Солимии ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим вобаста аст

№152 (4735) 18.12.2023

DSC_4991Чордаҳуми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Шарҳи пешрафт дар самти солимӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ, инчунин баробарии гендерӣ миёни наврасон ва ҷавонон» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Дафтари намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA), ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ ва тарзи ҳаёти солим ширкат варзиданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки дар сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳдошти рӯзгори мардум, солимии ҷомеа, ояндаи наврасону ҷавонон мақоми махсус дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии кишвар, алалхусус дар масъалаи беҳтар кардани вазъи некуаҳволии наврасон, занону бонувон ва ҳифзи солимии репродуктивӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахус­тин давлатҳое маҳсуб мешавад, ки барои беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷавонону наврасон силсилаи чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда, барои онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии кишвар бо мақсади омода шудани наврасону ҷавонон ба ҳаёти мустақилона марказҳои ҳунарӣ, рӯзгордорию такмили маҳорат таъсис ёфтааст. Ҳамзамон, таҳлили соҳаи тандурустии кишвар нишон медиҳад, ки айни замон заминаи боэътимоди меъёрии ҳуқуқии он мавҷуд буда, пайваста чорабиниҳо доир мешаванд, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулбаҳор Ашӯрзода вобаста ба масъа­лаи мавриди баррасӣ зикр намуд, ки баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пур­иқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70 фоизи онро ҷавонон ташкил мекунад. Дар даврони соҳиб­истиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардид.

- Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», ду маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамчунин,  «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард, — иброз намуд Гулбаҳор Ашӯрзода.

DSC_5017Намояндаи Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивӣ Сарвиноз Ғаниева пешниҳод намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба солимии репродуктивиро дар деҳот бештар бояд кард.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода пешниҳод кард, ки барои ба қабули духтури занона рафтан хуб мешуд, навбатгирии маҷозӣ (онлайнӣ) ба роҳ монда шавад. Ин таҷриба дар бисёр кишварҳои пешрафта роиҷ буда, беҳуда талафёбии вақтро пешгирӣ мекунад.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода пешниҳод кард, ки чун дар замони шӯравӣ мактаббачагон ҳатмӣ аз муоинаи духтур гузаранд. Вагарна бисёриҳо то ҳолаташон вазнин нашавад, ба духтур муроҷиат намекунанд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, подполковник Мансур Бухоризода иброз намуд, ки барои аз бекорӣ ба корҳои ношоям даст назадани наврасон бояд тадбирҳои муҳим андешид. Аз ҷумла, дар таътили тобис­тона аксар хонандагон бе машғулияти муфид мемонанд, зеро аз 2 миллиону 300 ҳазор хонандаи мактаб ҳамагӣ 30 000 нафар дар лагерҳои тобистона истироҳат мекунанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ