28-уми октябри соли 2022 дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Маҳмадтоир Зокирзода, аз ҷумла, гуфт, ки итминон дорем дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем.
- Муносибатҳои байнипарлумонӣ, тавре маълум, барои рушди муносибатҳо дар ҳама соҳа, аз ҷумла барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ, аҳамияти бузург доранд, — зикр кард номбурда.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарлумониро миёни ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
28-уми октябри соли 2022, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуда, ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи дуҷониба ва дар формати бисёрҷониба муносибатҳои самимии дӯстона инкишоф ёфта, ҳар ду кишвар дар доираи АБ ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии СААД ҳамкории судманд доранд.
- Итминони комил дорам, ки шарикии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи ҳар ду давлат рушд хоҳад кард, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев низ иброз дошт, ки ҷонибдори густариши ҳар чӣ бештари ҳамкории байнипарлумонӣ миёни кишварҳо мебошад ва илова намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии вохӯрии роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар ҳама замина ба шумор меравад.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама соҳа густариш ёфта, маҷрои навро касб мекунад.
28-уми октябри соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов низ ҳамсуҳбат шуд.
Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки омили муҳими робитаҳои дуҷонибаи парлумонӣ сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба шумор рафта, бояд ҳар чӣ бештар тақвият ёбанд.
Зикр гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар палатаи қонунгузори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳама созишномаҳои имзокардаи сарварони ҳар ду кишвар тасвиб шудаанд. «Ман фикр мекунам, ки ин намунаи хуб аз кори созанда, пӯё ва ҳамоҳанги мо мебошад», — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид, ба роҳ монда шуда, мустаҳкам мегарданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон