Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ амри зарурист,

№45 (3525) 05.04.2016

аммо низоми қарзи бонкӣ таҷдиди назар мехоҳад

DSC_0245Якуми апрели соли 2016 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор А­бдуқаҳҳо­р муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020» баррасӣ шуд.

 Раисикунанда: — Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи парламентии имрӯза оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти №383 тасдиқ шудааст, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват шудаанд.

Дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мақоми олии қонунгузори кишвар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа аз ҳарвақта дида, бо Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкории зич ва судманд бояд дошта бошад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати нав касб намудани яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ бо дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат қайд карда шуд. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати мамлакат «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» — ро қабул намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баробари амалӣ гаштани як қатор чорабиниҳои барномаи мазкур, ҳоло ҳам мушкилот дар ин самт ҷой дорад. Масалан, таҳияи механизми қарздиҳӣ ва механизми нави маблағгузории соҳа, ки то соли 2015 ҳалли пурраи худро бояд меёфт.

Ҳамчунин, ҳалли масъалаи нобаробарии андозбандии зироатҳо, таъсиси низоми миллии суғуртаи соҳа, таҳияи механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул, таъсиси Хадамот оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷамоату ноҳияҳо, баланд бардоштани нақши зан дар идоракунии кишоварзӣ, маблағгузории ташкил ва барқароркунии яхдону сардхонаҳо беҳбудиро металабад.

Дар баробари ин, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, тақвият ва ҳалли мушкилоти ҳамкориҳои корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, хусусан пахтакориро қайд кардан зарур аст, ки таваҷҷуҳи бештарро аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тақозо менамояд.

Ҳоло сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ соли охир ду маротиба зиёд шуда, имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад». Ҳамзамон, Президенти мамлакат мавҷудияти «шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурӣ ва истифодаи пурра ва самараноки онҳоро» зарурати воқеӣ дар «таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат» арзёбӣ намуд.

Барои расидан ба ин ҳадафи миллӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»- ро қабул намуд, ки дар он самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини рушди устувори соҳа муайян гардида, татбиқи онҳо ба зиммаи як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ ва сохторҳои марбута гузошта шудааст. Тибқи Барнома Нақша – чорабинӣ иборат аз 22 банд ва 70 номгӯйи тадбирҳо муайян карда шудааст.

Барои татбиқи барномаҳои рушди кишоварзӣ, ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар солҳои 2012-2015, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 73,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст, аз он ҷумла:

- барои тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ 10,5 млн. сомонӣ;

- тадбирҳои эпизоотӣ 8,5 млн. сомонӣ;

- мубориза бар зидди малах ва ҳашароти зараррасон 24,8 млн. сомонӣ;

- хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ 15,0 млн. сомонӣ,

- барои дигар нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ 12,0 млн. сомонӣ.

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ислоҳоти соҳаи  кишоварзӣ тибқи Буҷети давлатии соли 2016 ҷиҳати татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ 18,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои ба тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ 15 млн. сомонӣ ва тадбирҳои эпизоотӣ 2,5 млн. сомонӣ, дигар чорабиниҳои барномаҳои соҳаи кишоварзӣ 1,5 млн. сомонӣ равона карда мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки барои шаш лоиҳаи рушди кишоварзӣ 138,25 млн. доллари ИМА ҷалб карда мешавад. Айни замон якҷоя бо институтҳои байналмилалӣ нуҳ лоиҳа ба маблағи 209,9 млн. доллари ИМА амалӣ гашта истодааст.

Ҳамзамон, таҳлили самтҳои Барнома нишон медиҳад, ки барои иҷрои сифатноки онҳо мушкилоти гуногун ҷой дорад ва дар иртибот ба маълумоти дастрасгардида таъмини иҷрои онҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Ҷорӣ намудани навовариҳои техникӣ, технологияҳои муосир, ташкили меҳнат ва идоракунӣ, ки ба дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам асос ёфтаанд, бо сабаби норасоии захираҳои молиявӣ истеҳсолоти кишоварзии мамлакатро ба маҳдудиятҳо дучор намуданд.

Таназзули базаи моддӣ — техникии соҳа, ҷараёни сусти ташаккулёбии сохтори институтсионалӣ ва нокифоягии мавқеи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар низоми маркетинги кишоварзӣ монеаҳо ба миён овардаанд.

Воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба вуҷуд овардани истеҳсолоти рақобатпазирро талаб менамояд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр намуда, саноатикунонии мамлакатро ҳамчун стратегияи рушди минбаъдаи кишвар, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ.

Аммо заминистифодабарӣ асосан ба меҳнати дастӣ асос ёфта (таъминоти техникии соҳа 40 – 60 фоиз), қувваи меҳнатии соҳаро асосан ташкил додани занҳо (65 фоиз), таъминоти нокифоя бо нуриҳои минералӣ (18 фоиз) барои истифодаи имконияти фаровон ва мусоиди табиӣ, таъмини рақобатпазирии соҳаи кишоварзии мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат намекунад.

Инчунин, масъалаи ҷудо намудани субсидия ва дастгирии молиявӣ (дотатсияҳо), мукаммалгардонии низоми идоракунии поёнии соҳа дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот, раванди муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои калонҳаҷм, якҷояшавии (интеграт­сияи) байни хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва шабакаҳои савдо ҳалли таъхирнопазири худро талаб менамоянд.

Соли 2015 ҳаҷми қарзҳои тибқи низоми нав ба соҳаи кишоварзӣ додашуда 29,6 фоиз коҳиш ёфта, 8,2 фоиз аз ҳаҷми умумии қарзҳои ба иқтисодиёти мамлакат аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашударо ташкил намуд. Дар ҳоле ки талабот ба қарз 1,5-1,8 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Фоизи баланди қарзҳо 22-36 фоиз ва хусусияти муҳлати кӯтоҳ доштани онҳо ба ҳавасмандии хоҷагиҳои деҳқонӣ  барои гирифтани қарз мусоидат намекунанд.  Беш аз 94,5 фоизи маблағгузорӣ дар соҳа аз ҳисоби худи кишоварзон амалӣ мегардад.

Пардохтҳои суғуртавӣ барои ҷуброни оқибатҳои офатҳои табиӣ давоми чор соли амалисозии Барнома наздик ба 2,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла, соли сипаришуда 570 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин ниҳоят кам мебошад. Раванди нокифояи суғуртакунии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бисёр ҳолат сабаби асосии бо суръати паст ташаккул ёфтани низоми миллии суғуртаи соҳа арзёбӣ  мегардад.

Соҳаи кишоварзии мамлакат, ҳамчунин ба низоми андози ҳавасмандкунанда барои бартарафкунии монеаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ниёз дорад. Баъди қабули Барнома бо мақсади сода гардонидани шакли ҳисоботи андозӣ як қатор тағйирот анҷом дода шуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти хоҷагии калонҳаҷми кишоварзӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард. Аммо фарқи маблағҳои андозӣ байни хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм ва хурд то ба 8,5 маротиба расид, ки ба ҷараёни муттаҳидшавӣ ва ташкили иттиҳодияҳои онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол фаъолияти шабакаҳои соҳаҳои тухмипарварию зотпарварӣ талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо тухмии хушсифат ва зотҳои сермаҳсули чорвою паранда таъмин намекунанд. Истифодаи тухмии элита, репродуксияҳои 1 ва 2, саршумори чорвои зотӣ дар саршумори умумӣ солҳои охир танҳо 25-35 фоизро нисбат ба талабот ташкил медиҳад.

Танҳо дар соли 2015 — ум 16550 гектар замини обёришавандаи кишоварзӣ аз гардиш берун монда (3,6 фоиз замини обӣ), ҳолати мелиоративии 35 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахш гардидааст (7 фоиз замини обӣ), ки ба шиддатёбии ҷараёни пастравии ҳосилхезии замин сабаб мегардад.

Солҳои 2012-2015 дар мамлакат аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии  наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  884,2 гектар замини нав аз худ карда шудааст, ки бо дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ талаботро барои васеъ намудани майдони кишти зироатҳо таъмин карда наметавонад.

Инчунин, тезонидани раванди ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин бо роҳи сари вақт ҷорӣ намудани механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул  низ бояд ҳалли саривақтии худро ёбад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 162 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Сатҳи маълумотнокӣ ва малакаи аксарияти роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба талаботи  хоҷагидории самаранок ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамари Маркази иттилоотию машваратии Вазорати кишоварзӣ дар сатҳи миллӣ, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо метавонад барои ҷалби иштироки васеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар институтҳои машваратӣ дар идоракунӣ ва ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ  шароити васеъ фароҳам оварад. Кишоварзӣ дар даҳсолаҳои наздик соҳаи асосии иқтисодиёти кишвар боқӣ мемонад.

Раисикунанда: — Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сатторӣ Иззатулло дода  мешавад.

 Сатторӣ Иззатулло: - Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти замин ва дар ин замина афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 25 июни  соли 1996 таҳти № 522 «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва  ташкилотҳои кишоварзӣ» фармон ба тасвиб расонид, ки  ба зиёд гардидани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот мусоидат намуд.

Бо мурури замон, ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти № 383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» тасдиқ гардид.

Дар раванди татбиқи Барнома дар соли 2015 аз ҷониби вазорат барномаҳои рушди чарогоҳҳо, рушди зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, инчунин, «Оид ба муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳҳо» тарҳрезӣ ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки мақсади асосии Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва устувор гардонидани вазъи молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.

Вобаста ба ин, дар самти рушди зироатҳои сердаромад, рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда вазорат дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Сол аз сол зиёд гардидани майдони боғҳо, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ исботи ин гуфтаҳо мебошад.

Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш чунин арзёбӣ намуданд: «Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27- уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» дар майдони зиёда аз 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд шуда, бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид».

Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, бо пешниҳоди вазорат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016- 2020» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Яке аз афзалиятҳои барномаи қабулгардида ин истифодаи самараноки заминҳои лалмӣ маҳсуб меёбад. Дар асоси барномаи мазкур дар масоҳати 3 ҳазору 363 гектар боғу токзори нав бунёд мегардад, ки 447 гектараш дар талу теппаҳо мебошад.

Дар асоси Барномаи нави рушди соҳа дар майдони 502 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, аз ҷумла интихоби мустақилонаи парвариши намудҳои гуногуни зироатҳо, гузаронидани кишти такрорӣ ва гирифтани ду — се ҳосил аз заминҳои обӣ ба зиёд гардидани теъдоди истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд.

Аз тарафи дигар, набудани қарзҳои имтиёзнок ба кишоварзон вазъияти молиявии онҳоро маҳдуд намуда, фоизи баланди қарзҳо (22 — 36 фоиз), характери кӯтоҳмуҳлат доштани он ва ҳавасманд набудани бахши хусусӣ барои гирифтани қарзҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 50 дарсади маблағгузории истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби сармояҳои худи кишоварзон аст, ин худ исботи дар сатҳи зарурӣ амалӣ  нагардидани низоми дастгирии давлатӣ ва дастрас набудан ба қарзҳои имтиёзноки кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад.

Амалигардонии Барнома ва рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ бе дастгирии молиявӣ ва маблағгузории пайваста ғайриимкон аст. Даст­расии озод ба қарзҳо, ҷиҳати ноил гардидан ба устувории молиявӣ ва ҷорӣ намудани механизми нави маб­лағгузории соҳаи кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Бояд зикр кард, ки суръати ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи  кишоварзӣ аз суръати рафти ислоҳоти соҳавӣ дар маҷмӯъ ақибмонӣ дошта, тезонидани он дигаргунии куллиро тақозо менамояд.

Яке аз омилҳои асосии баланд гардидани даромаднокии хоҷагиҳо аз ҳосилхезии замин вобаста мебошад. Аз сабаби гаронии арзиши нуриҳои органикӣ ва минералӣ қабати ҳосилхезии хок дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад.

Дар шароити имрӯза, кишоварзон бо мушкилиҳои зиёд фаъолияти хоҷагидории худро пеш бурда истодаанд, ки дар чунин ҳолат таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад мушкил мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки новобаста аз буҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ ҷиҳати иҷрои банди 4 — и нақша — чорабиниҳои амалигардонии «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» оид ба таҳияи механизми қарздиҳии имтиёзнок ва рушди кооперативҳои кишоварзии қарздиҳӣ чораҳои иловагӣ андешида шавад. Зеро ин яке аз муҳимтарин ҳадафҳои Барнома буда, амалигардонии бандҳои дигари нақша — чорабиниҳо аз сатҳи иҷрои он вобастагӣ дорад.

Яке аз вазифаҳои дигари Барномаи ислоҳот таъсиси низоми миллии суғуртаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ хатари бознагаштани он вуҷуд дорад.

Сабабҳои асосии бознагаштани қарзҳои бонкӣ аз як тараф, вазъи ногувори молиявӣ ва интизоми ғайриқаноатбахши аксарияти хоҷагиҳои кишоварзӣ бошад, аз тарафи дигар, бо пуррагӣ амалӣ нагардидани суғуртакунонӣ аз офтаҳои табиӣ ва дигар хатарҳо мебошад.

Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» барои коҳиш додани хатар дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифз намудани  истеҳсолкунандагон аз муфлисшавӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият» амал менамоянд.

Вале рафти воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ ғайриқаноатбахш аст ва новобаста ба ин, ҷуброни суғуртавӣ ба зарардидагони соҳаи кишоварзӣ дар чорсолаи охир 2 миллиону 868 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2015- ум 570 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин маблағ барои ҷуброни зарар нокифоя мебошад.

Бештар дар натиҷаи таъсири ҳодисаҳои табиат хоҷагиҳои кишоварзӣ хисороти зиёд дида, аз ин ҳисоб муфлис мешаванд.

Бо дарназардошти чунин ҳолат ва такя ба таҷрибаи давлатҳои рӯ ба инкишоф, ҷиҳати гирифтани кумакҳои молиявӣ дар шакли субсидия ва дар ин асос имконияти суғуртакунонии ҳосили оянда ва чорвою паранда, таҳия намудани низоми суғуртаи соҳаи кишоварзӣ мувофиқи мақсад ҳисобида мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ 161 ҳазору 574 ададро ташкил додааст. Танҳо дар соли 2015 дар доираи ислоҳот 8,3 ҳазор дар вилояти Суғд ва 2,4 ҳазор дар вилояти Хатлон хоҷагии деҳқонии нав ташкил шудааст.

Дар шароти имрӯзаи молиявӣ хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар алоҳидагӣ наметавонанд аз технологияҳои ҳозиразамон истифода намоянд ва даромади бадастовардаи онҳо барои хариди техникаи кишоварзӣ, бунёди роҳ, барқ, беҳтар намудани ҳолати обёрӣ ва шароити дигари зарурии истеҳсолӣ имкон намедиҳад.

Бинобар ин, бо мақсади беҳтаркунии шакли идоракунии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва  мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии онҳо соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои қабули он шароити муътадил барои ихтиёран муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурд ба кооперативҳо ва ба вуҷуд овардани имконияти рушди пайвастаи хоҷагиҳо мебошад,

Зикр намудан зарур аст, ки тибқи маълумоти оморӣ теъдоди хоҷагиҳои кооперативӣ вақтҳои охир тамоюли камшавӣ дорад. Сабаби чунин тамоюл андозбандии шакли ташкилии онҳо маҳсуб меёбад, ки дар ҳисобкунии андозҳо вобаста ба шакли ташкили ҳуқуқӣ байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ уҳдадории андозӣ то 8,5 маротиба фарқ дорад.

Бо ин сабаб, аксари истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ шакли ҳуқуқии «Кооперативҳои истеҳсолӣ»- ро қатъ ва шакли ҳуқуқии «Хоҷагии деҳқонӣ» — ро интихоб намуда истодаанд.

Бо мақсади ба вуҷуд овардани имконияти рушди молиявию техникӣ ва ҳавасманд намудани хоҷагиҳо барои муттаҳидшавӣ зарур аст, ки андозбандии кооперативҳои истеҳсолӣ ба андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ баробар карда шавад.

Бояд қайд кард, ки як кооператив вобаста аз фаъолнокӣ ва таваҷҷуҳи субектҳои хоҷагидор метавонад теъдоди зиёди хоҷагиҳоро муттаҳид созад.

Таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки кооперативи дар натиҷаи муттаҳидшавии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсисёфта дорои корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот, заводи хурди истеҳсоли нуриҳои минералӣ буда, таъмини хоҷагиҳоро бо тамоми воситаҳои истеҳсолӣ ба уҳда дорад.

Аз ҳама муҳимаш, онҳо ҳавасмандии хоҷагиҳоро бо роҳи хариди кафолатноки маҳсулоти истеҳсолнамудаашон ҷорӣ намуда, имконият доранд, ки аз ҳисоби пасандозҳои аъзои худ дигар соҳаҳоро низ бо фоизҳои паст маблағгузорӣ намоянд.

Яъне, фаъолияти кооператив ҳам ба корҳои истеҳсолӣ, бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам ба сармоягузорӣ равона аст ва деҳқонон ба даст­рас намудани воситаҳои истеҳсолӣ банд нашуда, танҳо ба парвариши зироатҳо машғул мегарданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ чор лоиҳаи инвеститсионӣ ба тариқи  се Маркази идоракунии лоиҳаҳо бо дастгирии шарикони рушд ба маблағи умумии 59,9 млн. доллари ИМА фаъолият намуда истодааст, ки саҳми онҳо барои рушди бахши хусусӣ назаррас мебошад.

Чӣ тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар ташкили истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби сармояҳои худӣ фаъол будани ҷомеа ҷолиби қайд ва дастгирии ҳаматарафа аст.

Раисикунанда: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷонмамадова Меҳринамо дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: - Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз қабули «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати молия баҳри рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва ҷиҳати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2012 — 2015» аз ҳисоби сарчашмаҳои Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 1,4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. Аз ин ҳисоб, барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 73,8 млн.сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2016 бо ин мақсад аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 430,2 млн. сомонӣ ва аз ин ҳисоб барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ 18,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузории он таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, бо мақсади дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дар доираи татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012- 2020» дар Кодекси андоз ва қонунгузориҳои ҳар сол оид ба Буҷети давлатӣ имтиёзҳои зиёди андозӣ дар шакли озодкунӣ аз пардохти андозҳо пешбинӣ гардидааст.

1. Муқаррар намудани низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) барои хоҷагиҳои кишоварзӣ. Тибқи низоми мазкур супорандагони андози ягона аз пардохти андозҳои зерин озод мебошанд:

– андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд);

- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо ба мақомоти гумрук пардохта мешаванд;

- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

- андози замин;

- аъзои хоҷагии деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияткунанда, ки супорандаи андози ягона мебошанд, аз пардохти андози даромад аз даромадҳои вобаста ба фаъолияти кишоварзӣ бадаст­овардаашон озод мебошанд;

- дар давоми панҷ соли тақвимӣ андозсупорандагоне, ки дар заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва дигар заминҳое, ки қаблан дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашудаанд ва дар онҳо боғҳо ва токзорҳо бунёд менамоянд, инчунин фаъолияти кишоварзии худро дар заминҳои вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) ва заминҳои дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарордошта оғоз менамоянд, аз пардохти андози ягона озод мебошанд;

2. Ҷиҳати дастгирии давлатии рушди соҳаи парандапарварӣ дар Кодекси андоз дар таҳрири нав низоми махсуси имтиёзноки андозбандӣ дохил гардидааст, ки тибқи он хоҷагиҳои парандапарварӣ ва корхонаҳое, ки бо истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА фаъо­лият менамоянд, ба муҳлати 12 сол аз пардохти панҷ андоз (андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз молу мулки ғайриманқул ва пардохт­ҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти мол) озод мебошанд.

3. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаи кишоварзӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ аз соли 2008 то инҷониб ҳар сол дар қонунгузорӣ оид ба Буҷети давлатӣ воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли ин ҷамъият аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.

Инчунин, дар давоми ду сол (солҳои 2013 ва 2015) воридоти чорвои хушзот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.

4. Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андоз таҳвили воситаҳои асосӣ дар доираи иҷораи молиявӣ (лизингӣ), ҳамчун амалиёти хизматрасониҳои молиявӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.

Инчунин, тибқи ҳамин модда воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд ва номгӯйи онҳо, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 2 марти соли 2013 таҳти № 93 тасдиқ гардидааст, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №302 «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» қарзҳои кредитории то 1 январи соли 2014 бавуҷудомадаи корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 303,2 млн. сомонӣ (аз ҷумла дар назди буҷет аз ҳисоби андозҳо – 60,5 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби истифодабарии қувваи барқ – 242,7 млн. сомонӣ) ва қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 275,8 млн. сомонӣ (аз ҷумла дар назди буҷет аз ҳисоби андозҳо – 43,4 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби истифодабарии об – 232,4 млн. сомонӣ) аз эътибор соқит карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар солҳои 2008 — 2012 аз ҳисоби депозити Буҷети давлатӣ тавассути низоми бонкии кишвар ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 565 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок равона карда шудааст.

Аз соли 2015 Вазорати молия татбиқи қисмати II.А-и Лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» — ро амалӣ намуда истодааст.

Дар доираи ин қисмати лоиҳа Вазорати молия тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ хатти қарзӣ кушода, қарзҳои имтиёзнокро барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонӣ пешниҳод менамояд.

Доир ба ин масъала аз тарафи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакилон Саид­ҷаъфар Усмонзода, Ҷамшед Саидов, Баҳром Абдуалимов, Олимҷон Бобоев, Пулод Муҳиддиниён, Қиёмиддин Миралиён, Ориф Ҳакимов, Абдуҳалим Ғаффоров, Ҷаббор Ахмедов, Толибек Бухориев, Мавзуна Шарофиддинова саволҳо дода шуданд, ки масъ­улини вазорату кумитаҳои марбута посух гардонданд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур вакилони зерин иштирок намуда, фикру дархост пешниҳод карданд:

РАҲМОНЗОДА Абдуғаффор Азиз:

- Рушди соҳаи мазкур барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар ин давра, бо ин мақсад чанд қонуни нав қабул гардид ва қисмати муайяни қонунҳо такмил дода шуданд. Вале дар самти мазкур барои боз ҳам такмил додани асосҳои ҳуқуқии рушди кишоварзӣ бояд вазорату идораҳои марбута ҳавасманд бошанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои дар соҳаи кишоварзӣ рушдёфта, санадҳои нави меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили қонунҳои амалкунанда таклифҳои худро тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.

Дар самти ислоҳоти кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

Дар баробари ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти мазкур ҳанӯз мушкилиҳо ҷой доранд ва итминони комил дорам, ки дар ҳолати пурра маблағгузорӣ гардидани «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ин мушкилиҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Бо мақсади ноил гардидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ пешниҳод менамояд:

1. Мониторинг ва арзёбии тат­биқи тамоми бандҳои Барнома аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ зери назорат гирифта, ҷиҳати такмили асосҳои ҳуқуқии рушди соҳа таклифҳои зарурӣ ба Кумитаи масъул ирсол карда шавад.

2. Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» чораҷӯйӣ карда шавад.

3. Тақсимоти пурраи замин ба саҳмдорон ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.

4. Ҷиҳати рушди индустриалии кишоварзӣ, бахусус корхонаҳои истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра чораҳои зарурӣ андешида шавад.

5. Хоҷагиҳои бо ном тухмипарварӣ зери таҳлили Вазорати кишоварзӣ қарор дода шуда, доир ба фаъолияти самараноки онҳо чораҷӯйӣ карда шавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Доир ба татбиқи Барномаи мазкур чанд пешниҳод дорам: Харитаи роҳ оид ба гузаштан аз идоракунии соҳавӣ ба идоракунии функсионалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад. Аз ин рӯ, таклиф дорам, ки он ба банди 1-уми лоиҳаи тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ илова гардад.

Ду усули обёрӣ амалӣ мешавад: минтақавӣ ва ҳавзавӣ.Усули ҳавзавии идоракунии об аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва фоидаовар мебошад. Хуб мешуд, ташкили воҳиди давлатӣ доир ба ин масъала ба банди 5-уми лоиҳаи тавсияҳои парлумонӣ илова шавад.

Ба банди 1-уми лоиҳаи тавсияҳои парламентӣ ду банд илова шавад: дастгирии Маркази такмили ихтисоси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таъсиси марказҳои омӯзишии мутахассисон дар ноҳияҳо.  

Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Оид ба масъалаи мазкур чунин пешниҳод дорам:

1. Дар маблағи умумии пардохти андозҳо ҳиссаи андози ягонаи замин 1,1 фоиз, ё наздик ба 90 млн. сомониро ташкил мекунад. Масъалаи давоми 3 ё то 5 сол аз андоз озод намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти андози ягона ва ин маблағро ҳамчун дастгирии давлатии соҳа дар қисми ҳам даромад ва ҳам хароҷоти Буҷети давлатӣ истифода кардан мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

2. Обёрии зироатҳои кишоварзӣ бештар аз фаъолияти мураттаби пойгоҳҳои обкашӣ вобастагӣ дорад. Дар аксар ноҳияҳо барои обёрӣ ин пойгоҳҳо аз 2 то 5 зина баланд бардошта мешавад. Ҳамзамон, ба 1 мукааб об сарфаи неруи барқ то 2-5 маротиба меафзояд, ки сабаби қарздоршавии ташкилотҳои Агентии давлатии обёрӣ ва беҳдошти замин аз ҳисоби барқ мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи маблағҳои сарфи неруи барқ дар буҷет ҳамчун маблағҳои дастгирии соҳаи кишоварзӣ таҷдиди назар карда шавад.

3. Ба Шабакаи тухмипарварӣ 64 хоҷагии кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо тухмии аълосифат таъмин карда наметавонанд. Лозим аст, ки масъалаи ҳавасмандкунии онҳо бо  воситаи додани имтиёзҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қайд кардан бамаврид аст, ки захираҳои бозори истеъмолии кишвар асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул меёбад ва таъсири мусбати ин равандро дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва нисбатан устувор нигоҳ доштани нархи маҳсулот мо мушоҳида карда истодаем.

Президенти мамлакат бо изҳори сипос аз кишоварзони мамлакат барои заҳмати соф­дилона ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ қайд намуданд, ки «мо шароити мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурӣ дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем».

Дар иртибот ба ин, бояд тамоми монеаҳои мавҷуда аз байн бардошта ва барои рушди соҳа чораҳои  муассир андешида шаванд.

Итминони комил дорем, ки фаъолияти минбаъдаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба амалӣ намудани нақшаҳои Барнома, пурра, самаранок ва дар муҳлатҳои муайяншуда татбиқ мегарданд.

Аз рӯи ин масъала қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул карда шуд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои  мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ