Идомаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

№105 (4688) 24.08.2023

1212123 август дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё дидан намуданд.

Осорхона дар ҳудуди маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу дар масоҳати 5700 метри мураббаъ ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд.

Дар ин Бозиҳо барои дарёфти 474 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 61 намуди варзиш, ки 45-тои онҳо намудҳои варзиши олимпӣ мебошанд, мусобиқот гузаронида мешаванд.