Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Боз як қадам ба самти «Иқтисоди сабз»

№130 (4713) 01.11.2023

ЗокирзодаСозишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» тасдиқ шуд

Якуми ноябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфиддин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа панҷ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

2. Дар бораи Созишномаи сармоя­гузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет ­Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шодиён Муҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммад ШОДИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мутобиқи моддаи 58-и ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи ­12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Дӯстзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, М. Шодиён, З. Файзуллозода, Ғ. Азиззода ва З. Сафарзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, истифодаи истилоҳу ибораҳо, бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудаанд.

Лоиҳаи пешниҳодгардида бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 – уми апрели соли 2023 таҳти №1642 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишавандаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тамоми расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, кумитаи масъул 27 – уми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо такмил дода шуд.

Лоиҳаи пешниҳодгардида ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, амалишавии меъёрҳои он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои доимӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба ҳамаи шумо изҳори сипос менамояд.

Дар доираи талаботи қонунгузорӣ оид ба созишномаҳои сармоягузорӣ «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» таҳия карда шудааст. Татбиқкунандаи лоиҳа Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дорои захираҳои зарурии молиявӣ, технология ва тахассусӣ мебошад. Барои татбиқи лоиҳа сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 10 миллион доллар ҷалб карда мешавад. Лоиҳаи мазкур барои татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаи нақлиёт, муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқиро дар қаламрави кишвар замина мегузорад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2037» мутобиқ мебошад. Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ташаккули низоми видеоназоратӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коркарди маълумоти автоматии маълумотҳо оид ба бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи банди 3.5 Созишнома барои барқарор кардани хароҷоти маблағгузорӣ, сохтмон, нигоҳубин, истифодабарии мунтазами низом ва гирифтани фоида маблағҳои аз ҳисоби ҷамъоварии ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба воситаи низом ба қайд гирифта шудаанд, ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок, ҳаққи истифодабарии нуқтаҳои барқдиҳанда, инчунин манбаъҳои дигари имконпазир, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ташаккул меёбанд, ба тариқи зайл амалӣ карда мешавад:

- зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо: Ҳукумат — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз);

- зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок ва ҷаримаҳо дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои музднок: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз).

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи сармоягузории мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 — уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии лоиҳа татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаи нақлиёт, муҳайё сохтани инфрасохтор барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ, амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе» ва таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард мебошад.

Дар маҷмӯъ, қабули созишнома ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави кориро амалӣ менамояд.

Созишномаи пешниҳодгардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» мутобиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даринг Раҳмон дода мешавад. Марҳамат.

Даринг РАҲМОН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» оид ба амалӣ намудани лоиҳаи мазкур, ки сармоягузор аз сармоягузории худӣ ва ҷалбшаванда амалӣ менамоянд, саривақтӣ буда, барои амалӣ намудани «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мусоидат менамояд. Умуман, дар тамоми давлатҳои тараққикарда чунин консорсиумҳои сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёт нақши калидӣ доранд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоя­гузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррорис­тӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ» дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, мақсад аз таҳияи он гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқи созишномаи мазкур мебошад.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ дар шаҳри Сиан 18 – уми майи соли 2023 ба имзо расида, аз муқаддима ва 22 модда иборат мебошад. Созишнома бо мақсади беҳтаргардонии ҳамкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии мақомоти роҳбарикунанда дар идоракунии сохторҳои махсуси зиддитеррористӣ, сатҳи ҳамкорӣ байни дастаҳои махсуси зиддитеррористӣ, инчунин сатҳи тайёрӣ ва маҳорати амалии тактикии гурӯҳҳои махсуси зиддитеррористии Тарафҳо равона гардидааст. Дар созишномаи мазкур масъалаҳо вобаста ба тартиби гузаронидани тамринҳо, ташкили мақоми муваққатии идоракунии тамринҳо, макон ва вақти гузаронидани он, инчунин, тартиби қабул ва гусели иштирокчиёни тамринҳо муайян гардидааст. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо оид ба татбиқи созишномаи мазкур Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.

Барои омодагӣ ва гузаронидани тамринҳо мақоми муваққатии идоракунии тамринҳо таъсис дода мешавад, ки роҳбар ва яке аз муовинони он аз ҳисоби намояндагони Тарафи қабулкунанда таъин мегарданд. Муовини дуюми роҳбари тамринҳо аз ҳисоби намояндаи Тарафи ирсолкунанда таъин мегардад.

Нисбат ба лоиҳаи созишномаи мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррорис­тӣ, ки 18-уми майи соли 2023 ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Созишнома бо мақсади тақвият ва рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, беҳтаргардонии ҳамкорӣ дар соҳаи тамрини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур мувофиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баррасӣ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи созишномаи зикршударо бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул 11-уми октябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ созишномаи мазкурро муҳокима карда, тасдиқи онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ ба талаботи моддаи 57 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи амният», «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мо муносибатҳои хуби иқтисодӣ дорем. Ҳамкории мо дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ба иқтидори ҳарбии мамлкати мо манфиати хуб меорад. Аз ин рӯ, аз вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳанд.

РАИС: -Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тухмипарварӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Қосимӣ Файзулло дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Қосимӣ, М. Шамсидинзода, Ф. Икромӣ ва З. Гул­аҳмадзода таҳия шудааст, пешниҳод карда мешавад. Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, назорати давлатӣ дар соҳа ва мутобиқгардони қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои 24, 25, 29 ва 31 дар таҳрири нав ва моддаҳои 292,293 ва 311 илова гардида, дар онҳо ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дар самти тухмипарварӣ, назорати давлатӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳа мушаххас карда шудаанд. Тибқи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ва лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонун тамоми расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 35 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аксари онҳо қабул карда шуданд.

Дар асоси хулосаҳо ва пешниҳоди гурӯҳи корӣ ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти тухмипарварӣ дар моддаҳои алоҳида ва санҷиши фаъо­лияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳа дар моддаи нав пешбинӣ карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Носирзода Ҷаббор дода мешавад. Марҳамат.

Ҷаббор НОСИРЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» бо ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммалгардонӣ ва мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур таҳия карда шуда, он 5-уми январи соли 2008 қабул гардида, соли 2015 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда пешбинӣ гардидаанд, иқдоми саривақтӣ мебошад ва ба танзими муносибатҳо дар самти тухмипарварӣ имконият медиҳад. Чунончӣ, тағйироти дар қисми якум, сархати якуми қисми сеюми лоиҳаи қонун пешбинишуда бо мақсади ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» таҳия карда шудааст. Дар қисмҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади якхела ва оммафаҳм муайян намудани меъёрҳои қонун дар моддаҳои дахлдор калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ягона ифода карда шудааст. Тағйироти қисмҳои ҳаштум ва нуҳуми лоиҳаи қонуни мазкур хусусияти таҳририю мутобиқнамоиро доро мебошад.

Дар қисмҳои дувоздаҳум ва сенздаҳуми лоиҳаи қонуни мазкур ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипаварӣ муайян ва танзими меъёрӣ карда шудааст. Дар қисмҳои чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум ва ҳабдаҳуми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади якхела ва мутобиқ ба дигар санадҳои қонунгузорӣ ягона муайян намудани меъёрҳои қонун тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашӯрзода Гулбаҳор дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Гулзода, Б. Ҷабборӣ, Д. Одилзода, Ф. Додхудо, К. Ҳакимова, М. Умарализода ва Ш. Қонунзода бо мақсади мукаммал гардондани қонунгузории соҳаи тандурустӣ, мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳа бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 27 — уми декабри соли 2021 таҳти №988 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 123 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 таклиф қабул, 101 таклиф қисман қабул ва 2 таклиф қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 38-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: -Сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дода мешавад. Марҳамат.

Ғаффор МУҲСИНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод шудааст.

Бо мақсади мукаммал гардонидани Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мутобиқати меъёр ба қонунгузории амалкунанда, аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар кодекси мазкур ва мукаммал намудани меъёрҳо ва мафҳумҳои дар кодекс пешбинишуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: -Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев