РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбон Убайдулло Абдулло дода мешавад.
ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: -Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 15 июли соли 2004 амал менамояд.
Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии меъёрҳои он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва инчунин иҷрои талаботи банди 9-уми Нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён намуда буданд (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013 таҳти № 264 тасдиқ шудааст), иборат мебошад.
Дар ин замина ба моддаҳои 3,4,9,14,21,28 ва 29-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Тағйироти моддаҳои 3 ва 4 ҷиҳати пурра намудани мақсаду принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод гаштаанд.
Тибқи тағйирот, дар моддаи 9 минбаъд ҳамоҳангсозии фаъолияти волонтёрӣ дар тамоми вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон вогузор карда мешавад.
Мутобиқи иловае, ки дар моддаи 21 ворид гардидааст, минбаъд ба соҳибкорӣ машғул будани ҷавонон низ барои дастгирии иқтисодию иҷтимоии давлатии ҷавонон асос шуда метавонад.
Тибқи тағйирот, дар моддаи 29-уми қонуни амалкунанда барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи миллӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муқаррар гардидааст. Таъсиси ин ниҳод дар сатҳи миллӣ метавонад ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки ҳамчун стратегияи давлатӣ муқаррар шудааст, такони ҷиддӣ бахшад.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонун ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдулло.
ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» аз 28 декабри соли 2005 амал менамояд.
Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ ва иҷрои тавсияҳои «Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ)», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» аз 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 ва иҷрои банди 4.1 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти рақами №97 тасдиқ гардидааст, иборат мебошад.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 11 ва 13 қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи муносибатҳо дар бораи «уҳдадориҳои Фонд» ва «сирри тиҷоратӣ» мебошанд, иловаҳо ворид карда шудааст, ки мувофиқи он фондҳои ғайридавлатии нафақа вазифадор гардидаанд, ки оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори «муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» маълумот пешниҳод намуда, ҳамзамон нигоҳдошти нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, пас аз анҷоми муносибати корӣ то муҳлати на камтар аз панҷ сол таъмин намоянд. Минбаъд пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ваколатдори болозикр, тибқи тағйирот дар моддаи 13 ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда маҳсуб намеёбад.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади такмил ва бартараф намудани мухолифатҳои дохилии қонун, мутобиқати он бо меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Тибқи қонуни конститутсионии мазкур, тағйиру иловаҳо ба ҳафт моддаи қонуни амалкунанда ворид гардидаанд. Аз ҷумла тағйирот ба моддаи 10 оид ба ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ба моддаи 12 оид ба ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва шакли бюллетенҳо, ба моддаҳои 30,40,41,42 дар бораи тартиби овоздиҳӣ, аз ҷониби интихобкунандагон пур кардани бюллетенҳои интихобот мушаххас гардид. Инчунин доираи шахсоне, ки дар як вақт вакили Маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ буда наметавонанд, аниқ муайян карда шудааст. Чунончӣ, моддаи 26 қонуни конститутсионии амалкунанда, яъне «Талабот аз номзадҳо ба вакилӣ» ба мафҳумҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ» мутобиқ карда шуд. Хусусан қисми дуюми ҳамин модда дар таҳрири зайл омадааст:
«Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, роҳбарони сохторҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар як вақт вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд ва ба шарте ҳамчун номзад ба қайд гирифта мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми вакил интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд».
Ба қонуни амалкунанда як зумра тағйироту иловаҳои дигар ворид карда шудаанд, ки хусусияти таҳрирӣ ва муайянкунанда дошта, матни онро возеҳу мукаммал гардонидаанд.
Кумита ба қонуни конститутсионии мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мебошад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Саидмурод Иброҳим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадраҳим Каримов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2014 қабул намудааст, баррасӣ кард.
Қонуни мазкур бо мақсади мувофиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин ислоҳи камбудиҳои дорои хусусиятҳои техникӣ, имлоӣ ва забонӣ таҳия ва қабул шудааст.
Дар маҷмӯъ, ба қонуни амалкунанда 25 тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, ки матни онро аз ҷиҳати таҳририю услубӣ возеҳу дақиқ ва мукаммал намудаанд.
Масалан, қисми нуҳуми моддаи 5 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки тибқи он ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад.
Инчунин матни моддаи 16 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мувофиқи он ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ, манъ карда шудааст.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
РАҲИМӢ Фарҳод: Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Холов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» бо мақсади мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи сирри давлатӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ба қонун як тағйирот – сархати сенздаҳум, ки ба иттилооти махфӣ мансуб мебошад, дар таҳрири нав илова шудааст: «-иттилооти махфӣ — маълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинӣ гардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;».
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд» пешниҳод карда мешавад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент» таҳти №562 аз 2 сентябри соли 2014 ва «Оид ба тағйир додани номи деҳаи ноҳияи Ашт» таҳти №563 аз 2 сентябри соли 2014 дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Тибқи пешниҳодоти мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Хирсхона ба деҳаи Ганҷи ниҳони деҳоти «Косатарош», деҳаи Қӯштеппа ба деҳаи Наврӯзтеппаи деҳоти ба номи Халифа Ҳасан, деҳаи Қиёқлӣ ба деҳаи Ҳафтрӯди деҳоти «Шинг»-и шаҳри Панҷакент ва деҳаи Бобоқир ба деҳаи Бобохайри деҳоти «Ашт»-и ноҳияи Ашт тағйир дода шаванд.
Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар шаҳри Панҷакент номи се деҳа ва дар ноҳияи Ашт номи як деҳа тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳодот доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, Маҷлисҳои ҷамоатҳо, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Панҷакент, ноҳияи Ашт ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, бо дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳодоти мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон» ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.
РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод» таҳти №685 аз 31 октябри соли 2014, «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Қубодиён» таҳти №686 аз 31 октябри соли 2014 ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Бохтар» таҳти №687 аз 31 октябри соли 2014 дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Тибқи пешниҳодоти мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Навбулоқ ба деҳаи Раҳмонободи деҳоти «Чагам»-и ноҳияи Шӯрообод, деҳаи Шох-2 ба деҳаи Намунаи деҳоти «Навобод», деҳаи ба номи Дмитров ба деҳаи ба номи Хайрулло Файзуллоеви деҳоти «Тахти Сангин», деҳаи ба номи Фрунзе ба деҳаи Навбаҳори деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Қубодиён, деҳаи ба номи Фрунзе ба деҳаи Обшорони деҳоти «Заргар», деҳаи Посёлкаи нав ба деҳаи Файзободи деҳоти «Заргар», деҳаи Бирлик ба деҳаи Чорбоғи деҳоти «Заргар» ва деҳаи ба номи Будённий ба деҳаи Сароби деҳоти «Ориён»-и ноҳияи Бохтар тағйир дода шаванд.
Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Шӯрообод номи як деҳа, дар ноҳияи Қубодиён номи се деҳа ва дар ноҳияи Бохтар номи чор деҳа тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин деҳаҳо мебошад.
Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, бо дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.
Маводи зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳодоти мазкурро қобили дастгирӣ мешуморад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев У.З.» пешниҳод карда мешавад. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад. Марҳамат.
Ҷумъа ДАВЛАТОВ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат мекунад:
«Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодро дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев Улуғбек Зиядиллоевич бинобар вафоташ, ирсол менамоям».
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев У.З.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исроилов Ҷ.» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъа Муҳмадалиевич.
Ҷумъа Давлатов пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат мекунад:
«Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исроилов Ҷ. бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, ирсол менамоям».
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исроилов Ҷ.» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Раиси Котибот гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия ва баррасӣ намудани масъалаҳо ягон таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо ва аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаашон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯям!
Бо ҳамин Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ