Корхонаи истеҳсоли гугирд бунёд мегардад

№ 19.01.2024

БОХТАР СУЛСоли 2024 дар шаҳри Бохтар бунёди 62 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Корхонаи истеҳсоли гугирд, навсозии варзишгоҳи марказӣ, комплекси биноҳои баландошёна бо назардошти боғчаҳои кӯдаконаю марказҳои хизматрасонӣ, бозсозии теппаи таърихии «Қӯрғон» ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақамҳои 6 ва 8 аз ҷумлаи иншоотест, ки давоми сол бояд сохта шаванд.

Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода изҳор кард, аз 62 иншоот се ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бунёди 270 иншооти гуногунтаъйинот ба нақша гирифта шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»