Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда тақозои замон аст

№138-139 (3284-3285) 22.11.2014

DSC_0393

Бистуми ноябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати чорум баргузор гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат. Ҳоло дар толор 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири ҶумҳурииТоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст,ки Котиботи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст, ки тибқи он, раиси Котибот Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, аъзои Котибот Сатториён Матлубахон Амонзода ва Худоёров Худоёр Завқибекович пешниҳод шудаанд.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред? Тибқи пешниҳодатон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз-номаи Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

11.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»

12.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»

14.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»

15.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

16.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ»

18.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

19.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»

20.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»

21.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

22.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул»

23.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»

24.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

25.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

26.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

27.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

28.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

29.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»

30.    Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

31.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

32.    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»

33.    Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд»

34.    Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани  номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон»

35.    Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоев У.З.»

36.    Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бозхонд намудани Исроилов Ҷ.».

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур  аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба муқаррароти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххас намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ иборат мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба қисми 2 моддаи 89- уми Кодекс, қарорҳо оид ба парвандаҳои оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ низ  барои суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ танҳо оид ба масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ буда, набояд пешакӣ гунаҳгорӣ ё бегуноҳии судшавандаро ҳал намояд.

Бо мақсади пурратар намудани меъёрҳои вобаста ба тартиби шинос кардани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, пешгирии ошкоршавии маводҳои дорои сирри махфидошта ҳангоми муҳокимаи судӣ ва ҳамзамон тартиби супоридани нусхаи ҳукм бо парвандаҳои ҷиноятие, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ мешаванд,  иловаҳо ба қисми 2 моддаи 241 ва қисми 3 моддаи 350 ворид карда шудаанд.

Ба моддаи 348 қисми 3 илова шудааст, ки тибқи он ҳангоми эълон кардани қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукми дар муҳокимаи пӯшидаи судӣ қабулкардашуда, раисикунанда бояд ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ тартиби бо матни пурраи он шинос шуданро фаҳмонад.

Қисми 6 моддаи 408 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он қарори судя оид ба амалҳо вобаста ба баррасии эътироз ё шикояти назоратӣ минбаъд бояд ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шуда, нусхаи он ба шахси эътироз ва шикоятоварда равона карда мешавад.

Моддаи 479 Кодекс бо риояи  меъёрҳои байналмилалӣ мукаммал гардонида шуда, ба ин модда сархати чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он агар барои дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад, он гоҳ супоридани шахс рад карда мешавад.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз,  аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.  Сухан ба Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур ба тобеияти суд вогузор намудани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулода, паҳн кардани овозаҳои иғвогарона ва вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ дар шароити вазъияти фавқулода мебошад. Ҳамчунин қисми 2 моддаи 121 Кодекс дар таҳрири нав таҳия гашта, тибқи он доираи субъектони баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз васеъ гардидааст.

Айни ҳол, роҳбарони нозироти андозсупорандагони калон, нозироти андозсупорандагони миёна ва муовинони онҳо, роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, сардорони шуъбаҳои нозироти андозсупорандагони калон ва нозироти андозсупорандагони миёна дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо низ ҳуқуқи  баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пайдо менамоянд.

Қонуни зикргардида ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Дар иртибот ба ин гуфтаҳо, кумита нисбати қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқгардонии меъёрҳои он бо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо Кодекси андоз ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунҳо иборат мебошад.

Тағйироту иловаҳои ба моддаҳои 3, 5, 18, 19, 23, 24, 25, 28, 30, 31, 33, 35- уми ин қонун хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номутобиқатии меъёрҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Илова намудани сархати 9 ба моддаи 19 қонуни номбурда ба вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ вобаста буда, муқаррар намудани воҳиди илмӣ-ташхисии дахлдорро дар назар дорад.

Қонуни зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамин тавр, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои қонун иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба сархат ва қисмҳои дахлдори моддаҳои 1, 6, 9, 12, 14, 17, 18, 19, 20, 25 калимаҳо ва аломатҳо мувофиқан иваз ё илова ва дар моддаҳои 9 ва 12 мутобиқан қисми 3 ва сархати 6 дар таҳрири нав баён карда шудаанд.

Моддаи 15-уми қонун дар таҳрири нав баён гардидааст, ки аз рӯи он ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, доир ба таъмини амнияти миллӣ васеъ шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули он аз мукаммалгардонии қонуни зикршуда иборат буда, тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алоқаманд, пешбинӣ мегардад. Аз рӯи иловаи қисми 5 моддаи 172 қонун муайян кардани тартиби зикршуда ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Ҳамин тавр, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун тағйирот ворид карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур вобаста ба воқеияти реалӣ мушаххас намудани ҳуқуқҳои кормандони милитсия бобати истифодаи силоҳи оташфишон нисбати шахсоне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят аз  моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд ё предметҳое, ки барои истифода бурдан ба сифати силоҳ мувофиқ карда шудаанд, истифода мебаранд, иборат аст. Аз ин рӯ, ба сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми дуюм ва қисми чоруми моддаи 15 қонуни амалкунанда иловаҳои зикргардида ворид карда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Ҳамин тавр, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули он аз мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила бартараф намудани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонуни мазкур иборат мебошад.

Аз рӯи тағйироти воридшудаи сархати шашуми моддаи 5- уми қонун, самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мукаммал гардидааст. Тибқи ин тағйирот, контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда, маводи ядроӣ ва радиоактивӣ низ яке аз самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона маҳсуб меёбад.

Инчунин сархатҳои сеюму чоруми моддаи 6 бо муқаррароти сархати шашуми моддаи 5 мутобиқ карда шуда, ҳамзамон ба таври иловагӣ аз байн бурдани ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда ҳамчун чораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона эътироф шудааст.

Тағйирот ба моддаҳои 12 ва 15- уми қонун хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқгардонӣ доранд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин рӯ, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  29 октябри соли 2014 қабул намудааст. Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонуни зикргардида  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин рӯ, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»- ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули он аз мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат мебошад.

Ин қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»- ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Дар моддаҳои 9 ва 37- уми қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Дар робита ба ин, ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар қисми 1 моддаи 5, сархатҳои бисту якум ва бисту дуюми моддаи 19 ва қисми се моддаи 29 тағйирот ворид карда шудаанд.

Қонуни зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» -ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Бо ин мақсад ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар моддаи 2- юми қонун (Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)) дар таҳрири нав баён ва дар зербанди в) қисми якум ва қисми чоруми моддаи 7, қисми  дуюми моддаи 19 калимаи «яроқ»  ба калимаи «силоҳ»  иваз карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули ҳамин қонун аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Бо ин мақсад ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори Қонун  калимаҳои «яроқу»,«яроқи», «амволи», «амволеро», «АМВОЛИ» ва «Амволи» мувофиқан ба калимаҳои «силоҳу», «силоҳи», «молу мулки», «молу мулкеро», «МОЛУ МУЛКИ» ва «Молу мулки»  иваз ва моддаи 28-уми қонун (Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур) дар таҳрири нав баён карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дорад.

Бо ин мақсад ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун  калимаҳои «инженерию», «яроқ», «Яроқ», «яроқро», «Яроқу», «яроқу», «амволи», «амвол» мувофиқан    ба калимаҳои «муҳандисию», «силоҳ», «Силоҳ», «силоҳро», «Силоҳу», «силоҳу», «молу мулки» ва «молу мулк»  иваз карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Қонуни зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати ин қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ин қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати қонуни зикршуда эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ  иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати истифодаи  якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун тағйирот ворид карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати қонуни зикршуда эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалсозии қонун ва мутобиқ гардонидани меъёрҳои он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ иборат буда, хусусияти таҳрирӣ дошта, ҷиҳати истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар дар моддаҳои дахлдори қонун тағйирот ворид карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита нисбати қонуни зикршуда эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, муҳтарам Тағозода Саидмурод Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда, инчунин ҷиҳати иҷрои банди 5-уми «Нақша-чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» (Гурӯҳи Евроосиёии татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул), тақвияти низоми миллии муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм қабул гардида, имконият медиҳад, ки минбаъд низоми маълумотдиҳии ташкилотҳои ломбардӣ, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ, таври лозима гузаронида шавад.

Мутобиқи қонуни мазкур, ба қисми 3 моддаи 9 сархати нави сеюм илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд гаравхона ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок, ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт ва (ё) маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро пешниҳод менамояд.

Ҳамчунин ба моддаи 10 қисми нави 5 илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ, чиптаи гарав мутобиқи тартиби ба расмиятдаровардашуда, бояд на камтар аз панҷ сол нигоҳ дошта шавад.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мебошад. Марҳамат, Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон С.Холов, А.Иномов ва Д.Ҷабборов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз гардида, номи моддаи 15, ки «Сабти ташкилотҳои қарзӣ» номгузорӣ шуда буд, дар таҳрири нав ифода ёфта, «Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ» номгузорӣ шудааст.

Илова бар ин, ҷиҳати мушаххасгардонӣ дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 29 ва қисми 2 моддаи 42-юми қонуни амалкунанда калимаҳои «ва ғайра» ба калимаҳои «ва хавфҳои дигар», калимаҳои «ҳаракати маблағҳои пулӣ» ба калимаҳои «гардиши пулӣ» иваз карда шудаанд.

Ҷиҳати мутобиқгардонӣ дар қисми 6 моддаи 48 калимаҳои «агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад» ба калимаҳои «ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур» иваз карда шудааст.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд. Кумита дар ҷаласаи худ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро зарур ва саривақтӣ меҳисобад ва ба он эрод надорад. Хоҳишмандем, ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» мебошад. Марҳамат, Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон С. Раҷабов, А. Расулов, Т. Самадов ва Ш. Сироҷов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Бо мақсади мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда калимаҳои «амвол», «амволи», «амволе» ва «амволеро» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулк», «молу мулки», «молу мулке» ва «молу мулкеро» иваз карда шудааст.

Инчунин дар сархати шашуми моддаи 1-уми қонуни амалкунанда калимаи «муомила» ба калимаҳои «бастани аҳд», дар қисми 1 моддаи 3 калимаҳои «гаравгузорон ва нигоҳдорандагони гарав» ба калимаҳои «гаравдеҳон ва гаравгирон» ва дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои «асосноки нигоҳдошт, ки» ба калимаи «асоснок» иваз карда шудааст.

Бо мақсади саҳеҳу мукаммал, сода ва оммафаҳм кардан дар қисми 1 моддаи 29 калимаҳои «Нафъи амволи предмети гарави додашуда (заклад)» ба калимаҳои «Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада» иваз гардида, қисми 7 моддаи 7-уми қонуни амалкунанда, ки ба тафсири предмети гарав бахшида шудааст, дар таҳрири нав баён гардидааст.

Ҳамчунин бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории кишвар ба қисми 2 моддаи 32 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» илова карда шудааст.

Дар боби 9-уми қонуни амалкунанда моддаи нави 591 илова карда шудааст, ки мутобиқи он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ минбаъд барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо дарназардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» шурӯъ менамоем. Марҳамат,  Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим : -Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ду модда иборат мебошад.

Тибқи моддаи 1-уми он ба моддаи 19 қонуни амалкунанда қисми нави 7 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, уҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.

Моддаи 2 мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: -Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад.Марҳамат, Саидмурод Иброҳим.

ТАҒОЗОДА Саидмурод Иброҳим: — Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда қабул гардида, тибқи он ба моддаи 17-уми қонуни амалкунанда сархати нави сию сеюм илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба назорати содиротии маҳсулоти таъинотии дуҳадафа доштани иҷозатнома ҳатмист.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии  рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» шурӯъ менамоем.  Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан ва мукаммал сохтани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур, ба моддаи 6-уми қонуни амалкунанда сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии  рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Давлатшоҳ Қурбоналӣ.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ :- Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Аз ҷумла бо ин мақсад дар қисми 2 моддаи 22-юми қонуни амалкунанда калимаҳои «муқарраргардидаи Қонун» ба калимаҳои «муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар қисми 3 моддаи 49 калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:-Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад. Марҳамат, Давлатшоҳ Қурбоналӣ.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: -Муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2014 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додану мукаммал сохтани қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» қабул гардидааст.

Бо ин мақсад сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 69- уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки мутобиқи он нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо худ силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои махсус гиранд, нигоҳ доранд ва истифода намоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

 (Идома дар шумораи оянда)

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ