РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» сухан ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дода мешавад.
РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағҳои силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд – таппончаҳо ва револверҳои бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, иборат мебошад.
Зикр бояд кард, ки 26 июли соли 2014 ба моддаи 9-уми қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буд, ки тибқи он гардиши силоҳҳо (таппончаи номбаршуда ва револверҳои газӣ ё ишоракунанда, ки сохташон имкони аз патронҳои ҷароҳатрасон, тирдор ва сочмадор тирпарронӣ карданро имкон медиҳанд) манъ карда шудааст.
Пеш аз ворид намудани ин тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур 319 адад таппонча ва револверҳо бо патронҳои ҷароҳатрасон дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доштанд, ки истифодабарии онҳо муваққатан манъ карда шудааст. Ба ғайр аз ин, то имрӯз 16 адад таппончаи газӣ бо патронҳои ҷароҳатрасон аз шаҳрвандон мусодира гардидааст. Бо сабаби набудани Низомномаи дахлдор минбаъд истифода бурдани ин силоҳҳо муайян нашуда, маблағҳои онҳо пардохт нашудаанд.
Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда қисми 3 моддаи 31 дар таҳрири нав таҳия ва қисми 4-уми моддаи мазкур хориҷ шудааст, чунки дар қонуни амалкунанда тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби ҷуброн кардани силоҳҳои зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур минбаъд тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбааш маҳдуд — таппонча ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо дар ихтиёри худ доранд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади поймол нагардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баъди гирифтани силоҳҳои зикршуда аз суратҳисоби махсуси вазорат марҳила ба марҳила маблағи силоҳҳои мусодирашударо пардохт менамояд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.
Хайрулло СУФИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2015 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбаашон маҳдуд – таппончаҳо ва револверҳои бо патронҳои ҷароҳатрасон ба шаҳрвандонро пешбинӣ менамояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ таклиф пешниҳод гардид, ки се пешниҳод қабул, дуто қисман қабул ва панҷ пешниҳоди дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.
Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Таҳкими заминаи ҳуқуқии соҳаи маорифи кишвар, алалхусус масъалаҳои вобаста ба таҳсилоти шаҳрвандон хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Маҳз ин замина шароит фароҳам меорад, ки пешрафт ва ислоҳоти бомароми ин соҳаи ҳаётан муҳим таъмин гардад. Бо дарназардошти ин масъала лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Л. Саидмуродов, Н. Оқилзода ва М. Ҳакимов пешниҳод шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2014 таҳти №2264 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуда, ба кумитаи масъул хулосаҳои худро пешниҳод карданд. Дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №364 бо мақсади ҳамаҷониба баррасӣ намудан ва такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба гурӯҳи корӣ ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳа дар ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазирони маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дахлдори ин вазоратҳо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд.
Гурӯҳи корӣ қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро такмил дод. Дар натиҷа, ба лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо, аз ҷумла мафҳумҳои нав, аз қабили стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ) ва тахассус, ҳамчунин модда ва қисмҳои нав ворид гардиданд. Бобҳо, моддаҳо ва қисмҳои лоиҳаи қонун аз лиҳози техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба танзим дароварда шуданд. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкур ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мутобиқ карда шуд.
Ҳамчунин лоиҳаи қонуни мазкур дар муҳокимаи парламентӣ ва семинари ҷумҳуриявӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни он дар такмили лоиҳа истифода гардиданд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, 59 таклифу пешниҳод намуданд. Аз он 43-то қабул, 7-то қисман қабул ва 9- тоаш қабул нашуданд.
Санаи 1 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони мақомот ва сохторҳои мазкур баргузор гардид, ки дар он баррасии минбаъдаи лоиҳаи қонун дар Маҷлиси намояндагон мувофиқи мақсад дониста шуд.
Пешниҳоду таклифҳои Шумо, муҳтарам Раис, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз намудед, дар лоиҳаи қонун инъикоси худро ёфтанд.
Татбиқи қонуни мазкур дар рушди соҳа, ислоҳоти куллии он ва баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти миёнаи касбӣ нақши босазо хоҳад гузошт. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он маблағи иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.
Хоҳишмандем, ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.
Саид Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо дарназардошти принсип, мақсаду вазифа ва самтҳои асосии ин зинаи таҳсилот, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бармеоянд, бо мақсади муайян кардани сиёсати давлат, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявии он таҳия ва пешниҳод шудааст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҷараёни таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти донишҷӯ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад, ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯйи талаботи замон зарурат дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 25 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимӣ, низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муҳлат ва шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ, маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодию хоҷагии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар масъалаҳо ҷой дода шудаанд.
Қобили тазаккур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар давраи истиқлолият аввалин лоиҳаи қонун мебошад, ки бевосита кафолатҳои давлатиро дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамояд.
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (53 давлатӣ, ҳафт ғайридавлатӣ) фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи шаш равия — соҳаи тиб, омӯзгорӣ, аграрӣ, фарҳанг, техникӣ ва иқтисодӣ (124 ихтисос) мутахассисон омода карда мешаванд. Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи нуҳ, таълим — чор сол) ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи ёздаҳ, таълим — се сол) ба роҳ монда шудааст.
Теъдоди умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2014- 2015- ум 59356 нафарро (рӯзона — 44521 нафар, ғоибона — 13100 нафар ва шабона — 1735 нафар) ташкил медиҳанд.
Татбиқи амалии лоиҳаи қонуни номбурда баҳри рушди зеҳнии донишҷӯёни мазкур мусоидат намуда, ҳамзамон масъулияти онҳоро дар ин самт баланд мебардорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он маблағҳои иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Вакилон Насиба Содиқова, Мавзуна Шарофидинова, Мирзодавлат Сабуров, Саидҷаъфар Исмонов, Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба таҳсилоти миёнаи касбӣ, маблағгузорӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисон вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва дигар раванди таълим бо саволҳо муроҷиат намуданд, ки аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шахсони масъул таври муфассал ҷавоб дода шуд.
Инчунин вобаста ба ин масъала чанде аз вакилон суханронӣ карда, андешаҳои худро иброз доштанд.
Дилрабо МАНСУРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид, ки дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълимии калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад.
Илова бар ин, дар бобати аз худ кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешиданро замони муосир тақозо дорад.
Солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи ислоҳоти кулли соҳаи маориф дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Аз ҷумла собиқ омӯзишгоҳҳо ба литсей ва коллеҷҳо табдил дода шуданд. Ҳамзамон дар ин муассисаҳо шаклҳои нави хоҷагидорӣ ҷорӣ гардид. Сарфи назар аз ин дигаргуниҳо ва дастоварду муваффақиятҳо айни замон дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ муаммою мушкилоти ҳалталаб зиёданд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки айни замон таваҷҷуҳи ҷавонон бештар ба коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ равона гардидааст, аммо ин маънои онро надорад, ки насли наврасу ҷавон ба дигар намудҳои касбу кор майл надошта бошанд. Вобаста ба дигар ҳунарҳо нокифоя будани шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ имкон намедиҳад, ки ҷавонони мо пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсилашонро давом диҳанд.
Мутаассифона, собиқ омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, аниқтараш литсейҳои имрӯза шуҳрату мақоми пешинаашонро аз даст додаанд ва шумораи хонандагонашон дар қиёс бо замони шӯравӣ хеле кам шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, маълумот ва касбу кори муайян надошта, ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд.
Ҳамаи ин ва дигар мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро ба миён овард. Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмин менамояд.
Дар сурати қабул ва амалӣ гардидани он дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ пешравиҳои назаррас ба амал хоҳад омад. Бо дарназардошти ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Дар муддати чанд соли охир дар соҳаи маориф тағйироти назаррас ба вуҷуд омад. Сохторҳои гуногуни низоми таҳсилот барои тайёр кардани мутахассисони баркамол дар соҳаҳои гуногун равона шуданд.
Қонуни алоҳида дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ то имрӯз набуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардида, барои баланд бардоштани арзишҳои миллию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳувият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва ғайра равона шудааст.
Мақсади қонуни мазкур фароҳам овардани шароит барои бо омӯзиш фаро гирифтани наврасон ва ҷавонон мебошад. Он талаботи рӯзафзуни бозори меҳнатро бо мутахассисони баландихтисос таъмин намуда, дар берун аз кишвар барои бо кор ва маоши сазовор таъмин шудани ҷавонон мусоидат менамояд.
Ба фикри ман таҳияи лоиҳаи ин қонун тақозои замон аст ва қобили қабул мебошад
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Толибек БУХОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур хеле мукаммал буда, он тамоми ҷабҳаҳоро оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ фаро гирифтааст. Ҳамзамон он дар асоси талаботи замони муосир таҳия ва омода шудааст.
Дар лоиҳаи қонун доир ба мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникӣ, гирифтани маълумоти касбӣ ба таври умумӣ дарҷ гардидаанд. Аммо дар раванди таҳсил базаҳои моддӣ – техникӣ (дар мисоли бахши кишоварзӣ) ба талабот ҷавобгӯй намебошанд. Таъмини он маблағҳои зиёдро талаб менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур қариб ҳамаи шаклҳои таҳсил нишон дода шудаанд. Равандҳои анъанавии таҳсил барои омӯзиши баъзе соҳаҳо лозим ва зарур аст.
Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонуни мазкур ҷавобгӯй ба талаботи замон аст ва аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Гулнора БОБОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Бо мақсади ба низом даровардани сохтор ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зарурати таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба миён омад, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 25 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, низоми таҳсилот, муассисони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, оинномаи ин муассисаи таълимӣ, муҳлат ва шаклҳои таҳсил, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот, маблағгузории муассисаҳои таълимӣ, моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар масъалаҳо ҷой дода шудаанд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони иззатманд!
Бешубҳа, таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур амри воқеист ва метавонад дар қатори дигар қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар танзим ва рушду такомули раванди таҳсилот дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Дар бораи моҳият ва зарурати қабули қонуни мазкур суханрониҳои муфассал шуданд ва ман мехоҳам танҳо яке аз паҳлуҳои муҳими онро зикр кунам.
Ин масъалаи касбомӯзии ҷавонони деҳот ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Воқеист, ки сатҳи дониш ва тахассуси касбии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад. Дар хусуси баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти донишҷӯён ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани низоми таҳсилот Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд.
Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои марбута супориш дода шуда буд, ки ҷиҳати бо тайёрии касбӣ фаро гирифтани то 100 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Албатта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом дода шудаанд. Вале ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.
Тибқи баъзе маълумотҳо сатҳи дониши муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои касбӣ (коргарӣ) коҳиш ёфтааст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии бе касби муайян аз 80 фоиз зиёд мебошад, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ буда, андешидани чораҳои мушаххасро дар системаи касбомӯзии кишвар талаб менамояд.
Бовар дорем, ки қабули қонуни мазкур ба ҳалли ин мушкилот, такмил ва танзими муносибатҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард ва аз вакилони иззатманд хоҳиш дорем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ