Фаъолияти дастаҷамъона — омили амнияту оромӣ дар минтақа

№126 (4709) 20.10.2023

20-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода, Сарвиноз Маҷидзода, Толибхон Азимзода дар кори ҷаласаҳои комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, масъалаҳои мудофиа ва амният, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, масъалаҳои экологӣ ва иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаҳои комиссияи мазкур лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои амалҳои марбут ба барқарорсозии натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар қонунгузории кишварҳои узви СААД, лоиҳаи қонунҳои намунавии СААД «Дар бораи пешгирии истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир», «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», дар бораи рафти кор оид ба тасвиби шартномаҳои байналмилалии баимзорасида дар доираи СААД, лоиҳаи Қонуни намунавии СААД «Дар бораи амнияти инфрасохтори муҳими иттилоотӣ», лоиҳаи Қонуни намунавии СААД «Дар бораи ҳифзи иттилоот ва киберамният», лоиҳаи тавсияҳо оид ба таъмини қонунгузории амнияти биологии кишварҳои узви СААД, лоиҳаи нақшаи кори «Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2024» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои комиссия, ҳамчунин, дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, масъалаҳо «Дар бораи фаъолияти СААД дар давраи байни сессияҳо ва тасвиби шартномаҳои байналмилалие, ки дар доираи СААД баста шудаанд», «Дар бораи натиҷаҳои мониторинги парлумонии вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи Аврупои шарқии амнияти дастаҷамъии СААД»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки маҳз фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон