Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ қонуни мукаммал қабул гардид

№70 (3371) 21.05.2015

DSC_2317

20 майи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Икромов С. С.»

2. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Латифов У. Б.»

3. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимова Л. Ҷ.»

4. Дар бораи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Икромов С.С.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: – Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2015 таҳти №15/1- 73 манзур карда  мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Икромов С. С.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Икромов Сироҷиддин Саломович муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 13 майи соли 2015 №487».

Ба пешниҳод маводи зарурӣ оид ба шахсият ва фаъолияти Икромов С.С. замима карда шудааст.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Латифов У. Б.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

 Ҷумъа ДАВЛАТОВ: – Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2015 таҳти №15/1- 73 манзур карда  мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Латифов У. Б.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Латифов Умед Баротович муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 13 майи соли 2015 №488».

Ба пешниҳод маводи зарурӣ оид ба шахсият ва фаъолияти Латифов У. Б. замима карда шудааст.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимова Л. Ҷ.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ: – Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2015 таҳти №15/1- 73 манзур карда  мешавад:

«Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 7 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод мекунам:

«Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Салимова Л.Ҷ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Салимова Лола Ҷумаевна муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 13 майи соли 2015 №489».

Ба пешниҳод маводи зарурӣ оид ба шахсият ва фаъолияти Салимова Л.Ҷ. замима карда шудааст.

Хоҳишмандем, баррасӣ ва дастгирӣ карда шавад.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода дода мешавад.

РАҲМОН Юсуф Аҳмадзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.

Мақсад аз пешниҳоди Шартномаи мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани имконияти адо намудани қисми боқимондаи ҷазо дар Ватани худ мебошад.

То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартномаҳои дуҷониба оид ба бозпас овардани маҳкумшудагонро ба имзо расонидааст.

Инчунин масъалаи бозпас овардани маҳкумшудагон дар шартномаҳои дуҷониба дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба танзим дароварда шудааст.

Айни замон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 16 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо намуда истодаанд. Ҳамаи онҳо бо гуноҳи даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд. Аз шумораи умумии маҳкумшудагон чор нафар ба ҷазои қатл, панҷ нафар ба ҷазои якумра  маҳрум сохтан аз озодӣ ва боқимонда ба муҳлатҳои гуногуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, се шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой адои ҷазо менамоянд (бо гуноҳи таҷовуз ба номус, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ).

Шартномаи мазкур дар қисмати бозпас овардани маҳбусон ва адои минбаъдаи ҷазо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷотро талаб менамояд, ки яке аз хусусиятҳои асосии ин қабил шартномаҳо ба ҳисоб меравад. Моддаи 18- уми Шартнома имконият  медиҳад, ки хароҷоти бавуҷудомадаро маҳбус ва ё хешовандони ӯ пардохт намоянд, ки дар таҷрибаи имрӯзаи бозпас овардани маҳбусон аз дигар давлатҳо истифода бурда мешавад.

Бозпас овардан ва бозпас додани шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар асоси розигии хаттии маҳбус сурат мегирад.

Баъди бозпас овардани маҳбус ҳукми суди як Тараф ба қонунгузории кишвар бо инобати хусусият ва давомнокии ҳукми суди кишвари дигар мутобиқ гардонида мешавад.

Бо ба инобат гирифтани гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тасвиб расонидани Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шартномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2015 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Шартномаи мазкурро бозпас овардан ва додани маҳбусони кишварҳои якдигар, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ барои содир намудани ҷиноятҳо адои ҷазо менамоянд, ташкил медиҳад. Шартномаи номбурда аз дебоча ва 20 модда иборат буда, дар муқаддима асос ва ҳадафи ба имзо расидани Шартнома баён шудааст. Дар моддаҳои 1 — 3 мафҳумҳо, шартҳои додани маҳкумшуда ба Тарафи дигар барои адои минбаъдаи ҷазо ва мақомоти марказии Тарафҳо ифода ёфта, моддаҳои 4 — 6 шартҳои бозпас гардонидан, расмиёти дархост ва ҷавоб ба онро муқаррар намудааст.

Тибқи муқаррароти моддаҳои 7-10 ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва огоҳинома ба шахси маҳкумшударо пешбинӣ менамояд, инчунин розигии маҳкумшуда ва санҷиши риояи он, гузаронидани машварат дар хусуси вақт, ҷой ва тартиби овардани шахси боздоштшударо мушаххас мекунад.

Уҳдадориҳои Тарафҳо дар бобати идомаи иҷрои ҷазо ва нигоҳдории доираи ҳуқуқӣ, аз ҷумла авф ва бахшиши ҷазо, иттилоъ оид ба иҷрои ҷазо ва розигӣ барои интиқоли транзитиро моддаҳои 11-15 ба танзим даровардааст.

Истифодаи забони расмӣ ҳангоми иҷрои Шартномаи мазкур, дар ҳудуди Тарафи дигар бе ҳеҷ гуна шакли қонунигардонӣ истифода бурдани ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти марказии Тарафҳо тартиб дода шудааст, инчунин хароҷот, ҳалли баҳсҳо ҳангоми шарҳи Шартномаи зикршуда, муҳлати эътибор пайдо намудан ва тартиби қатъи амали он дар моддаҳои 16-20 пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 28 апрели соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Акрамшо Фелалиев — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Аз суханронии прокурори генералӣ маълум шуд, ки 16 нафар  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой маҳкум гардидаанд ва ба чор нафар ҳукми қатл дода шудааст. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Дар ин маврид нисбати онҳо чӣ гуна ҷазо татбиқ мешавад?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода: — Баъди бозпас овардани маҳкумшудагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби судҳо кирдори содиркардаи онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда мешавад. Аз ҷумла онҳое, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳукми қатл гирифтаанд, бинобар сабаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон  шудан, нисбаташон ҷазои якумра ё муҳлати муайян  татбиқ мешавад.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ: -Доир ба ин масъала миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ шартнома баста шудааст? -Агар баста шуда бошад, бигӯед ки он чӣ тавр иҷро мешавад?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода: -Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чунин шартнома баста шудааст. Ҳамзамон Конвенсияи Минск (аз соли 1993) мавриди амал қарор дорад. Дар асоси ин шартномаҳои байналмилалӣ бозпас гардонидани маҳкумшудагон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад.

Айни ҳол дар Федератсияи Россия бештар аз 7700 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо карда истодаанд. Мутаассифона, имконияти бозпас гардонидани ҳамаи онҳоро надорем. Бо истифода аз имкониятҳо ҳар сол аз 50 то 100 нафар маҳкумшудагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида мешаванд.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Марбут ба масъалаи мазкур мехостам, ки якчанд нуктаи назари худро изҳор намоям. Боиси тазаккур аст, ки асоси ҳамкории мутақобила ва ба имзорасии Шартномаи мазкур, бо дарназардошти он ки маҳкумшуда барои аз нав тарбия ва ислоҳшавӣ дар кишвари худ имкон пайдо мекунад, аз иқдоми башардӯстии ҳар ду давлат шаҳодат медиҳад.

Қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои алоҳидаро доир ба супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст ва ё худ шахсе, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, пешбинӣ менамоянд (ин ҷо дар назар дошта мешавад ба давлати дигар супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст ё худ маҳкум гардидааст).

Аз ҷумла моддаи 16- уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба супоридани шахси ҷиноят содирнамуда дахл дорад. Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бобҳои алоҳида (49 ва 50) ба масоили супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барои иҷрои ҳукм бахшида шудааст. Боби 50 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он аст, супорида мешавад.

Муқаррароти моддаи 483 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати дигар супоридани маҳкумшударо ба шартномаҳои байналмилалӣ ҳавола менамояд ва механизму тартиби ба иҷро расонидани ин расмиёт бо риояи талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути шартномаи тарафайн муайян карда мешавад.

Шартномаи мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки маҳкумшудагон шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд, ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо намудааст, онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, муҳлати ҷазо на камтар аз як солро ташкил диҳад ва кирдоре, ки шахс барои он маҳкум гардидааст, дар қонунгузории давлати дигар ҷиноят эътироф шавад. Муҳимияти масъалаи баррасишаванда, ҳамзамон дар он зоҳир мегардад, ки татбиқи Шартномаи мазкур риояи яке аз принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ — принсипи башардӯстиро таъмин менамояд. Яъне, ҳадафи қонунгузор аз ворид кардани ин меъёр ба муҳайё намудани шароити мусоид барои адо намудани ҷазо ба маҳкумшуда равона шудааст. Масалан, ҳангоми адо намудани ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар баробари маҳрум сохтан аз озодӣ барои маҳкумшуда, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, маҳдудиятҳои иловагӣ низ мавҷуд аст, аз ҷумла муҳити фарҳангию иҷтимоӣ, забони муошират, масоили хӯрокворӣ, мулоқот бо хешовандон ва ғайраҳо.

Аз ин лиҳоз, ба имзо расидани Шартномаи номбурда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дорои аҳамияти муҳим мебошад.

Инчунин тасдиқи Шартномаи мазкур барои таҳким бахшидан ба самаранок гардонидани ҳамкориҳои мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва такмил додани таҷрибаи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тавре ёдрас гардид, Шартнома бозпас гардонидани маҳкумшудагон ном дорад. Ба фикрам, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар матни шартнома ба ҷойи ибораҳои бозпас гардонидан калимаи «супоридан» истифода шавад, зеро дар  қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии амалкунанда калимаи «супоридан» қабул шудааст.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи манзургардида овоз диҳед.

Ҷамшед САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бояд зикр кард, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сатҳи баланди мутақобилан судманд қарор дорад ва имзои Шартномаи мазкур ҳамчун натиҷаҳои самарабахши ин муносибатҳо ба ҳисоб меравад.

Албатта, қабули Шартномаи мазкур, ки амали башардӯстона мебошад, хеле муҳим ва саривақтист. Мо — аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шартномаи мазкурро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, тасдиқшавии онро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоем.

Танҳо мехоҳам, ки ҳангоми татбиқи амалии Шартномаи мазкур мақомоти марказӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии моддаи 11 «Идомаи иҷрои ҷазо», ки аз се қисм ва қисми 2-и он аз бандҳои а – е иборат мебошад, муносибати ҷиддӣ намоянд.

Дар баробари дастгирӣ, ҳамзамон ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд хоҳиш ва пешниҳоду тавсияҳо менамоем:

1. Баъди тасдиқ гардидани Шартномаи мазкур, гузаштани он аз ҳамаи расмиёти муқарраргардида ва ҳангоми эътибор пайдо намуданаш, мазмуну муҳтавои он ва дигар паҳлуҳои норавшан, ки албатта, ҳамаи онҳоро дар матни ин Шартнома ҷойгир сохтан ғайриимкон аст, аз ҷониби кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуқуқшиносони варзида ба мардум тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла аз тариқи телевизион, радио, сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои даврӣ шарҳу эзоҳ дода шаванд.

2. Алалхусус, муҳтавои он ба маҳбусон ва хешу табори онҳо аз ҳар ду ҷониб ва пеш аз ҳама, ба шаҳрвандони маҳбусгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълум бошад, то ин ки онҳо аз ин Шартнома дуруст истифода бурда тавонанд.

3. Хоҳишмандем, ки тавассути воситаҳои ахбори омма Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи он маҳкумшудагоне, ки вобаста ба ҷинояти содирнамудаашон ё худ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноии ҳар ду давлат, ки имконияти интиқол гардиданро доранд ва ё надоранд, бештар маълумот диҳанд, чунки барои баъзе ҷазои ҷиноятии содиршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як намуди ҷазо ва дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дигар намуди ҷазо (сабуктар ва ё вазнинтар) татбиқ шуда истодааст. Оё онҳо хоҳиши интиқол доданашонро доранд ё не? Агар дар яке аз тарафҳо ҷазои ниҳоӣ – ҳукми қатл пешбинӣ гардида бошад, пас онро тарафи дигар чӣ гуна татбиқ менамояд? Ё худ барои чунин маҳкумшудагон ҳуқуқи интиқол гардидан пешбинӣ шудааст ё не?

Ба ҳамин намуд, саволҳо хеле зиёд шуда метавонанд, ки ба аксарияти онҳо ҷавоб додан зарур мегардад. Ҳарчанд ҳуқуқи интиқол додан ва ё надодан ба тарафҳо мустақилона дода шудааст ва маҳкумшуда низ дар ин масъала соҳибихтиёр асту ин амал маҷбурӣ нест.

Дар маҷмӯъ, Шартномаи мазкур санади башардӯстона буда, қобили қабул ва дастгирист. Аз вакилони арҷманд эҳтиромона даъват менамоем, ки ин санади муҳимро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидааст, шиори сиёсати хориҷии кишвар «Ҳамкорӣ бо ҳамаи мардуми ба мо некхоҳ» буда, он бо номи «дарҳои кушода» амалӣ мегардад.

Дар ин замина, дар давраи кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ созишномаву шартномаҳои зиёдро ба тавсиб расонид, ки ҳамаи онҳо ба ҳамкории Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои ба мо дӯст дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ҳамватанони берун аз ҳудуди кишвар нигаронида шудаанд.

Табиист, ки берун аз Ватан, яъне дар хориҷи мамлакат, дар баробари фаъолияту зиндагӣ баъзе аз нафарон кирдоре содир мекунанд, ки давлати будубош онро амали зиддиҳуқуқӣ эътироф намуда, нисбати он ҷазо муайян намудааст. Аз ин рӯ, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳалли масъалаҳои мазкурро бо роҳи бастани созишномаву шартномаҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 16- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар менамояд: «Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад».

Бо мақсади таъмини муқаррароти конститутсионии мазкур, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 13 сентябри соли 2014 Шартнома оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон ба имзо расидааст, ки ҳоло мавриди баррасии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қарор дорад.

Омӯзиши Шартномаи номбурда нишон дод, ки он мувофиқ ба талаботи қонунгузории мамлакат буда, бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳамкории ду давлат дар соҳаи ҳуқуқӣ –ҷиноӣ, имкон додан ба маҳкумшудагон ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо дар давлате, ки шаҳрванди он мебошанд ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти маҳкумшудагон ба ҷомеа баста шудааст.

Моддаи 4-уми Шартнома муқаррар мекунад, ки шартҳои ҳатмии бозпас гардонидани шаҳрванди Тарафи қабулкунанда будани маҳкумшуда ва розигии хаттии ӯ барои бозпас гардонидан ба Ватан мебошанд.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 6 шахси маҳкумшуда метавонад мувофиқи имконияташ, ба ҳар як Тарафе, ки мехоҳад, оид ба масъалаи бозпас гардонидан ба Ватан муроҷиат намояд.

Мақсади асосии Шартнома дар он зоҳир мегардад, ки (моддаи 13) ҳар як Тараф метавонад мустақилона дар мувофиқа бо қонунгузории худ нисбат ба маҳкумшудаи бозпасгардонидашуда авф ва бахшишро татбиқ намояд.

Ҳамин тавр, тамоми муқаррароти Шартномаи мазкур ба манфиати ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон бо давлати ҳамсоя – Ҷумҳурии Халқии Хитой равона гардидааст ва он қобили дастгирӣ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории тасдиқи Шартномаи мазкур овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

(Идома дар шумораи оянда)

 Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ