Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея

№115 (4698) 22.09.2023

KZ2_564519-уми сентябри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва иштирок дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ дар иҷлосияи пленарӣ дар мавзӯи  «Биниш ва самти ҳамкориҳои минтақавӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ: ҷаҳиши нав барои 30 соли оянда» баромад намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмад­тоир Зокирзода ба Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Ҷин Пё барои даъват ба чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки  ин мулоқот дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ қадами муҳим хоҳад буд.

Дар тӯли се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар заминаи ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимод бо­суръат инкишоф ёфтанд. Дар ин замина, мулоқот дар чорчӯбаи Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ метавонад як минбари пурсамар барои тавсеаи ҳамкориҳо байни давлатҳо гардад.

Конфронси имрӯза аз ҳавасмандии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Корея барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди тарафайн шаҳодат медиҳад. Боварӣ дорам, ки ин мулоқот ба фаъолияти мо такони нав мебахшад. Халқҳои мо дар асоси арзишҳои умумибашарӣ дар давоми асрҳо ба инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Маҳмадтоир Зокирзода изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея­ро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян кардааст.

Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея равобити гуногунҷанба дошта, солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар ба рушди босуръати бисёр соҳаҳо ноил гардиданд. Мо метавонем ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодӣ, гидроэнергетика, саноати нассоҷӣ, кимиё ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои зеризаминӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ дошта бошем. Боварӣ дорем бо ба роҳ мондани шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.

Ба шарофати фазои мусоиди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равобити тиҷоратию иқтисодӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ки он ба рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат мекунад. Бо ин мақсад истифода бурдани иқтидори муассисаҳои молиявӣ, ба монанди Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалиро муҳим мешуморем.

Натиҷаи мулоқоти имрӯза омили муассири таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея гардида, дар муносибатҳои кишварҳоямон саҳифаи нав мекушояд.

19-уми сентябри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва иштирок дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ, дар ҷаласаи вижа оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Корея суханронӣ намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки мулоқоти имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки платформаи нав эҷод кунем ва уфуқҳои нави ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро муайян намоем. Баромадҳои пурмазмуни иштирокдорон аз дигаргуниҳои куллӣ дар минтақаи мо шаҳодат медиҳанд.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибатҳои гуногунҷанбаро бо Ҷумҳурии Корея яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ ­муайян намудааст. Дар ин замина, аз ташаббуси таъсиси муколамаи стратегӣ дар формати «Сарони парлумонҳои Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ҷонибдорӣ мекунем. Мо омодаем ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар чорчӯбаи «Форуми ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея ва форумҳои тиҷоратӣ дар формати 5+1» таҳким бахшем, ки ин барои амалӣ гардондани лоиҳаҳои муайян заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, мо ба ҷалби имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Корея ба иқтисоди Тоҷикистон манфиатдорем.

Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, тавассути бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон гуногун саъй дорад, бахши «энергетикаи сабз»-ро ба манфиати минтақа инкишоф диҳад. Итминони комил дорем, ки муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии мо саҳми худро хоҳанд гузошт.

+KZ1_9909Самти ояндадори ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо метавонад таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ бошад. Ташаббусҳои муҳим зимни ҷаласа ба миён гузошта шуданд, ки он ба таҳкими ҳамкориҳои амалии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея нигаронида шудаанд. Боварӣ дорам, ки натиҷаи ин мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, рушди устувор ва шукуфоии минтақа мусоидат хоҳанд кард.

20-уми сентябри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва иштирок дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Ҷин Пё мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки ин мулоқот ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳои мо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ҳамчунин, робитаҳои кумитаҳои дахлдор, ҳам ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳам ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Корея мусоидат хоҳад кард.

Зимнан, бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байнипарлумонӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ассамб­леяи миллии Ҷумҳурии Корея таъсис додаем.

Маҷлиси намояндагон ҷонибдори ҳамкориҳои фаъоли мақомоти қонунгузории ҳар ду кишвар мебошад. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, ширкат дар чорабиниҳо,  инчунин, муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳад, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбад.

- Мутмаинам, ки вохӯрии мо боиси рушди бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон мегардад, — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Бо ҳамин сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷумҳурии Корея ба поён расид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон