Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

ҚАБУЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ» ДАР ТАҲРИРИ НАВ

№75 (3555) 10.06.2016

DSC_06579 июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: - Тавре огаҳӣ доред, 8 июни соли 2016 соати 4 — и бегоҳ Қаҳҳор Маҳкамов, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Ӯ 16 апрели соли 1932 дар Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинградро хатм намуда, ба Тоҷикистон бармегардад. Ҷавони донишманду болаёқат буд. Аз устои одӣ то роҳбари  муассисаи кони ангишти Шӯроб кор кард. Дар синни 25 раиси Комиҷро­ияи шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Соли 1963 дар синни 31 раиси Комитети давлатии банақшагирии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Раиси Шӯрои вазирони ҶШСТ таъин шуда, дар ин вазифа 19 сол фаъолият кард.

Солҳои 1982 — 1986 вазифаи Раиси Шӯрои вазирони ҶШСТ — ро бар уҳда дошт.

Баъд аз он то соли 1991 Котиби якуми Кумитаи  Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Моҳи апрели соли 1990 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз 30 – юми ноябри хамон сол дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ Президенти Тоҷикистон интихоб мешавад.

Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 2000- ум ҳамчун Президенти собиқ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ дар ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъо­лона иштирок мекард. Вазифаи раиси Кумитаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумониро ба уҳда дошт.

Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳор Маҳкамов дар таҳияву қабули лоиҳаи қонунҳо саҳм дошт.

Тӯли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ бо Қаҳҳор Маҳкамов ҳамкорӣ доштам. Ӯ шахси дар зиндагӣ хоксору поквиҷдон буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони Қаҳҳор Маҳкамов ҳамдардӣ баён намуда, гуфтанд, ки хотираи неки ӯ дар дили мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.

Қаҳҳор Маҳкамов барои хизматҳои пурсамар бо чор ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», унвони Муҳандиси шоистаи Тоҷикистон ва ордени тиллоии «20 — солагии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардонда шудааст.

Ёди некаш ба хайр бод.

Ба ин хотир лаҳзаи хомӯшӣ эълон  мекунам.

Сипас, бо дарбаргирии масъа­лаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

 ҚАЛАНДАРЗОДА

Мавлуда Сатторӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатиро низ кафолат медиҳад, ки он ҳамчун воситаи муҳими конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва кафолати ташкиливу ҳуқуқии ҳимояи онҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо маҳсуб меёбад.

Дар заминаи ин муқаррароти Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» соли 1996 қабул гардид, ки барои танзими муносибатҳо вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизмат намуда истодааст.

Дар раванди демократикунонӣ ва рушди бемайлони ҷомеа муносибатҳои ҳуқуқӣ низ тағйир меёбанд ва такмил додани қонунгузорӣ, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бошад, зарурати воқеӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мунтазам дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба роҳ мондани қабули шаҳрвандонро ҳамчун самти муҳими фаъолияти вазорату идораҳо дар таъмини воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти фаъолияти онҳо арзёбӣ менамоянд.

Инчунин, Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  19 феврали соли 2011, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»-ро пешбинӣ намудаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои масъалаҳои ёдрасшуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» — ро дар таҳрири нав вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Азизӣ, М. Ватанзода, М. Қаландарзода ва Н. Содиқова бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод намудаанд, ки он қонунгузориро дар масъалаи сиёсати идоракунии давлатӣ таҳким бахшида, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 27 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, доираи амали қонуни мазкур, принсипҳое, ки баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо асос меёбанд, пешбинӣ гардидаанд.

Боби дуюм кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиатро фаро мегирад.

Боби сеюм ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва талабот ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, дар он меъёрҳо оид ба ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо, тартиби қабули шахсӣ ва талабот зимни пешниҳоди муроҷиатҳо муқаррар гардидааст.

Боби чоруми лоиҳаи қонун тартибу муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабул, бақайдгириву баҳисобгирии муроҷиатҳо, фиристонидан аз рӯи тобеият ва моҳиятан баррасӣ намудани онҳоро дар бар мегирад.

Боби панҷум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он масоили ҷуброни зарари расонидашуда, назорати риояи баррасии муроҷиатҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни нав аз қонуни амалкунанда бо як қатор меъёрҳои нав фарқ мекунад. Аз ҷумла доираи субъектони муроҷиат васеъ гардида, дар баробари шахсони воқеӣ ба шахсони ҳуқуқӣ  дар сатҳи қонун имконият фароҳам оварда мешавад, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ,  муроҷиат намоянд. Мафҳумҳои асосӣ такмил дода шуда, мазмуни ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма, муроҷиати такрорӣ, шахсони баррасикунандаи муроҷиат, китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудаанд. Инчунин, дар лоиҳаи қонун нисбати шаклҳои муроҷиат талабот гузошта шуда, риоя нагардидани он оқибатҳои ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Меъёрҳои мазкур муроҷиаткунандаро ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон уҳдадор менамояд. Илова бар ин принсипҳо, манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ба муроҷиат, муроҷиатҳо тавассути телефон, тартиби қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳои алоҳида, асосҳои бе баррасӣ монондани муроҷиатҳо меъёрҳои нав мебошанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №459 аз 4 январи соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили он 113 таклифу пешниҳод манзур карда шудааст, ки 87- тои онҳо пурра ё қисман қабул шуда, 26 — тоаш қабул нагардид.

Кумитаи масъул 27 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, олимони соҳаи ҳуқуқ-устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд. Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон доир ба услуби баён, таҳрир ва таҷдиди назар намудани меъёрҳои алоҳида пешниҳоду тавсияҳо манзур гардиданд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дорад. Қабул ва татбиқи он дар амалия аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобов Валӣ Манонович дода мешавад.

 ВАҲОБОВ Валӣ Манонович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ин меъёр аз як тараф ҳамчун воситаи муҳими конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва аз тарафи дигар, ҳамчун кафолати муҳими ташкиливу ҳуқуқии ҳимояи онҳо, бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо шинох­та мешавад.

Яке аз нишонаҳои рушди асос­ҳои демократия дар ҷомеа ин васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як фард ва шахсони ҳуқуқӣ дар идора кардани корҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, ки халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, робитаи устувори тарафайни давлат ва шаҳрвандон бояд тақвият дода шавад. Дар ин самт ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста вобаста ба ин масъала изҳори назар намуда, таъкид менамоянд, ки дар шароити кунунӣ мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатиро бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян созанд. Қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд. Шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор бояд ҳуқуқу озодиҳои инсонро  дар мадди аввали самти фаъолият гузоранд. Баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.

Гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» қабул гардида, то кунун муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба танзим дарорад ҳам, мурури замону гардиши айём, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, пайдоиши падидаҳои нави ҳуқуқӣ ва ҷараёни демократикунонӣ зарурияти таҳия ва қабули қонуни навро ба вуҷуд овард.

Бинобар ин, аз ҷониби як қатор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва барои қабул пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки танзимгари қоидаҳои рафтори муҳими ҷамъиятӣ буда, меъёрҳои он ба ҳимояи ҳуқуқу озодии инсону шахсони ҳуқуқӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо равона шудааст, иқдоми саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 27 модда иборат буда, дар он масъалаҳои асосӣ, аз қабили муқаррароти умумӣ (мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, доираи амали қонун), кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва талабот барои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баррасии онҳо, муқаррароти хотимавӣ ва ғайраҳо танзими худро ёфтаанд.

Аз ном ва қисмҳои таркибии қонуни мазкур бармеояд, ки дар он на танҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, балки муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ танзими худро ёфтаанд, ки ин навигарӣ ва бартарии он мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол то сол меафзояд, ки яке аз сабабҳои он аз тарафи баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо мебошад.

Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ин омил ба инобат гирифта шуда, масъалаи  қабули шахсии шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдор пурра ба танзим дароварда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» чунин масъалаҳо инъикоси худро наёфта буданд.

Бартарии дигари қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки дар моддаҳои алоҳида талабот ба муроҷиатҳои хаттӣ, электронӣ ва тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешниҳодшаванда ба таври мушаххас дарҷ шудаанд, ки матни онро оммафаҳму мукаммал гардондааст.

Инчунин, дар лоиҳаи қонун қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ дар моддаи дахлдор ба танзим оварда, аз ҷониби мақомоту ташкилот тартиби ба қайд гузоштан, ба ҳисоб гирифтан, масъулияти шахси мансабдор оид ба ташкили қабул, бақайдгирӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудан ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар намудааст, ки ин меёърҳо низ дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд.

Дар моддаи 7 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди шикоят муайян гардида буд. Дар лоиҳаи қонуни нав бошад, ин меъёр ҳаматарафа инъикоси худро ёфта, дар моддаи махсус ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни баррасии муроҷиатҳои онҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, лоиҳаи қонуни мазкур тартиби аз рӯи тобеият ирсол намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз ҷониби ташкилоту мақомоти дахлдор ва тартиби ба муаллиф баргардонидани муроҷиатро, ки агар он маълумоти заруриро барои ирсол намудан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор надошта бошад, ба таври мушаххас  муайян намудааст.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» вобаста ба талаботи замон ва рушди ҷомеа таҳия гардида, ба беҳтару хубтар гардидани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти баррасии муроҷиатҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надошта, қабули он аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси такмили қонунгузории кишвар мегардад.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

 МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» танзими конститутсионии муносибатҳоро дар ҷодаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мавқеи ҳуқуқии муроҷиати шаҳрвандони хориҷиро дар сатҳи сифатан нав пешбинӣ мекунад. Мазмун ва муҳтавои лоиҳаи қонун аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар моддаи 31 — уми он омадааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд».

Ташаббускорони таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз таҷрибаи қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ ва сойири кишварҳои дигар, ки  таҳти таъсири фарҳанги ҳуқуқии романӣ — олмонӣ қарор доранд, эҷодкорона ва аз диди интиқодӣ истифода намудаанд.

Дар номи лоиҳаи қонун калимаи «шаҳрвандон» ба ибораи «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шуд, чунки мафҳуми «шаҳрванд» ҳамчун субъекти муроҷиат маҳдуд буда, моҳияти муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки роҷеъ ба ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати қонунии онҳоро ифода карда наметавонад.

Дар лоиҳа як қатор моддаҳо, меъёрҳо ва муқаррароти нав вобаста ба падидаи  муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, меъёрҳои аз амал бозмонда, амалкунанда ва чандин ғалату духӯрагиҳо ва мухолифат аз байн бурда шудаанд. Чунончӣ, моддаи нав вобаста ба шарҳи мафҳумҳои асосӣ (моддаи 1), принсипҳои муроҷиат ва усулҳои амалишавии онҳо (моддаи 2), қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (моддаи 15), фиристонидани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баррасӣ ба мақомот аз рӯи тобеият (моддаи19), баррасии муроҷиатҳои алоҳида (моддаи 21) ва ғайра ҷойгир карда шуданд.

Ҳамчунин, баъзе меъёрҳо ва расмиёти мавҷуда мукаммал карда шуданд. Масалан, тартиби қабули шахсӣ (моддаи 9), муроҷиатҳои электронӣ  ва телефонӣ (моддаҳои 11 ва 12), ҳуқуқу уҳдадориҳои муроҷиаткунандагон (моддаҳои 16 ва 17), тартиби моҳиятан баррасӣ намудани муроҷиатҳо (моддаи 20), назорати риояи тартиби баррасии муроҷиатҳо (моддаи 24) ва ғайра.

Дар маҷмӯъ, матни лоиҳаи қонун аз нав таҳрир шуда, бо дарназардошти муқаррароти қисми 1 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шудааст.

Аз ин рӯ, аз вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон пайваста ба масоили муроҷиати шаҳрвандон ва ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти арзу шикоятҳои корафтодагон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои нав ворид карда шудаанд. Дар қонуни амалкунанда дар моддаи 2 танҳо намудҳои муроҷиат баён гардидаанд, ба лоиҳаи мазкур бошад, 13 мафҳуми нав ворид шуданд, ки кафолати амният ва талабот барои шаклҳои гуногуни муроҷиатро пешбинӣ менамояд, инчунин кафолати ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва талабот ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дар баробари шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ, ҳуқуқи муроҷиатро ба мақомотҳои дахлдор пайдо менамоянд, муайян кардааст.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баҳри беҳтар намудани вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Вакилони арҷманд, бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои зикргардида, боварӣ дорам, ки мо қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамоем.

 Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мутобиқ ба талаботи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Қонуни мазкур барои мутобиқ гардонидани истилоҳоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, амалӣ гардидани дастуру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон дар масъалаи сиёсати иҷтимоии давлат равона шудааст.

Он ба масъалаи сиёсати ҳуқуқии давлат таҳким бахшида, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» саривақтӣ буда, ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ мебошад ва сазовори дастгирист. Аз вакилони гиромӣ хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

Равшан РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, ки он барои ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии онҳо ҳангоми муроҷиат ба мақомоту ташкилоти дахлдор равона карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур паҳлуҳои гуногуни муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиб ва муҳлати баррасии онҳоро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи нав аз қонуни амалкунанда бо як қатор меъёрҳои нави худ фарқ мекунад. Аз ҷумла, дар қонуни мазкур оид ба мафҳумҳои асосӣ моддаи алоҳида бахшида шуда, дар он пурра мазмуни мафҳумҳо саҳеҳ ва оммафаҳм оварда шудааст, ки ин дар қонуни амалкунанда ба назар намерасид. Зиёда аз ин намудҳои муроҷиатҳо низ васеъ гардида, дар баробари таклифу ариза ва шикоятҳо, дархост ҳамчун намуди муроҷиат аз ҷониби муаллифон пешниҳод гардидааст.

Ҷолиби қайд аст, ки дар таҳрири нави лоиҳаи қонун доираи субъектони муроҷиат васеъ гардида, дар баробари шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ низ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд.

Илова бар ин, дар лоиҳаи пешниҳодшаванда доираи васеи принсипҳо ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, масъалаҳои дигар, ки бо муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба монанди манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ба муроҷиат, муроҷиатҳо тавассути телефон, тартиби қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳои алоҳида, бе баррасӣ монондани муроҷиатҳо алоқаманд мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» овоз диҳед.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА

Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар менамояд, ки Тоҷикис­тон баробари соҳибихтиёр, ягона ва дунявӣ будан, инчунин давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мебошад.

Амалӣ намудани ҳуқуқҳои инсон вобаста бо муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва дигар ташкилотҳо яке аз нишонаи давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз қабули қонуни мазкур ба манфиати амалӣ гардидани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Лоиҳаи қонун ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ аст ва аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

 САЛИМЗОДА Олим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Китобу матбуот чун чеҳранамои хоси тамаддуни кишварҳо эътироф шудаанд. Хосатан барои мо тоҷикон, ки ба сухани чопӣ, китоб ихлосу эҳтироми беандоза дорем. Ниёкони заковатманди мо аз рӯи ихлос ва эҳтиром сухан сабз кардаанд бо истифода аз пӯст, барги дарахт ва баъдтар коғаз. Бо ин корашон ба санъати чоп оғоз бахшидаву бо китобати дастнависҳо ба наслҳои минбаъда мероси гаронбаҳо боқӣ гузошта, дар ташаккул ва шинохти миллати тоҷик хидмати арзишманд кардаанд.

Зикри суханҳои оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин муносибат хеле бамаврид медонем: «Китоб, ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Кори нашриёт ва саноати чопи Тоҷикистон замони шӯравӣ равнақи тоза пайдо кард. Он замон аз лиҳози чопи китоб ба ҳар сари аҳолӣ мамлакат (манзур Иттиҳоди Шӯравист!) дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекард, зеро талабот ба китоб хеле боло рафта, соҳа аз лиҳози даромад дар зинаи дуюм қарор дошт.

Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат низ анъанаҳои некро идома бахшида, баҳри қонеъ гардонидани талаботи маънавии ҷомеа бо китоб талош меварзад. Осори адибону олимони классику муосири тоҷик ва ҷаҳонро ба нашр мерасонад. Китоби дарсӣ, адабиёти дигари ниёзи мардумро чоп мекунад. Нашриёт ва чопхонаҳои хусусию соҳавӣ дар ин роҳ корро дар рақобати озоду баробар тақвият мебахшанд. Барои фаъолияти пурмаҳсули онҳо дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароит фароҳам аст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», ки аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода, вакилони Маҷлиси намояндагон О. Салимзода ва Ҷ. Ахмедов пешниҳод шудааст. Пеш аз ҳама, он ба мақсади такмили қонуни амалкунанда ва фароҳам сохтани шароити мусоиди ҳуқуқии фаъолияти соҳа таҳия гардидааст.

Ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, амалӣ намудани вазифаҳое, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвои панҷум назди вакилон гузашта буданд, таҳия ва эҷод намудани қонунҳое, ки дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа ва давлатро танзим менамоянд, мебошад.

Қонуни амалкунанда зиёда аз 22 сол мавриди истифода қарор дорад. Дар тӯли ин солҳо дар соҳа муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо шуданд ва танзими онҳо тақозо намуд, ки лоиҳаи нави қонун пешниҳод ва фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ такмил дода шавад.

Мақсади дигар аз пешниҳод ба талаботи қонунгузории мамлакат мутобиқ гардонидани қонуни мазкур мебошад. Алалхусус ба талаботи умумӣ нисбат ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар намудааст. Ҳамчунин, қонуни амалкунанда аз нигоҳи услуб ва забон низ ниёз ба такмил дошт.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» аз 5 боб ва 23 модда иборат мебошад.

Дар лоиҳаи қонун мақсад, вазифаҳо, принсипҳои асосии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, баҳисобгирии давлатии ноширӣ ва корхонаи полиграфӣ дар моддаҳои алоҳида ҷой дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар лоиҳа ҳуқуқ, уҳдадорӣ, озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, бақайдгирии давлатии субъектони фаъолият бо назардошти талаботи имрӯз мушаххас ва аз лиҳози мантиқӣ такмил дода шудаанд.

Баҳри такмили лоиҳа аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 100 таклиф пешниҳод шудааст, ки 65 — тои он қабул, 20 адад қисман ва 15-тоаш қабул нашудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров моддаи 3 аз матн хориҷ карда шуд. Бинобар ҳаммазмун будан моддаҳои 18 ва 19- уми лоиҳаи қонун, ки уҳдадорӣ ва масъулияти субъектони фаъолияти ноширӣ ва полиграфиро муқаррар менамоянд, якҷоя карда, дар як модда -17 инъикос шуданд.

Моддаҳои 21 ва 22, бинобар он ки меъёрҳои вобаста ба масъулият ва ҷавобгариро танзим менамуданд, дар як модда, моддаи 21-уми лоиҳа ҷой шуданд.

Моддаи 22 оид ба қатъ гардидани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ аз лоиҳа хориҷ шуда, ин меъёр дар қисми 3-юми моддаи 14-уми лоиҳа ҷойгир шуд.

Бинобар ҳаммазмун будан моддаҳои 23 ва 24 якҷоя карда шуда, дар моддаи ҳаждаҳ инъикоси худро ёфтанд. Яъне, меъёрҳое, ки ҳамкории байналмилалиро танзим менамоянд.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун аз лиҳози мантиқ ва забон таҳрир ва такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад. Марҳамат.

 УСМОНЗОДА Саидҷаъфар:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар тарғиби сиёсати давлати миллӣ, арзишҳои миллӣ, адабиёт ва забони миллат нақши нашриёт  хеле муҳим аст.

Мафкура  ва фарҳанги ҳар миллатро нашрия, кутубаҳо, осори назмӣ ва насрӣ метавонад муаррифӣ кунанд.

Қонуни қаблан қабулшуда  аз камбудию ноқисӣ  холӣ набуд. Чун ҷомеа рушд меёбад, диди нав талаботи нав пайдо мешавад. Бо ҷалби мутахассисон, коршиносон, мутасаддиёни ин соҳа лоиҳаи қонуни нав таҳия шудааст, ки ба шароити мусоиди фаъолияти соҳа ҷавобгӯй мебошад.

Маҳсулоти чопӣ бояд фарҳанг ва таърихи давлатро дар сатҳи зарурӣ ба мардум бирасонад.

Солҳои охир даҳҳо маҷаллаи экстремистӣ ва террористӣ дар байни мардум паҳн шуд, ки як қисми онҳо дар нашрияҳои Тоҷикистон ба чоп расидаанд. Бояд дар назар гирифт, ки тамоми идеологияи бегона маҳз ба воситаи расонаҳо ва нашрияҳо паҳн мешаванд.

Имрӯз бояд нашриёт бо тарҳи нави манфиатҳои миллӣ кори худро ба роҳ монад, ки ба раванди таҳкимбахшии идеологияи миллӣ осеб нарасад.

Вакилони муҳтарам, бо ибрози ин андеша ва ақида аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи ин қонун овоз диҳед.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Бояд қайд кард, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккулёбии заминаи ҳуқуқии фаъолияти табъу нашр, яъне таъсис додани нашриёту корхонаҳои нави матбуотӣ ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон дастрас  намудани маҳсулоти чопӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» нақши хосаро доро буд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти ба миён омадани тағйироти куллӣ дар пешбурди соҳаҳои  мухталифи иқтисодиёти мамлакат, талабот ба мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав асосан ихтилофоти ҷойдошта дар қонуни амалкунанда бартараф гардида, инчунин, он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мутобиқ карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав аз қонуни дар соли 1993 қабулшуда фарқияти калон дорад.

Якум, дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои овардашуда фаъолияти ноширӣ ва полиграфиро пурра инъикос мекунад. Яъне, аз нуқтаи назари талаботи имлои забони тоҷикӣ ва услуби баён  оммафаҳм мебошад.

Дуюм, дар моддаи 3 мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, моддаи 9-уми он маълумотномаи маҳсулоти чопӣ инъикос гардидаанд, ки барои фаъолият ва тартиби истифодабарии маҳсулоти чопӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта шудааст.

Сеюм, дар лоиҳаи қонун (моддаи 12) асосҳои ҳуқуқии таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурӯши маҳсулоти чопӣ инъикос гардиданд. Моддаи мазкур баробари додани ҳуқуқ барои пешбурди фаъолият дар соҳа, ҳамзамон маҳдудиятҳоро барои шахсони воқеию ҳуқуқии алоҳида пешбинӣ намудааст. Дар шароити имрӯзаи пурзӯр гардидани таҳдидҳои экстремистию террористӣ ва истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ҷорӣ намудани идеологияи бегона дар қонун пешбинӣ намудани маҳдудиятҳо ҳатмӣ ва зарур мебошад.

Аз вакилони гиромиқадр хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гашт.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад.

 МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Бобоева пешниҳод шуда, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти № 422 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шудааст.

Сабаби асосӣ бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқӣ, ҳуқуқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда, инчунин мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун мебошад.

Мутобиқи лоиҳа номи қонуни амалкунанда минбаъд бояд тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо ҳарфҳои калон ифода гардад.

Бо мақсади ноил шудан ба мантиқи ҳуқуқӣ ва мутобиқатии дохилии матни қонун дар қисми 5 моддаи 7 калимаҳои «шахсони воқеӣ ва» ба калимаҳои «соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони», ки предмети танзими қонуни мазкур мебошад, иваз шуда, ҳамзамон сархати сию сеюми моддаи 17 бо дарназардошти талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» дар таҳрири нав ифода шудааст.

Моддаи 181 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шуд:

«3. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.»

Лоиҳаи қонуни мазкур 18 марти соли 2016 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ шуд.

Татбиқи қонун зарурати қабул намудани санадҳои зерқонуниро ба миён намеорад. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ