ИТТИЛОИЯ

№93 (4199) 04.08.2020

Дар бораи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 5 августи соли 2020, соати 09-00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 августи соли 2020 аз соати 08-00 то 17-00 ва 5 авгус­ти соли 2020 аз соати 07-00 то 08-00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, шуъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47.

***

Дар бораи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон даъвати шашум

Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 августи соли 2020, соати 09-00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2020 аз соати 08-00 то 17-00 ва 6 августи соли 2020 аз соати 07-00 то 08-00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35.