Минбари вакил

Унсури муҳими ҳастии миллат

№45 (3525) 05.04.2016

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, эъмори давлати миллии тоҷикон, эҳёи арзишҳои волои гузашта ва худшиносию худогоҳии миллӣ тақозо доранд, ки дар радифи ҳалли масъалаҳои маънавию ахлоқӣ, инчунин, масъалаҳои сиёсии ҷомеа, аз ҷумла ҷойгоҳи Пешвои сиёсии миллат мавриди баррасӣ ва эътироф қарор гирад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» амали таърихӣ буда, барои муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллат мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки маҳз бо талоши Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тоҷикистониён ба давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба интихоби дуруст ва оқилонаи маънавиёти ахлоқӣ, анъанаву навоварӣ, иродаи озод ва имконоти бузурги фарҳангӣ ноил гардидаанд.

Файласуф ва ҳуқуқшиноси ҳоландӣ Гуго Гротсий фармуда буд, ки «ҳалли масоили муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла ташаккул додани ҷомеа ва давлати типи навро танҳо дар заминаи ҳуқуқи ратсионалии баробарӣ, ҳамкории ҳаматарафаи қавмҳо ва давлатҳои ҷаҳони муосир ба вуҷуд овардан мумкин аст». Дар ҳақиқат, ин андешаҳо дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон исботи худро ёфтанд. Президенти кишвар талош дорад, ки ҷомеа ва давлатдории мо дар асоси барбарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон ва риояи тартиботи ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби давлатҳои мутамаддини ҷаҳони муосир дастгирӣ шудааст, пеш равад.

Аҳамияти бузурги фаъолияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф, таълиму тарбия ва рушди ҳунарҳои зеборо таълимоти файласуф ва адабиётшиноси машҳури фаронсавӣ, дорандаи ҷоизаи Нобел — Албер Камю низ ба пуррагӣ исбот менамояд. Ба мисли мутафаккири фаронсавӣ, ки барои муттаҳидӣ ва озодии инсон бештар ба масъалаҳои маориф ва санъат диққат медод, Эмомалӣ Раҳмон рушди маориф ва фарҳанги аҷдодии тоҷиконро яке аз пояҳои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳисобида, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Масалан, дар эҳё намудани санъати мусиқии «шашмақом», «фалак» ва ғайра саҳми Сарвари давлат воқеан ҳам назаррас аст. Эҳёи ин жанрҳои санъати классикии халқи тоҷикро бе ташаббусу сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имкон надорад.

Озодӣ, таълиму тарбия ва таҳкими низоми маориф боиси бо ҳам наздик шудани мардум ва аз ҷиҳати интеллектуалӣ густариш ёфтани маънавиёту ахлоқи ҷомеа мегардад. Бинобар ин, бешубҳа, дар амал татбиқ намудани ҳидояту барномаҳои Сарвари давлат барои боло рафтани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию инсондӯстии мардум нақши бузургеро мебозад ва барои наҷоти ҷомеа аз таассуби сиёсӣ, ифротгаройӣ ва идеологияҳои бардурӯғ мусоидат менамояд.

Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки мо — тоҷикон ҳозираю ояндаи миллати хешро бидуни фарҳанги бойи гузаштаамон тасаввур карда наметавонем. Аз ин рӯ, мо бояд чун ворисони Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Умари Хайём ва Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров фарҳанги куҳани хешро эҳё намуда, ба он густариш бахшем. Шукри истиқлолияти Ватан ва соҳибихтиёрии давлатамон, ки мо — тоҷикон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо кардем, то ба таъриху фарҳангу тамаддуни хеш дубора рӯй оварда, ин унсурҳои муҳими ҳастии миллатро аз нав эҳё намоем.

Ҳамин тавр, хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон беназир буда, тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фаро мегиранд.

 Равшан Раҷабов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон