Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардиданд

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

(Идома аз шумораи №128-129 (3113-3114)

РАИС: - Доир ба масъалаҳои навбатии рўзнома — «Оид ба лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дода мешавад.

DSC_1001Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара»-ро таҳия намуд.

Лоиҳаҳои қарорҳои мазкур бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 таҳти №336 маъқул дониста шудааст.

Мутобиқи муқаррароти зербанди 12 банди 9 қисми 3 Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 3 майи соли 2010 таҳти  №245, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, вазир масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони ташкилотҳои системаи вазоратро бо тартиби муқарраргардида ҳал менамояд.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қарори мазкур ба танзим даровардани фаъолияти кории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мутобиқгардонии муқаррароти Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» бо Низомномаи вазорат мебошад.

Инчунин таҷрибаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ собит намуд, ки ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдор ва идораи оперативӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод намудани муовинони роҳбарони маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи муқаррароти қисми 7 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Аммо муовинони роҳбари маъмурияти  минтақаҳои  озоди иқтисодӣ баробари  роҳбарони ташкилотҳои давлатии системаи вазорат буда, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ  оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба вазифаи таъин ва аз вазифа бояд озод карда шаванд.

Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии  «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» ба миён омадааст.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули онҳо овоз диҳед.

РАИС: — Аз рўйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллочон ЧабборовДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда  буд.

Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти № 1988 лоиҳаи қарори мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаҳои қарорҳои мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» бо талаботи қисми 7 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» таҳия шудааст.

Бо сабаби он ки вазифаи муовинони роҳбари минтақаи озоди иқтисодӣ баробари роҳбарони ташкилотҳои давлатии системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бояд масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуданашон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ҳал гарданд.

Лоиҳаҳои қарорҳои мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ  намуда, се таклиф пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намуд, ки мутобиқи талаботи қисми 8 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳар як Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври алоҳида пешниҳод карда шавад.

Дар ҷаласаи васеи худ кумита 3 сентябри соли 2013 қарорҳои зикргардидаро бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, таклифи пешниҳодшударо қабул намуд.

Бо назардошти таклифи қабулшуда, ки аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ таври алоҳидагӣ пешниҳод карда шуданд.

Лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаҳои қарорҳои мазкурро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамоям ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври алоҳида муҳокима шуда, вобаста ба тасдиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» сухан ба раиси Палатаи  ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Дилмурод Ашурбекович дода мешавад.

Дилмурод ДАВЛАТОВДилмурод ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис,  Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа баррасӣ ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 таҳти № 325 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки зарурати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз супориши муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2013 таҳти № 169 (12.1-3) ва талаботи банди 14.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки бо қарори Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012 №2 тасдиқ карда шудааст, бармеояд.

Тавре аз матни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бармеояд, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 48 ва қисми 9 моддаи 52 дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои вазифа  ва функсияҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардидаи Палатаи ҳисоб зарурати мутобиқгардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омад. Тибқи муқаррароти моддаи 5-уми қонуни мазкур Палатаи ҳисоб бо мақсади пешниҳоди маълумоти беғаразона барои мусоидат ба назорати истифодабарии маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ санҷишҳо гузаронида, он сохтор ва намудҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» номгуйи маълумотҳои ба сирри бонкӣ мансуббуда ва субъектони дорои ҳуқуқи дастрасӣ ба ин сир доштаро  муқаррар  кардааст. Тавре зикр гардид, Палатаи ҳисоб, ки санҷиши аудитории Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад, зимни иҷрои функсияҳо зарурати дастрасӣ ба чунин маълумотҳо пеш меояд. Аз ин хотир, ворид намудани сархати чорум ба қисми 3 моддаи 48 қонуни мазкур ҳамчун илова, ки тибқи он Палатаи ҳисоб ҳуқуқи дастрасӣ ба чунин маълумот ва имконияти ба таври дахлдор ба амал баровардани вазифаҳои худро пайдо месозад, зарур мебошад.

Ворид намудани иловаи дигар ба моддаи 52 қисми 9-уми  қонуни мазкур оид ба гузаронидани аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои  қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ дар қисмати хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ бо он асоснок мегардад, ки бо илова намудани қисми мазкур ваколатдории Палатаи ҳисоб ҳамчун субъект оид ба гузаронидани санҷиши ташкилотҳои  қарзӣ боз ҳам  заминаи қонуниро  касб менамояд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рўйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов  Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти № 1973 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зерин: ба қисми 3 моддаи 48 сархати чорум бо мазмуни зайл «- ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;» илова карда шуда, дар моддаи 52  қисми 9 бо мазмуни зайл: «9. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ, аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад.» илова карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, панҷ таклиф пешниҳод гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумита 28 августи соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодгардида ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов  Дилмурод Ашурбекович дода мешавад.

Дилмурод ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Вобаста ба қабул ва мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда ба миён омада, лоиҳаҳои мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа баррасӣ гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 таҳти №324 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бояд тазаккур дод, ки зарурати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз супориши муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2013 таҳти №169 (12.1-3) ва талаботи банди 14.1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки бо қарори Шўрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012 таҳти №2 тасдиқ карда шудааст, бармеоянд.

Тавре аз матни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ворид намудани тағйиру илова ба моддаи 31 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 65 дар назар дошта шудааст.

Зарурати ворид намудани илова ба моддаи 31-уми қонуни мазкур, ки он ваколатҳои мақомоти назорати давлатии молиявиро муқаррар менамояд, аз муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он статуси Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст (тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ таъсис дода шудааст), бармеояд.

Инчунин тибқи муқаррароти моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хулосаи аудиториро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта пешниҳод менамояд. Аз ин хотир, бо мақсади мутобиқгардонии муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тартиби пешниҳоди Хулосаи беруниро дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва масъулияти дуруст ва мукаммал будани маълумоти дар Хулоса зикргардидаро ба танзим медарорад, зарурати ворид намудани тағйирот ба моддаи мазкурро ба миён овардааст, ки минбаъд ин ваколат аз тарафи Палатаи ҳисоб амалӣ карда мешавад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рўйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад. 

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти  №1974 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Ба лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаи зерин: дар матни моддаи 31 пас аз калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шуда, дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 65 калимаҳои «мақомоти назорати давлатии молиявии» ба калимаҳои «Палатаи ҳисоби» иваз карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, як таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 28 августи соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифи пешниҳодгардида қабул ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Назар Сангович дода мешавад.

DSC_1083Назар ОДИНАЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» пешниҳод гардидааст.

Тибқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими неруи барқ ва (ё) гармӣ ба соҳаи монополияҳои табиӣ мансубият дорад.

Мутобиқи моддаи 10-уми қонуни мазкур танзими давлатии фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ бо роҳҳои тасдиқи тариф, тасдиқи сатҳи ниҳойии тариф, тасдиқи сметаи тарифӣ, тасдиқи коэффитсиенти муваққатии пасткунанда, тасдиқи тартиби махсуси ҳисоби хароҷот, тасдиқи ҳадди ниҳойии фоида, тасдиқи тарифи муваққатии ҷубронкунанда ба анҷом расонида мешавад.

Тибқи Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 таҳти №227 «Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, мақомоти мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ анҷом дода, қарорҳои барои субъектҳои монополияҳои табиӣ иҷрояшон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулҳои танзим, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо қабул намуда, тарифҳои молҳои (корҳои хизматрасонии) танзимшавандаи субъектҳои монополияҳои табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, муайян ва муқаррар менамояд.

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» салоҳияти муайян ва муқаррар намудани тарифҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ, аз ҷумла тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ, инчунин тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешаванд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ вогузор гардидааст.

Айни замон тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тибқи таҷрибаи корӣ бо пешниҳоди Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Аз ин рў, бо мақсади ба танзим даровардани салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ дар санадҳои қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкур таҳия карда шудааст.

Ҳамзамон мутобиқи боби 30-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи монополияҳои табиӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст. Вале, моддаи 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» низ оид ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи зикргардида ҳаҷми ҷаримаҳоро муқаррар намудааст, ки ба ҷаримаҳои дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мутобиқат намекунад.

Бинобар ин, мутобиқи қисми 1 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бинобар қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав, агар санад ё қисми таркибии он ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи он бекор шуда бошад, бояд аз эътибор соқит дониста шавад.

Аз ин лиҳоз, дар лоиҳаи нави пешниҳодгардида моддаи 21-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» хориҷ карда шудааст.

Бо назардошти пешниҳоди зикргардида, аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рўйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВОлимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», ки бо тартиби  ҳуқуқии  ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими тарифҳои неруи барқ ва гармӣ таҳия ва пешниҳод   шудааст, манзур мегардад.

Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» соҳаи хизматрасонӣ оид ба харид ва интиқоли неруи барқ ва гармӣ ба объектҳои монополияҳои табиӣ мансубият дорад.

Мутобиқи  моддаи  14 қонуни мазкур тасдиқи тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъектҳои монополияҳои табиӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Вале, тибқи таҷрибаи ҷорӣ, тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди Хадамоти зикргардида аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои дахлдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ карда шуда истодаанд.

Аз ҳамин лиҳоз, барои ба танзим даровардани масъалаи зикргардида зарурати дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ намудани салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ лозим мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 августи соли 2013 №1976 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок ва хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул 27 август дар  ҷаласаи  худ  ва 28 августи соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда,  мавриди муҳокима қарор дод ва дар натиҷа аз се таклифу пешниҳодҳои воридгардида ҳамаи он қабул гардид.

Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур дар Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо назардошти эродҳо ва таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷкистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.  

КатаевАмир КАТАЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти №1981 барои хулоса ба Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани пайвастшавӣ ва истифода аз алоқаи барқӣ омода гардидааст, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷинояткорон барои содир намудани ҷиноят аз симкортҳои алоқаи барқии ба номи дигар шахсон ба расмият даровардашуда истифода менамоянд.

Инчунин ҳангоми хариду фурўши симкорт шиносномаҳои дигар шахсон пешкаш карда шудааст ва ё симкорт бидуни талаб намудани шиноснома бар ивази пардохти маблағи пулии иловагӣ фурўхта шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 5 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Назриев Мусоябшо дода мешавад.

Мусоябшо НАЗРИЕВМусоябшо НАЗРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти №1983 барои хулоса ба Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда моддаи 11 мафҳумҳои канданиҳои фоиданоки пошхўрда, усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истифода шуда, моддаи 16 дар таҳрири нав ифода ёфтааст.

«Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда.

Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рўйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурўҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» манъ аст.

Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».

Ин модда аз он лиҳоз дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки ҳар як субъекти ба чунин фаъолият машғулбуда бояд аз номи худ даъвогар ва ҷавобгар шуда тавонад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 5 сентябри соли 2013 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Эсанқулов Эшбўрӣ Турахонович дода мешавад.

Эшбўрӣ ЭсанқуловЭшбўрӣ Эсанқулов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагон аз 21 августи соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои канданиҳои фоиданоки пошхўрда, усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ шарҳ дода шуда, қисми 2 моддаи 4 дар таҳрири нав ифода ёфтааст.

Тибқи лоиҳа истихроҷи канданиҳои пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро танҳо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие амалӣ менамоянд, ки онҳо бо тартиби муайянгардидаи қонунгузорӣ барои ин фаъолият иҷозат гирифтаанд.

Ҳамзамон моддаи 11-уми лоиҳаи қонуни мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати тасдиқи қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шуда, номи боби 4 дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Ба кумитаи масъул якчанд пешниҳод аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон вобаста ба такмили лоиҳа ворид гардиданд, ки ҳамаи онҳо дар ҷаласаи васеи кумита баррасӣ ва пурра ҷонибдорӣ карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҷонов Назрулло дода мешавад.  


Назрулло ҶОНОВНазрулло
ҶОНОВ: — Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н.Турдиматова пешниҳод шуда, бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2013 таҳти №1946 барои хулоса ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҳадафи асосӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба қисми 1 моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда мешавад:

«-Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;».

Лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ ёфт. Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаи ҳуқуқии худ нисбати лоиҳаи қонуни мазкур як таклиф пешниҳод намуд, ки аз тарафи кумитаи масъул қабул гардид.

Дар ҷаласаи кумитаи масъул 25 сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи иштирокчиёни он пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Тибқи Феҳристи мансабҳои давлатӣ «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» мансаби сиёсии давлатии хизмати давлатӣ мебошад.

Мутобиқ ба таҳрири пешниҳодшуда, ин мансаб аз доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» берун мемонад. Бояд зикр намуд, ки дар қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маҳз мақомоти давлатӣ номбар карда шудаанд.

Аз ин рў, пешниҳод карда мешавад, ки сархати шашуми қисми 1 моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он».

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВМаҳмадалӣ ВАТАНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба қонунгузории амалкунанда ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Б.Худоёров   пешниҳод шудааст.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2009 қабул ва аз 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор дода шуда, мувофиқи моддаи 35-уми он танҳо суд ҳуқуқ дорад барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ва ё муҳлати онро дароз намудан, барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, барои кофтукови манзил, ба ҳабси молумулк, ба гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо, инчунин дар дигар мавридҳои пешбининамудаи хамин модда иҷозат диҳад.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 9 –уми ҳамин Кодекс, муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.

Аммо дар санадҳои қонунгузории амалкунанда то ҳол ваколати додани иҷозат (санксия) ва ё розигӣ аз ҷониби прокурор оид ба ин ё он масъалаҳои марбут ба маҳдуд намудани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд боқӣ мондаанд. Маҳз бо ҳамин мақсад лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1952 аз 24  июни соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»- ро мавриди омўзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 25 сентябри соли 2013 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, он таклифҳое, ки пешниҳод гардиданд, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тўрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТўрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Абдуллоев ва Ф. Шоиддинов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Рабиева ва Б. Садриддинов бо мақсади аз байн бурдани норасойӣ ва ихтилофот байни қонунҳои алоҳида таҳия ва пешниҳод шудааст. Зарур аст зикр намоям, ки субъектон таври алоҳида ду лоиҳа пешниҳод намудаанд, ки дар асоси банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагон минбаъд онҳо дар як лоиҳа якҷоя карда шуданд.

Лоиҳаҳо барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои мазкурро омўхта, ҷиҳати мукаммал намудани онҳо панҷ таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Онҳо дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул мавриди муҳокима қарор гирифта, пурра қобили  қабул шуморида, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, онро ба баррасии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ