Суҳбати Дилрабо Мансурӣ бо Гви-Еоп Сон

№105 (4688) 24.08.2023

 IMG_137917-уми августи соли 2023 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Гви-Еоп Сон мулоқот намуд.

Дар оғоз Дилрабо Мансурӣ Гви-Еоп Сонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон робитаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид сол то сол қавитар мегардад. Маҳз, ҳамкории тарафайн барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат такони бузург бахшид. Махсусан, дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дар якҷоягӣ бисёр амалҳои неку шоиста анҷом дода шуданд.

- Бо назардошти он ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шумор меравад, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Шоистаи зикр аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2-юми феврали соли 2018 таҳти №1002 қабул гардид.

Тибқи фармони мазкур 22-юми марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои мукаммал намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти ғамхорӣ нисбат ба маъюбон корҳои муайянро ба сомон расонидаанд ва дар оянда низ ин масъалаи муҳим зери таваҷҷуҳи онҳо қарор мегирад.

Зикр гардид, ки дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз 10-уми марти соли 2022 Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони сох­торҳои давлатию хусусӣ ва шарикони рушд таъсис дода шуд, ки он корашро бомаром идома дода истодааст.

Барои ҳар чӣ бештар расонидани хизмат­расонии иҷтимоӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, шахсони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти муайян ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хизматҳои иҷтимоии тиббӣ, равонӣ, педагогӣ ва ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.

Гви-Еоп Сон аз корҳои дар самти дастгирии иҷтимоии ашхоси имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ карда, ёдовар шуд, ки соли равон 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҷлил мегардад. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар партави таҷлили ин санаи муҳим чорабиниҳои зиёд доир хоҳанд гашт.

- Ман итминон дорам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон тезонида хоҳад шуд ва мардуми ниёзманди кишвар аз амалишавии нуктаҳои он баҳраманд хоҳанд гашт, — гуфт дар интиҳо Гви-Еоп Сон.

Дар мулоқот ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хонум Парвати Рамасвами, мутахассиси калони минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии рушд Дифан Джонс, роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Раҳмонов, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода ширкат варзиданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»