Мулоқоти Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Марат Ҳуснуллин

№117 (4700) 29.09.2023

384305072_643917424559640_5235084489125426727_n29-уми сентябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, ки бо саъю талоши роҳбарони ҳар ду давлат бемайлон рушд доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зикр гардид, ки байни ҳар ду давлат ҳамкориҳои устувор дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, робитаҳои байналмилалию байниминтақавӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тавсеа меёбанд.

Дар ин зимн, нақши робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Россия арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоя, инноватсия ва технологияҳои нав, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ки аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд, андешаронӣ карда, дар ин раванд нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро таъкид намуданд.

Вобаста ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории фаъоли тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин, ҳавасмандии шаҳрдории пойтахт барои рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷонибаи байни пойтахтҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, зикр гардид.

www.majmilli.tj