Шарипов Сӯҳроб Ибронович

№10 (3311) 21.01.2015

ШариповМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабар медиҳад, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар Сӯҳроб Ибронович Шарипов 19 январи соли 2015 дар айёми авҷи камолот вафот кард.

Марги беамон аз миёни мо шахсеро рабуд, ки тамоми фаъолияти меҳнатӣ, донишу хирад, неру ва саъю талоши худро барои бунёди ҷомеаи навини кишвар баҳри пешбурди сиёсати Давлату Ҳукумат ва Роҳбари давлат  сарф кард.

Сӯҳроб Ибронович Шарипов 18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи олим ва файласуфи маъруфи кишвар Иброн Шарипов ба дунё омад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм намуд. Ба унвонҳои баланди номзади фанҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ сазовор гардид.

Сӯҳроб Шарипов дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аспирант ва корманди илмии факултети  фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, мудири шуъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Ӯ тамоми заковату неруи худро барои бунёди ҷомеаи навини кишвар сарф намуда, ба ояндаи шукуфову пурбори он итминони комил дошт. Дар дилу хаёли Сӯҳроб Шарипов ғайр аз Ватан ва хидмат ба Ватан чизи дигаре набуд.

Ҳамчун вакили даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумуи парламенти касбии тоҷик самимона саъю талош варзид. Ҳангоми баррасии қонунҳо бо камоли масъулият ва харҷи донишу таҷрибаи ғанӣ муносибат намуда, барои аз ҳар лиҳоз босифат қабул гардидани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми муносиб гузошт.

Муаллифи ду асари арзишманд оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёда аз 300 мақола мебошад.

Вай узви Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкории Шанхай, узви Шӯрои илмии Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва узви Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзади илмҳои сиёсӣ буд.

Бо медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Ба уҳдаи Сӯҳроб Ибронович ҳар вазифае, ки супурда мешуд, онро бо камоли масъулиятшиносиву кордонӣ, эҳсоси баланди поквиҷдонӣ, бо харҷи тамоми қуввату ғайрат ба иҷро мерасонд. Ҳамчун мутахассиси сиёсати ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруф буд.

Сӯҳроб Шарипов инсони хоксору беозор, некусиришт, ҳалиму меҳрубон буд. Покдилу покният, дилаш беолоиш, саршори меҳру муҳаббати мардум буду халқу Ватан. Дар миёни ҳамкасбон, дӯстон, хешовандон ва шогирдон сазовори эҳтирому дӯстдории зиёд гашта буд.

Шайх Саъдӣ гӯё ки ин байтро дар ҳаққи Сӯҳроб Шарипов гуфтааст:

Гули бехор муяссар   нашавад дар бӯстон,

Гули бехори ҷаҳон мардуми некусияранд.

Сӯҳроб Шарипов ҳанӯз ҷавон буду дар дил орзуҳои зиёди хидмат ба халқу Ватан дошт. Дареғо, марги беамон нагузошт, ки ӯ ҳамаи орзуҳои худро амалӣ намояд. Вале дар муддати умри на чандон тӯлонии худ ӯ тавонист, ки бо хислатҳои ҳамида, бо донишу заковат дар дилу дидаҳо ҷой бигирад, аз худ нишонаҳои нек ба ёдгор монад.

Мо имрӯз бо қалбҳои пурдарду андӯҳ Сӯҳроб Шариповро ба роҳи охират гусел карда, бовари комил дорем, ки ёди неки ӯ аз дилу хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Марги Сӯҳроб Шарипов барои ҳамаи мо талафоти гарон аст. Вале мо ёди ӯ, кору фаъолияти ӯро дар дили худ, дар хотири худ ҳамеша зинда хоҳем дошт.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Ба аҳли хонавода, дӯстону хешовандони Сӯҳроб Ибронович Шарипов изҳори ҳамдардиву тасаллият намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонем.