Омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№37 (3338) 13.03.2015

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2015 таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як ҳавзаи интихоботӣ таъсис ёфта, ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот иборат аз 11 нафар тасдиқ гардидааст.

- Алҳол аз ҷониби комиссияи ҳавзавӣ рӯйхати вакилони интихобкунанда тартиб дода шудааст. Мувофиқи моддаи 32-юми қонуни зикргардида пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз даҳ рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон оғоз ёфта, ҳафт рӯз пештар аз интихоботи Маҷлиси миллӣ анҷом меёбад,- гуфт дар суҳбат раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии «Суғд -2» Ғафурҷон Зоиров.

Бино ба гуфтаи мавсуф, дар иҷлосияҳои аввалини Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Суғд аз 12-ум то 14 март тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» панҷ нафар номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилоятии «Суғд-2» тариқи овоздиҳии пинҳонӣ пешбарӣ хоҳанд шуд.

-Зимнан, мувофиқи муқаррароти моддаи 32-юми қонуни номбаршуда якчанд мақомоти намояндагии маҳаллӣ метавонанд як номзадро пешбарӣ намоянд. Барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ омодагӣ идома дорад,- иброз дошт Ғафурҷон Зоиров.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»