Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун

№105 (4688) 24.08.2023

ЛЯНХУН23 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафари расмии худро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоуи музофоти Чжэтзян идома доданд.

Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби чинӣ барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор карданд.

Зикр гардид, ки дар давраи сипаришуда ба шарофати саъй ва талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат, шарикии стратегии Тоҷикистону Чин бо вусъати тоза рушд ёфта истодаанд.

Байни кишварҳои мо муносибатҳои мутақобилаи сатҳи баланду эътимодбахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ хос аст. Дар ин раванд равобити байнипарламентӣ ва байниҳизбӣ мавқеи муассир доранд.

Ҷонибҳо ба натиҷаҳои баланди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо баҳои баланд дода, барои рушди минбаъдаи тамосу робитаҳои судманди миёни шаҳрҳову минтақаҳои Тоҷикистону Чин ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои музофоти Чжэтзян дар бахшҳои аграрӣ, энергетика, тиҷорати электронӣ, роҳсозӣ, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда шуданд.