РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.
Маҳмадалӣ ВАТАНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Дар арафаи ҷашни 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ваколатҳои конститутсионии худ Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат авф намудани маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноятсодирнамуда таҳия гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 31 таклифу пешниҳод ирсол карданд.
Кумитаи масъул рӯзи 23 октябри соли 2014 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А. Ғафорова, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина лоиҳаро баррасӣ намуд.
Дар натиҷаи муҳокима аз таклифҳои пешниҳодшуда 24- то пурра қобили қабул шуморида, дар мувофиқа бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ онҳо ба лоиҳа ворид карда шуданд. Ҳафт таклиф қобили қабул шуморида нашуд.
Илова бар ин, дар рафти баррасии лоиҳа дар Кумитаи масъул аз ҷониби намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод дар хусуси аз лоиҳаи қонун хориҷ намудани банди 5 моддаи 6 ва ба моддаи 9 қисми 1 банди 2) илова намудани қисми 2 моддаи 328 ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Ин тағйирот ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Таклифу пешниҳодҳои баррасигардида матни лоиҳаро мукаммал гардонида, онро ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ гардониданд.
Мутобиқи моддаи 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон авф мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад, ки мутобиқи он шахси ҷиноятсодиркарда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои ҷазо пурра ё қисман озод карда мешавад.
Ин қонун ба сарнавишти инсон, зиндагии хонаводаҳо, тақдири наслҳо ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа таъсири бевосита дорад.
Бахшидани гуноҳ ва авфи гунаҳгорон аз ҷониби давлат бори дигар эҳтиром гузоштан ба инсон, ҳуқуқу озодиҳои он, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф гардидаанд, ба шумор меравад. Бахшидани гуноҳ инсонро дар интихоби роҳи нек ва роҳи бад ҳушдор медиҳад, мардуми огоҳро ба сӯи ростӣ ва дурустӣ роҳнамоӣ менамояд.
Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва ба муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда мусоидат менамояд.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида санади авф дар навбати аввал нисбати он шахсоне татбиқ карда мешавад, ки ба гурӯҳҳои нисбатан осебпазири ҷомеа шомиланд. Ин гурӯҳ аз нигоҳи синну сол, ҷинс ва вазъи саломатӣ ба авфи гуноҳ бештар эҳтиёҷманд мебошанд. Занон, сарфи назар аз синну сол ва вазъи саломатӣ, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, ки номгӯи онҳо дар лоиҳаи Қонун оварда шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, аз ҳамин лиҳоз ба ин гурӯҳ шомил карда шудаанд. Шахсони дар назди давлату миллат хизматнишондода, дорандагони мукофотҳои давлатии собиқ ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳури Тоҷикистон низ шомили авф мегарданд. Принсипи инсондӯстӣ, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ ва онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд, шаҳрвандони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда низ паҳн гардида, онҳо низ авф мешаванд..
Агар ба матни лоиҳаи қонун назар афканем, мебинем, ки он озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, пурра озод намудан аз ҷазо ё адои ҷазо ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Пурра озод намудан аз ҷазо ё адои ҷазо дар моддаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5- уми лоиҳа, озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар моддаи 6 ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар моддаи 7- уми лоиҳа пешбинӣ гардидаанд.
Вале зикр намудан бамаврид аст на ҳама шахсоне, ки дар моддаҳои 1, 2, банди 1 моддаи 4 ва моддаи 6 нишон дода шудаанд, авф карда мешаванд. Дар ин хусус дар лоиҳа як қатор меъёрҳои маҳдудкунанда ҷой доранд. Чунончӣ, дар моддаҳои 8 ва 9 маҳдудиятҳое пешбинӣ карда шудаанд, ки татбиқи моддаҳои 1-7 аз онҳо вобастагӣ доранд. Масалан, моддаи 8- уми лоиҳа татбиқи моддаи 7-уми лоиҳаро, ки кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазоро пешбинӣ менамояд, маҳдуд менамояд. Аз ҷумла ҷазои шахсоне, ки бо моддаҳои ҷудогонаи дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин модда маҳкум шудаанд, шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд ё ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан бо татбиқи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин озод карда шудаанду боз ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ё зиёда аз он муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо татбиқи қонунҳои авф кам карда шудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷинояти қасдона содир намудаанд ва ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд ва маҳкумоне, ки аз муассисаи ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар муҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад, бо татбиқи моддаи 7 кам карда намешавад.
Дар моддаи 9-уми лоиҳа бошад, як қатор маҳдудиятҳо ҷиҳати татбиқи моддаҳои 1, 2, банди 1) моддаи 4 ва моддаи 6- уми лоиҳа пешбинӣ гардидаанд. Моддаҳои номбурда нисбати шахсоне, ки бо моддаҳои ҷудогонаи дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин модда нишондодашуда маҳкум шудаанд, шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд ё ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки қаблан бо татбиқи авф ё бахшиши ҷазо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин озод карда шудаанду боз ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ё зиёда аз он муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо татбиқи қонунҳои авф кам карда шудаанд, шахсоне, ки дар маҳали адои ҷазо ҷинояти қасдона содир намудаанд ва ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд, нисбати ретсидиви хавфнок ва махсусан хавфнок ва шахсоне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.
Ин модда нисбати занон ва ноболиғон низ истисноҳо муқаррар кардааст, ки мувофиқи онҳо муқаррароти моддаҳои 2 ва 6- уми лоиҳа нисбати занон ва ноболиғоне, ки як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнинро (ҳамагӣ 15 модда) содир намудаанд, татбиқ намегардад.
Дар як вақт ин модда барои татбиқи моддаҳои 1, 2, 4 ,банди 6 моддаи 5 ва моддаи 6 нисбати шахсоне, ки бо моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва257 КҶ маҳкум гардидаанд, шарт, яъне талофӣ намудани зарари расонидашударо муқаррар кардааст.
Бинобар ҳамин, ин нуктаҳо бояд аниқ дарк карда шаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки амали ин қонун нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд ё аз тарафи мақомоти дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаҳои онҳо мавриди баррасии судӣ қарор доранд ё баррасӣ нагардидаанд ё аз ҷониби судҳо маҳкум гардидаанд. Амали ин қонун инчунин ба маҳкумоне низ паҳн мегардад, ки бо ҳукми судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум карда шуда, барои адои ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Дар як вақт дар назар доштан зарур аст, ки санади қабули авф ҳукму қарорҳои судиро бекор намекунад, доғи судиро барҳам намедиҳад ва намебардорад, шахсро аз уҳдадории барқарор намудани зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод намекунад.
Шахсони мувофиқи ин қонун авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Вале шахсоне, ки нисбати онҳо моддаи 7- уми лоиҳаи қонуни мазкур татбиқ мегардад аз ҷазои иловагӣ озод карда намешаванд.
Дар моддаҳои минбаъдаи лоиҳаи қонун тартиби ба иҷро расонидани қонуни мазкур нишон дода шудааст, ки он кори мақомоти татбиқкунандаи авфро осон мегардонад.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала чӣ гуна таклифу пешниҳод ва мулоҳиза доред? Марҳамат.
Убайдулло ДАВЛАТОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Таърихи тамаддуни давлатдории олами Шарқ гувоҳи он аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои суннатӣ бахшидани гуноҳ ва авфи гунаҳгорон иродаи башардӯстӣ, кори нек ва меҳру шафқат нисбати эҳтиром гузоштан ба инсон будааст. Гузаштагони мо то даврони Сомониён ба ин кори нек иқдом намуда, гунаҳгоронро авф карда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд.
Дар арафаи ҷашни 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ пешниҳоди лоиҳаи нави қонуни авф гувоҳи эҳтиром гузоштан ба инсон, ҳуқуқу озодиҳои он, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзишҳои олӣ эълон шудааст, мебошад.
Қонуни авфи пешниҳодшуда ба сарнавишти инсон, зиндагии хонаводаҳо, тақдири наслҳо иртибот дорад. Бахшидани гуноҳ инсонро дар интихоби роҳи нек аз роҳи бад ҳушдор медиҳад ва мардумро ба сӯйи ростӣ ва дурустӣ раҳнамун месозад.
Дар байни онҳое, ки имрӯз гуноҳи онҳо бахшида, ҳаракати ғайриқонунии онҳо дар чаҳорчӯбаи Қонуни авф қарор мегирад, ҳазорон нафар ислоҳшудагон ва ислоҳшавандагоне ҳастанд, ки саҳми арзандаи худро минбаъд дар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ мегузоранд. Онҳоро ҳазорон нафар пиронсолону ҷавонон, ҳамсарону наздиконашон интизоранд.
Қабули ин қонун ба раванди башардӯстии ҷомеаи мутамаддин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Вакилони арҷманд, аз шумо эҳтирмона хоҳиш дорам ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» овоз диҳед.
Саодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ, башардӯстона, ки нишона аз устувории давлати тоҷикон, аз амалҳои беҳтарини ҷавонмардонаи роҳбарияти сиёсии кишварамон мебошад, барои бахшиш ва авф кардани шахсони содирнамудаи гуноҳ пешниҳод гардидааст.
Қонуни пешниҳодшуда аз сиёсати демократӣ ва ватандӯстонаи Сарвари давлат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри амалӣ намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, бевосита амалӣ гардидани онҳо, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳад, ба ин васила давлат шароит ва асоси ҳуқуқиро барои ба муҳити оила, кору зиндагии осоишта баргардонидани шахсони авфшаванда фароҳам меоварад.
Дар ҷомеае, ки мардуми он маданияти баланди инсондӯстона доранд ва ба қадру қимати инсон мерасанд, дар он ҷо якдигарфаҳмӣ ва бахшидани гуноҳи якдигар вуҷуд дорад, авф раво аст.
Биёед, ба хотир биёрем, ки сулҳи тоҷикон аз чӣ оғоз шуд? Аз якдигарфаҳмӣ ва бахшидани гуноҳи якдигар.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба вазъи иҷтимоии сиёсии ҷомеа ва бахшида ба санадҳои гуногуни таърихӣ ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон 14 маротиба аз ҷониби Роҳбари давлат Қонуни авф пешниҳод гардидааст, ки дар натиҷа, ҳазорон нафар фарзандони мо ба ҳаёти осоишта ба назди падару модарон ва оилаҳои худ, ки онҳоро интизор буданд, баргаштанд. Аксарияти зиёди онҳо дар ободии Ватан саҳм гузошта истодаанд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки маҷрои пурталотуми зиндагӣ метавонад шахсро ба мушкилиҳои зиёд дучор намояд, маҳз аз ҳамин сабаб баъзан инсонҳоро бо роҳи иштибоҳ ва гумроҳӣ бурда дар содир намудани ҷиноят замина мегузорад.
Махсусан мехостам моҳият ва бартарии қонуни мазкурро дар масъалаи занон ва ноболиғон зикр намоям, ки садҳо занон ва ноболиғон дар паси панҷара ҷой гирифтаанд.
Дар ин асно, тибқи моддаҳои 2, 4 ва 5 лоиҳаи қонуни зикршуда занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои дараҷаи на чандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, аз ҷазои таъиншуда ва адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Боиси зикр аст, ки занони дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ ҷиноят содир намуда, аз се ду ҳиссаи ҷазои ба ҳукми суд таъиншударо воқеан адо намудаанд, озод карда мешаванд.
Ман чунин фикр мекунам, яке аз сабабҳои асосии содир намудани ҷиноятҳо аз тарафи занон ва ноболиғон, пеш аз ҳама, тарбияи нодуруст ва бенизом дар оила ва паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо ба шумор меравад. Имрӯз вазифаи асосии ҳар як шахс ва роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз он иборат аст, ки шахсони авфгардидаро зери назорат гирифта, барои ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон ва ба ҷои кор таъмин намудани ин гуна занон, инчунин ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо, мусоидат намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ягона умеду орзуҳои маҳкумшудагон, судшавандагон ва айбдоршавандагонро барои зиндагии озодона ва осоишта таъмин намуда, барои ислоҳи минбаъдаи онҳо равон карда шудааст.
Ман умед дорам, ки занон ва ноболиғони дар зиндагиашон ба хатоӣ роҳдода, алалхусус ноболиғон, ба муҳити оилавиашон баргашта, бо меҳру муҳаббати гарми падару модарони худ фаро гирифта мешаванд ва дар рӯҳияи инсондӯстонаву ватанпарварона инкишоф меёбанд.
Бояд тазаккур дод, ки мавқеи зан дар ҷомеа дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ҷойи махсусро дорад. Ҳамзамон қабул ва татбиқи меъёрҳои қонуни мазкур аз мақомоти марбута назорат ва риояи дақиқи муқаррароти онро талаб намуда, дар навбати худ барои мардуми азизи Тоҷикистон паёме ҷиҳати интихоби роҳи дуруст ва ҳаёту зиндагии солим ба ҳисоб меравад.
Зарур аст, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки ба татбиқи қонуни мазкур машғул мегарданд, ҳангоми иҷрои муқаррароти он ба омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсионӣ роҳ надода, баҳри амалишавии ин санади инсондӯстона бо дили гарму дасти пок амал намоянд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, он дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ карда шуд.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» овоз диҳед.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: - Мардуми кишвар интизори ин авф мебошад, зеро ҳангоми вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир ба ин масъала бештар пурсон мешуданд. Боиси хурсандист, ки имрӯз мо, вакилон, лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ дорем. Ифтихори мо, вакилон аст, ки қонун дар бораи авф маҳз дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул мешавад. Ҳамзамон дар татбиқи он низ мо, вакилон, масъул мебошем.
Дар сохтори давлатдорӣ аз қадим бахшидани гуноҳ — авф вуҷуд дошт.
Феълан авф чӣ гуна моҳият дорад? Ноболиғ ҳангоми содири гуноҳ шояд тасаввур надошта бошад, ки барои ин амал ҷазо мебинад. Вақте наврас муддати тӯлонӣ дар маҳбас адои ҷазо мекунад, дар таъсири калонсолон меафтад. Ба ҷои ислоҳ шудан, баръакс рафтору ахлоқаш вайрон мешавад. Аз ин сабаб авф нисбати чунин қишри ҷомеа бисёр муҳим аст. Авф шудани шахсони гирифтори бемориҳои вазнин низ намунаи амали инсондӯстона дониста мешавад.
Баъди қабул марҳилаи татбиқи қонун оғоз меёбад. Дар қонун мақомоти дахлдори ба амал татбиқ намудани он нишон дода шудааст.
Маълум, ки хешовандон, наздикони маҳкумшудагон доир ба авф ба чунин мақомот барои маслиҳат муроҷиат менамоянд.
Пешниҳод дорем, ки назди ин мақомот аз кормандони масъул гурӯҳҳо таъсис дода шаванд то ба корафтодагон маълумоти заруриро дода тавонанд.
Дар ин кор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонанд иштирок намоянд.
Муҳиддин КАБИРӢ: — Қабули қонуни мазкур боиси хурсандист. Хуб мебуд, дар марказҳои вилоятҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазо тамоми авфшавандагон сабти компютерӣ мешуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафтҳои технологӣ имкон медиҳанд, ки ин тадбир амалӣ шавад.
Ба ин восита сӯйистифода аз татбиқи қонун дар бораи авф пешгирӣ мегардад.
Дар қонун таври возеҳ нишон дода шудааст, ки авф нисбати кадом гурӯҳи маҳкумшудагон татбиқ мешавад.
Пешниҳоди дигар ин аст, ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби мутахассисони бахши ҳуқуқ ҳамаҷониба шарҳ дода шавад.
Авф ҷузъи фарҳанги мост. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, динӣ, адабӣ он таҷассум шудааст. Барои авф аз имкониятҳо бештар истифода барем. Ҳар сол санаҳои муҳими давлатӣ, аз қабили ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдат, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия таҷлил мешаванд.
Аз ин фурсатҳо истифода бурда, қонун дар бораи авфро татбиқ намудан мувофиқи матлаб мебуд.
Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!
Имрӯз дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи фаромӯшнашавандаву муҳими таърихӣ мебошад, зеро парламенти мамлакат санадеро қабул менамояд, ки лоиҳаи онро Сардори давлат бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ пешниҳод карда, татбиқ намудани авфро нисбати шахсоне, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиати давлат ва ҷомеа зарари ҷиддӣ расонидаанд, яъне ҷиноят содир намудаанд, масъалагузорӣ намудаанд.
Аз ин лиҳоз, мо — намояндагони халқ дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат бояд донем, ки бо кадом сабаб ва мақсад Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Тоҷикистон салоҳияти пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро танҳо ваколати истисноии Президенти мамлакат мансуб донистааст ва натиҷаҳои қабули онро Сардори давлат дар чӣ мебинад?
Барои он, ки ба ин саволҳо ҷавоб ёбем, мо бояд, пеш аз ҳама, донем, ки зери мафҳуми «авф» чӣ ниҳон аст. Авф аз калимаи юнонии «amnistia» сарчашма гирифта, маънои фаромӯшкуниро дорад. Дар тафовут аз бахшиши ҷазо авф аз ҷониби мақоми олии қонунбарори давлат нисбати шумораи номуайяни шахсони ҷиноят содирнамуда бо мақсади сабук гардонидани ҳолат ва вазъи онҳо қабул карда мешавад. Бо санади авф шахси ҷиноят содирнамуда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, адои ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад, ҷазои адонакардаи ӯ қисман ихтисор гардад ё ба дигар намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад.
Қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони мустақил, ки роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт, барои миллати соҳибтамаддун ва ҷумҳурии азизи мо тақдирсоз мебошад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқии фарогири тамоми принсипҳои ҷомеаи демократӣ эътироф гардида, ҳамчун сарчашма дар омода намудани конститутсияи давлатҳои дигар истифода мегардад, ки ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, пешниҳоди Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошад, зеро он мутобиқ ба принсипҳои инсондӯстӣ ва ҷомеаи адолатпарвар буда, Президенти кишвар танҳо аз нигоҳи раҳму шафқат ва садоқат ба рӯҳияи инсондӯстӣ мехоҳанд ба муносибати ҷашнвораи санади тақдирсози миллат, гурӯҳи ҳамватанон, ки кирдори ҷиноятии онҳо боиси зарари ҷиддӣ нагардидаанд, ба ҷамъият хавфи зиёд надоранд, авф карда шаванд ва онҳо ба оила, назди фарзандону ҷигарбандон ва ҳаёти осоишта баргарданд.
Лоиҳаи қонун дар истеҳсолоти мақоми таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд қатъ кардани пешбурди парвандаҳои ҷиноятиро нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё қасдан ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, инчунин шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 246 (тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда), 247(қаллобӣ), 253 (расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) ва 257(тасарруфи воситаи фондҳои кумаки хориҷӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир карда, зарари моддии расонидаашонро пурра барқарор намудаанд, пешниҳод менамояд.
Занон, ноболиғон, мардони аз синни 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3, инчунин шахсони гирифтори касалиҳои махсусан вазнин (омоси бадсифат, сил ва ишемияи дил), иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро қасдан тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд, агар онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ баргарданд, инчунин шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд, сарфи назар аз муҳлати таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда мешаванд.
Инчунин маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудаанд, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд, ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, хиёнат ба Ватан, терроризм ва ғайраро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд.
Ғайр аз ин, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шудани шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то 1 солу 6 моҳ боқӣ монда, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнини зикргардидаро содир кардаанд, пешниҳод карда шудааст.
Ҳамин тариқ, муқарраротҳои лоиҳаи қонуни мазкур ба принсипҳои инсондӯстона асос ёфта, он ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
Мунаввара КЕНҶАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, имрӯз мавриди муҳокима қарор дорад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳим, яъне авф кардани гуноҳи занҳое, ки ҷиноят содир кардаанду айни ҳол дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, диққати ҷиддӣ дода шудааст.
Аз ҷумла тибқи моддаи 1-уми лоиҳаи қонун шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду аз чор се ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти банди 6) моддаи 5 лоиҳаи Қонун шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намуда бошанд, аз ҷазои таъиншуда ё адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Яъне, меъёри мазкур боз имкон медиҳад, садҳо нафар шахсоне, ки дар натиҷаи кирдори ҷинояткоронаи худ ба ташкилоту шаҳрвандон зарари моддӣ расонидаанд, вале сидқан аз кирдори содирнамудаашон пушаймон буда, зарари расонидаро пурра талофӣ намудаанд, аз муқаррароти моддаи мазкур бархӯрдор мегарданд.
Дар доираи талаботи моддаҳои 8 ва 9-уми лоиҳаи қонун, ки масъалаҳои қисман ва ё пурра татбиқ нагардидани меъёри қонуни мазкур нисбати шахсони барои ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, танзим карда мешавад. Аз ҷумла истисно ба занҳо низ дода шудааст, ки он мазмунан татбиқшавии яке аз паҳлуҳои сиёсати давлатӣ дар самти муҳофизат ва пойдории оила, ба ҳаёти солим баргардонидани занҳо ва ба ин восита пойдор намудани асосҳои иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми татбиқи муқаррароти қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти марбута ва шахсони мансабдор ҷиҳати роҳ надодан ба гуногунфаҳмӣ ва амалишавии меъёрҳои қонун диққати ҷиддӣ дода шавад.
Лоиҳаи қонуни зикршуда дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор гирифта, он пурра ҷонибдорӣ карда шуд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» овоз диҳед.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» тибқи ҳуқуқи конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, амалисозии арзиши олии эътироф намудани ҳуқуқи инсон буда, зуҳури инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бахшиши гуноҳи шаҳрвандон мебошад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун муроҷиатҳои шаҳрвандон, маводи тавассути воситаҳои ахбори омма пешниҳодшуда ба инобат гирифта шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф кардани хавфнокии ҷинояти содиргардида ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, то ин давра понздаҳ қонуни авф қабул шудааст, ки тибқи онҳо нисбати сад ҳазору дусаду чордаҳ нафар маҳкумшудагон, дастгиршудагон, гумонбаршудагон татбиқ гардидааст. Ин шонздаҳумин қонун дар бораи авф аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад.
Мехостам оид ба пешниҳодоти чанде аз вакилони муҳтарам ҷавоб диҳам. Вобаста ба хатарҳои эҳтимолияти коррупсионӣ дар татбиқи санади авф ва таҳти назорат гирифтани ҷараёни иҷрои он, инчунин оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ алаккай лоиҳаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» Амри мазкур ҳатман содир мешавад. Дар он банди махсус ба татбиқкунандагони санади авф пешбинӣ гардидааст. Мутобиқ ба он қонун ҳамаҷониба фаҳмонда шуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин Комиссияи махсуси байниидоравӣ дар сатҳи баланд ташкил мешавад, ки иҷрои санади авфро ҳар моҳ ҷамъбаст намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.
Амалҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд. Санади минбаъдаи авф алаккай ба нақша гирифта шудааст.
Дар охир эҳтироми худро ба шумо, вакилони муҳтарам, изҳор намуда, хоҳишмандам ба ҷонибдории қабули қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонуни мазкур модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Вакилони арҷманд! Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ҳоло мо онро бо аксарияти кулли овозҳои вакилон қабул кардем, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошт ва арҷгузорӣ аз ҷашнвораи 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар ҷараёни фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дувумин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба шумор меравад.
Ҳангоми баррасӣ дар гузоришҳои ироагардида роҷеъ ба тамоми паҳлуҳои қонуни мазкур ба таври муфассал сухан рафт. Аз ин рӯ, мехоҳам танҳо чанд масъалаи дигарро хотиррасон намоям.
Албатта, амали татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дорои ҷараёни мушкили ҳуқуқиву созмондиҳӣ буда, тавре дар қонун зикр гардидааст, аз ҷониби мақомоти зерин иҷро карда мешавад:
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре огоҳӣ доред, аҳли ҷомеаи кишвар нисбати пешниҳоди қонуни мазкур таваҷҷуҳ ва рӯҳбаландии зиёд зоҳир намуд. Хусусан авфшудагон бо арзи сипосу миннатдорӣ аз Сарвари давлат мунтазири ҳар чӣ зудтар ба озодӣ баромадан ва ба пеши наздиконашон баргаштан мебошанд. Қарори Маҷлиси намояндагон имрӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад ва боварӣ аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба имзо мерасад.
Итминони комил дорам, ки аз ҷониби ин мақомот татбиқи қонуни мазкур дар муҳлатҳои муайяншуда бо дарки принсипҳои инсондӯстӣ ва бо камоли эҳсону шафқат амалӣ хоҳад гардид.
Масъалаи дигаре, ки мехоҳам хотиррасон намоям, он аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вобаста ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии авфшавандагон тамоми чораҳои заруриро андешида, ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудан, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба онҳо, бохабар шудан аз вазъи саломатии маъюбону пиронсолони яккаю танҳо, инчунин ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ва ғайра шароити муносиб муҳайё намоянд.
Аз вакилони арҷманд хоҳишмандам, ки бо мақсади ба таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишвар расонидани мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз тариқи телевизион, радио, рӯзномаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма бо шарҳу гузориш ва мақолаву тафсирҳо фаъолона иштирок намуда, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои алоҳида ташкил намоянд.
Ҳамчунин мехоҳам ба ҳамаи авфшудагон таъкид намоям, ки бо истифода аз чунин фурсати муносиб минбаъд дар зиндагӣ роҳи дурустро пеш гирифта, бо кору фаъолияти арзанда ва риояи қонунҳо намунаи ибрат гарданд, дар ҷомеа ва муҳити оилавӣ мавқеи сазовори худро пайдо намоянд.
Ба ҳамаи шумо, вакилони арҷманд, ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва якдилона қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» самимона изҳори миннатдорӣ менамоям.
Биёед, барои ин амали башардӯстона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ ва изҳори арзу сипос намоем.
РАИС: — Дар бораи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки 5 октябри соли 1961 дар шаҳри Гаага ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.
Тасдиқи Конвенсияи мазкур аз талаботи Протоколи ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бармеояд, ки мувофиқи он бояд расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба ин Конвенсия ба анҷом расонида шавад.
То имрӯз 106 давлат, аз ҷумла ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Туркия аъзои Конвенсияи мазкур мебошанд. Ҳамзамон давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ғайр аз Туркманистон аъзои Конвенсия ҳастанд.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага барои Тоҷикистон қадами муҳим буда, кишвари мо дар ин раванд иқдомҳои заруриро меандешад.
Мақсад аз ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, пеш аз ҳама,
- беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат тавассути таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва
- ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ мебошад.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага афзалиятҳои зерин дорад:
1. Барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи устувор фароҳам меорад.
2. Расмияти раванди тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо сода мегардад.
Баъд аз Апостил ягон гуна тасдиқ ва аз нав легаликунонии ҳуҷҷат талаб карда намешавад ва он аз ҷониби мақомоти расмии ҳама гуна давлатҳои аъзои Конвенсияи Гаага эътироф карда мешавад.
3. Муҳлат барои баррасии тасдиқи нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо кӯтоҳ карда шуда, хароҷот коҳиш дода мешавад.
4. Доираи фаъолияти сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар барои хизматрасонӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ васеътар мегардонад.
5. Роҳандозии хизматрасонӣ барои гузоштани Апостил манбаи даромади молии устувор барои мақомоти марбутаи кишвар хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ба сармоягузорони хориҷӣ имконият медиҳад, ки онҳо тамоми ҳуҷҷатҳои Апостил гузоштаи худро ба мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамоният, яъне бе тасдиқ ва легаликунонии минбаъда пешниҳод намоянд ё ин ки онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ дар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Апостил гузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз соли 2007 то инҷониб ҷиҳати тасдиқи Конвенсияи мазкур корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Барои омӯзиш ва омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз 8 январи соли 2013 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ташкил карда шуда буд.
Гурӯҳи кории мазкур дар давоми як сол қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба меъёрҳои Конвенсия 11 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода сохта, ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд.
Аз шумо, муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ»-ро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Ба диққати шумо Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки 5 октябри соли 1961 дар шаҳри Гаага ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад. Конвенсияи мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.
Конвенсия аз 15 модда иборат буда, он нисбати ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар қаламрави яке аз давлатҳои аҳдкунанда ба имзо расидаанд ва бояд ба қаламрави дигар давлати аҳдкунанда пешниҳод карда шаванд, татбиқ мегардад.
Бояд зикр кард, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур дорои як қатор афзалиятҳо ва имкониятҳои мусбӣ, аз қабили кам шудани муҳлат ва хароҷот барои тасдиқкунии аслияти (баромади) ҳуҷҷатҳо, содагардонии расмиёти тасдиқкунии ҳуҷҷатҳо, сарфаи вақти кормандони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, мебошад. Инчунин барои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Конвенсияи мазкурро ҷонибдорӣ намудаанд.
Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷиҳати тасдиқи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» пешниҳод шудааст.
Ҳадафи асосии Созишномаи мазкур ин бунёд намудани асоси ҳуқуқӣ ва ташаккул додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн дар соҳаи андозбандӣ мебошад.
Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки шароити мусоид барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда, аз ҷумла ба танзим даровардани низоми андозбандии даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда тавассути бартараф намудани андозситонии дукарата фароҳам оварда шавад. Тақвият бахшидан ба амалӣ гардонидани Созишномаи номбурда имконият медиҳад, ки эҳтимолияти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила дар байни давлатҳои Аҳдкунанда мунтазам афзоиш ёбад.
Қобили тазаккур аст, ки масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоотӣ байни мақомотҳои салоҳиятдор ба танзим дароварда мешаванд. Ин густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт боз ҳам мустаҳкам гардонида, боиси инкишофи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, мусоидат хоҳад намуд.
Муқаррароти Созишномаи зикршуда дар доираи принсипҳои қонунгузории байналмилалӣ дар соҳаи андоз, омода карда шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ» мутобиқ аст.
Дар маҷмӯъ, татбиқи Созишномаҳо оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдор амалӣ карда мешаванд, равиши афзоиши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд гардидани сармоягузории хориҷӣ дар иқтисодиёти ин кишварҳо мушоҳида мегардад.
Бояд зикр кард, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Созишнома (Конвенсия) бо 28 давлати дунё то имрӯз баста шудааст, ки он аз тарафи шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ва қабул гардидааст.
Мувофиқи тартиботи дохилидавлатӣ Созишномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн дар санаи 28 майи соли 2014 ба имзо расонида шудааст.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 28 майи соли 2014 дар шаҳри Манома ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2014 таҳти № 2569 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади Созишнома ин бартараф намудани андозбандии дукарата, андоз аз даромад ва ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Баҳрайн мебошад.
Муқаррароти Созишномаи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) омода карда шудааст.
Ба андозҳои амалкунандае, ки нисбати онҳо Созишнома татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳо мансубанд:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) андози даромад;
2) андоз аз фоида;
3)андоз аз амволи ғайриманқул; (ки минбаъд «андозҳои Тоҷикистон» номида мешаванд).
Дар Шоҳигарии Баҳрайн андози даромад, ки мутобиқи Фармони Амир №22/1979 ҳамчун «Андози нафт» ситонида мешавад (минбаъд «андози Баҳрайн» номида мешавад).
Созишнома ҳамчунин нисбати ҳама гуна андозҳои ба ин монанд ва аз рӯйи хусусияташон якхелае, ки баъди санаи ба имзо расидани Созишномаи мазкур илова бар андозҳои мавҷуда ё ки бар ивази онҳо ситонида мешаванд, мавриди татбиқ қарор мегирад. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Аҳдкунанда якдигарро аз ҳар гуна тағйироти назаррасе, ки ба қонунгузории андози онҳо ворид карда мешаванд, огоҳ месозанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 16 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Санади мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро ҷонибдорӣ намуда, баррасии онро дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.
Аз ин хотир, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: - Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишномаи грантӣ маблағи 2,0 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Шартҳои татбиқи Созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Созишномаи мазкур анҷом додани корҳои зерин:
- таҳвили мошинҳои махсуси партовҷамъкунӣ барои ҷамъоварии механикикунонидашуда бо истифода аз қуттиҳои (контейнерҳои) оҳанин;
- таъмир ва барқарорсозии 80 нуқтаи партовҷамъкунӣ, азнавсозии гаражҳо ва сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ барои мошинҳо дар қисмати шаҳр, ки хонаҳои баландошёна ҷойгиранд;
- сохтмони партовгоҳи нави замонавии ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории экологӣ ва санитарии амалкунанда ҷавобгӯй ба нақша гирифта шудааст.
Дар партовгоҳҳо васл намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии газ, менбрана бо филтр ва ҳавз барои ҷамъоварии обҳои аз партовгоҳ ҷоришаванда, қабати махсус барои ҳимояи обҳои зеризаминӣ, васл намудани тарозу, сохтмони бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯи мошинҳои махсус ва қуттиҳои оҳанин, сохтмони зарфи нигоҳдории об ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он 19 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Мақсади Созишнома ин ҷудо намудани грант оиди маблағгузории қисми лоиҳа ҷиҳати беҳтар намудани идоракунӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст.
Мутобиқи шартҳои Созишнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд грантро ба маблағи 2,0 млн.доллари амрикоӣ аз ҳисоби воситаҳои Фонди махсуси Бонк барои харидани молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои муайяни ба лоиҳа алоқаманд ҷудо менамояд.
Дар Созишномаи грантӣ ҳама шартҳои татбиқи лоиҳа оварда шудаанд, ки онҳо ба шартҳои Созишномаи қарзӣ як хел мебошанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи мазкурро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.
Зиёратшо САЪДУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Танҳо аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як таклиф пешниҳод гардид, ки он қобили қабул дониста шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур 23 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Тағйироти ба қонуни амалкунанда воридгардида қонуни мазкурро такмил дода, мутобиқати дохилии меъёрҳои онро ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Исматуллоев Дилшод дода мешавад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод гардидааст.
Ҳадафи асосии пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз мутобиқ гардонидани меъёрҳои он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2583 аз 20 октябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экпертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил додани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, инчунин оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният нуҳ таклифу пешниҳод ирсол гардиданд, ки ҳамаи онҳо пурра қабул шуда, ба лоиҳа ворид карда шуданд.
Кумитаи масъул 23 октябри соли 2014 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А. Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.
Абдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд.
22 октябри соли 2014 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин дода мешавад.
Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»,ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2584 аз 20 октябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва дигар Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд, манзур мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни мазкур бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳия ва пешниҳод гардида, дар қисми 2 моддаи 22 калимаҳои «муқарраргардидаи қонун» ба калимаҳои «муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар қисми 3 моддаи 49 калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шудаанд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро дар ҷумҳурӣ муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онро муқаррар менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро бо хулосаҳои пешниҳоднамудаашон дастгирӣ карданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи қонуни мазкурро 21 октябри соли 2014 мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, ҷиҳати такмили он ду таклиф пешниҳод намуд, ки онҳо қабул карда шуданд. Рӯзи 22 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндаҳои кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад ва амалӣ намудани онҳо аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-ро ба баррасии шумо, вакилони гиромиқадр, пешниҳод карда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Зайниддин дода мешавад.
Зайниддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2014 таҳти №2591 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дар таҳрири нав ифода кардани матни сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 69 қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Комиссияи экологӣ масъалаи зикргардидаро 22 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқ ва шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ