Саҳми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккулёбии бехатарии радиатсионӣ дар кишвар назаррас аст

№10 (3311) 21.01.2015

Бехатарии радиатсионӣ — ҳимояи одамон аз таъсири зараровари афканишоти ионофар ба саломатии онҳо мебошад. Бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист дар ҳолате самаранок аст, ки агар принсипҳои асосии бехатарии радиатсионӣ, талаботи бехатарии радиатсионӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, инчунин меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ва қоидаҳои санитарии ҷоришуда  риоя карда шаванд.

Бо мақсади шомилшавӣ ба узвияти Агентии байналмилалӣ оид ба неруи атомӣ (МАГАТЭ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор дар хусуси ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро қабул намуда буд. Комиссия ҳуҷҷатҳои заруриро барои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МАГАТЭ омода сохт. Маҷлиси намояндагон бо Қарори худ таҳти №359 аз 26 июни соли 2001 оинномаи МАГАТЭ – ро эътироф намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 2001 узви МАГАТЭ гашт ва зарурати ташкили сохтор оид ба илм ва танзим дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ба миён омад.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2002 дар ҳайати Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал Агентӣ оид ба энергияи атомӣ ва сониян, дар асоси он Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (ААЯР) чун ҷузъи сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Самтҳои асосии фаъолияти ААЯР Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари танзим ҳамчунин:

- таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;

- мониторинги биомуҳити Тоҷикистон;

- коркарди ҳаматарафаи маъдан ва партовҳои уранӣ буданд.

Баъди эътирофшавии Оинномаи МАГАТЭ ва қабулшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти МАГАТЭ фароҳам овардани заминаи қонунии соҳа зарур буд. 26 июни соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди истифода қарор гирифт. Қонуни мазкур муносибатҳои ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва мулки шаҳрвандон, инчунин муҳити зист вобастаро аз таъсири зараровари афканишоти ионофар танзим менамояд.

Дар қонун танзим дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ (БР), таъмини бехатарии радиатсионӣ дар мавриди садамаҳои радиатсионӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҷавобгарӣ дар сурати иҷро нанамудани талабот доир ба бехатарии радиатсионӣ ва ғайра васеъ инъикос ёфтааст.

Ба ғайр аз ин, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ»-ро қабул намуд ва он ҷонибдорӣ гардида буд. Ин қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро дар мавриди истифодабарии энергияи атомӣ, таъмини тартиботи паҳннанамоии яроқи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ муайян менамояд. Қонун инчунин ба инкишофи илм ва техникаи атомӣ мусоидат намуда, ба мустаҳкамшавии тартиботи байналмилалии бехатарии истифодаи энергияи атомӣ боис мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ» аз тарафи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Сангинов пешниҳод шуда буданд. Моҳи ноябри соли 2014 Созишнома оид ба кафолат ва Протоколи иловагӣ оид ба кафолат аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ карда шуд.

Марҳилаи муҳим дар ташаккули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2004 «Дар бораи Низомномаи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005 «Дар бораи тасдиқи низомномаи Шӯрои байнимуассисавӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ» маҳсуб меёбад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ААЯР Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзимгари давлатӣ оид ба таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ мебошад ва сиёсати ягонаи давлатиро дар ин соҳа амалӣ намуда, фаъолияти дигар мақомоти ваколатдорро ҳамоҳанг месозад.

Мувофиқи қонуни зикргашта ААЯР Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолияти истифодаи маводи радиоактивиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- меъёр ва қоидаҳои ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ ва нақшагирии зиддисадамавӣ, бақайдгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар (МАИ) дахлдоштаро тасдиқ менамояд;

- риояшавии меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, шартҳои иҷозатномаро назорат менамояд;

- ба кормандоне, ки дар иншооти истифодаи МАИ машғул мебошанд, талаботи касбӣ муқаррар менамояд.

Айни замон ААЯР Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори асосии миллии танзимкунандаи фаъолиятҳои ба истифодабарии маводи радиоактивӣ ва МАИ вобаста ва мусоидаткунандаи истифодабарии энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта мебошад.

Моҳи майи соли 2013 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро қабул ва ҷонибдорӣ намуд, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июни соли 2013 имзо намуданд.

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ равона гардидааст.

Ҳамин тариқ, силсилаи қонунҳое, ки аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ шудаанд, барои ташаккулёбии бехатарии радиатсионӣ дар кишвар нақши муҳимро бозидааст.

У.МИРСАИДОВ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон