Номаи табрикӣ

№75-76 (4815-4816) 14.06.2024

Баркия — копия12-уми июни соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба унвони Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба муносибати Рӯзи Россия номаи табрикӣ ирсол намуданд.

Дар номаи табрикӣ зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамеша аз дастовардҳои шарики стратегӣ ва ҳампаймони худ истиқбол менамояд. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Россия намунаи робитаҳои мутақобилан судманди байнидавлатӣ буда, дар ин ҷода шохаҳои қонунгузори ҳокимият саҳми арзанда доранд. Изҳори итминон карда шуд, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар оянда низ ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ва халқҳои мо мусоидат хоҳад намуд.

www.majmilli.tj