияти бузург доранд, зеро ҳар сол пиряхҳо аз ҳисоби обшавӣ якчанд километри мукааб оби софу ширин медиҳанд, ки аҳолӣ аз он истеъмол менамоянд. Тибқи ҳисобҳо, оби пиряхҳо 25 фоизи ҳаҷми ҷараёни дарёҳои Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Қисми зиёди пиряхҳо, асосан дар шимол ва ғарби Помир, инчунин, дар кӯҳҳои Тоҷикистони шарқӣ ва Ҳисору Олой ҷой гирифтаанд. Дар қаторкӯҳҳои Помир пир­яхҳои калонтарин, ба монанди қуллаи Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра мавҷуданд, ки сарчашмаи ҳамаи дарёҳои калонтарини Тоҷикистон, аз ҷумла Сир, Панҷ ва Зарафшон, аз онҳост.

Дар сайёра бошад, қисми зиёди захирахои бузурги оби тоза дар пиряхҳои Антарктида, Гренландия, Арктика ва кӯҳу қаторкӯҳҳои калонтарини дунё мавҷуд мебошанд.

Тайи солҳои охир тағйирёбии иқлим боиси обшавии шадид ва таназзули пир­яхҳо гардидааст. Аз ин рӯ, масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи аҳли башарро ҳар чӣ бештар тақозо менамояд.

Боиси таассуф мебошад, ки ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз оби тоза танқисӣ мекашанд ва пешгӯӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард наздик гардида, ҳар рӯз дар рӯи Замин аз 800 то 900 кӯдаки то 5-сола аз норасоии оби тоза мефавтанд.

Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳанӯз аз соли 1999 саъю ­талошро барои нигоҳдории иқлим, ҳифзи захираҳои оби тоза ва пиряхҳо оғоз намуд. Қобили зикр аст, ки дар асоси ин қатънома якчанд пешниҳодҳои таърихии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла эълон гардидани 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани «Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо», соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ «Оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе».

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст. Инчунин, дар ин қатънома таъкид шудааст, ки гармшавии глобалӣ боиси кам шудани миқдори об ва захираҳои он дар ҳавзаҳо, дарёҳои барфу пиряхдор гардидааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва ба баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Қатъномаи мазкур минбаъд олимон, мутахассисон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳониро муваззаф месозад, ки масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва дар амал татбиқ намоянд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо, хуб дарк мекунанд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дучор намояд.

Қобили қайд аст, ки сарфи назар аз қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Тоҷикистон барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои ҳифз ва нигоҳдорӣ, инчунин, мониторинги доимии пиряхҳои Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2030»-ро қабул карда, оид ба татбиқи он нақша — чорабиниҳои дахлдорро тасдиқ ва амалӣ намуда истодааст.

Ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи моро мебояд, ки дар пайравӣ аз Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи пиряхҳо ва табиати нотакрорамон саҳм гузорад ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани он саъю талош варзад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти башар нигаронида шуда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон дар миқёси сайёра аст. Исботи он аст, ки имрӯз Пешвои миллати тоҷикон ҳамчун наҷотбахши аҳли башар эътироф гардидаанд.

Мавлуда ШОҲИЁН,

сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон