Маърифати ҳуқуқӣ

Пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин раванд чӣ масир дорад?

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба мавзӯи танзим ба самтҳо ҷудо мешаванд. Самтҳои танзими ҳуқуқӣ дар шакли кодекс, қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мешавад. Санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли кодекс дар сурате пешбинӣ мешавад, ки самти танзими он муносибати васеи ҷамъиятиро дар бар гирад. Санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли қонун бошад, дар сурате пешбинӣ мешавад, ки самти танзими он муносибати васеи ҷамъиятӣ набуда, қабули кодекс ё ин ки якҷоя кардани чанд қонуни мукаммал фаҳмиши ин самтро душвор мегардонад.

Дар асоси сархати якуми моддаи 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мафҳум бо чунин шакл муқаррар шудааст « — санади меъёрии ҳуқуқӣ -ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъй­пурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад». Мафҳуми зикршуда дар қонуни мазкур моҳияти санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли пурра ифода кардааст.

Хулосаи ҳуқуқӣ ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷате мебошад, ки аз ҷониби мутахассис (ҳуқуқшинос) тибқи уҳдадории мансабӣ ё дигар бо дарки масъулияти баланд пешниҳод карда шуда, дар он масъалаҳои мутобиқ, мувофиқат, норасоии меъёрию техникӣ, риоя кардани талаботи умумии қонунгузорӣ бо асосноккунӣ ифода шуда, ба мақоми дахлдор, тибқи уҳдадории мансабӣ ё дигар пешниҳод мешавад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши асосиро Конститутсия дорад, чунки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегиранд. Ҳамин тавр, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ҳуқуқшинос ё дигар шахсони масъул бояд матн ва моҳияти лоиҳаи қонунро ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ва мувофиқ карда, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намояд. Барои таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки дар он ёрии мутахассисони дигар соҳаҳои илмӣ зарурат дорад, онҳо ҷалб мешаванд.

Дар сурате ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати баррасӣ пешбинӣ мешавад, ҳуқуқшинос барои пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ уҳдадориро ба зимма гирифта, вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро менамояд. Дар давраи баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ мутахассис (ҳуқуқшинос) матни лоиҳаро пурра хонда, матни тоҷикиро бо матни русӣ ва ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ карда, сипас норасоиҳои техникию меъёриро асоснок карда, онро пешниҳод менамояд.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ворид кардани илова, тағйир ва ғайра риоя кардани техникаи меъёрэҷодкунӣ нақши асосӣ дорад. Дар ин самт матни лоиҳаи қонун, ном ва дигар масъалаҳои техникӣ бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ шавад. Дар сурати пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ ба санади меъёрии ҳуқуқӣ масъалаҳои техникию меъёрӣ бо меъёрҳои қонуни мазкур мутобиқ ва асоснок мегардад.

Ҳамин тавр, қисми таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз сархат, банд, зербанд, қисм дар модда, модда, фасл, боб ва ғайра иборат аст, ки ҳар яки он дар алоҳидагӣ мавзӯи танзими худро дорад. Ҳангоми пешниҳоди санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал ва номукаммал ба мақоми қонунгузорӣ қисмҳои таркибӣ ба назар гирифта мешаванд, зеро бояд тағйироту иловаҳо ба мавзӯи танзим мувофиқ бошад. Масалан, дар моддаи принсипҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ илова кардани уҳдадорӣ ё вазифаҳо манъ аст.

Яке аз масъалаҳои пешниҳод кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ кардани он ба меъёрҳои моддаи 43 ва дигар моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Дар таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ном бо матни он мутобиқ карда шуда, сипас моҳияти масъалаи мавзӯъ (номи санади меъёрии ҳуқуқӣ) дар шакли меъёри матни он бояд пурра ҳал шуда бошад. Дар сурате ки ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ифода наёфтани ягон меъёр дар асоси хулосаи ҳуқуқӣ он бозпас, рад ё барои ислоҳ аз нав барои баррасӣ кардани он муқаррар шавад. Барои он ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷонибдорӣ ёбад, ба таҳиякунандагон зарур аст, ки бо роҳи шартнома ё дигар роҳҳо мутахассисон ва мутахассисоне, ки дар самти мазкур, новобаста аз ихтисос ба корҳои илмӣ машғуланд, ҷалб шаванд. Аслан, дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор гурӯҳи корӣ оид ба таҳия кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он нигарон аст, тибқи моддаи 12- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таъсис дода шуда, сипас лоиҳаи он барои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мешавад.

Дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ муҳлат нақши асосиро дошта, ба воситаи он санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор мегирад ё ин ки аз эътибор соқит мешавад. Дар моддаи 14- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» илова кардани қисми 4: «4. Агар дар матни санади меъёрии ҳуқуқии нав муҳлати амал ва муҳлати беэъти­борӣ барои санади меъёрии ҳуқуқӣ ифода шуда бошад, бояд муҳлатҳои муқарраршуда риоя карда шаванд» боиси такмили қонуни мазкур мегардад.

Пешниҳоди санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми қонунгузорӣ дар шакли мукаммал ва номукаммал сурат мегирад. Яъне, мукаммал будани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ шакли пурраи матни онро ифода менамояд, ки дар натиҷаи гузаштани давраҳои қабул, ҷонибдорӣ, имзо ва интишор санади меъёрии ҳуқуқии нав мавриди амал қарор гирифта, дар сурати мавҷуд будани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда он беэътибор дониста мешавад. Дар сурате ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба мақоми қонунгузорӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли номукаммал пешниҳод шуда бошад, дар натиҷаи он ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда илова, тағйироту иловаҳо ва ғайра ворид карда мешаванд.

Ҳамзамон, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии номукаммал ҷиҳати тағйироту илова кардани модда ё қисм ва ғайра ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пешбинӣ мешавад. Дар ин маврид хулосадиҳанда бояд лоиҳаи санади мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, муқаррар намоянд, ки оё тағйиру илова ва ғайра дар шакли модда, қисм ва ғайра ба модда ва қисми санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ мебошад ё ин ки ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ва мувофиқатии онҳоро ҳамаҷониба санҷида, сипас дар хулосаи ҳуқуқии худ норасоии онро пешниҳод намояд.

Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал ҷиҳати пурра тағйироту иловаҳо ворид кардан ба ном ва матни санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ё барои таҳия кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии нав пешбинӣ шудааст. Барои пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал ба мутахассис (ҳуқуқшинос) зарур аст, ки мутобиқатӣ ва мувофиқаи матни онро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаҷониба омӯхта, таклифҳои худро доир ба лоиҳа асоснок карда, пешниҳод намояд.

Пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳуқуқшинос доштани маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Бинобар ин, ҳуқуқшинос бояд дониши касбии худро ҷиҳати пешниҳод кардани хулосаи ҳуқуқӣ такмил диҳад.

Баҳрулло ҒАЮРЗОДА,

мушовири калони Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор