Вохӯрии Маҳмадтоир Зокирзода бо Ҳақан Фидан

№6-7 (4746-4747) 10.01.2024

DSC_7130Даҳуми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот таъкид намуд ки: «Ҷумҳурии Туркия дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия манфиатдор ҳастем. Аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дип­ломатии кишварҳоямон дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба бемайлон рушд карданд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистону Туркия, албатта, пеш аз ҳама хизматҳои роҳбарияти олии давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон мебошад».

Зикр гардид, ки парлумонҳо дар пешбурди муносибатҳои бис­ёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозанд.

- Мо бо Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия равобити байнипарлумонӣ ва муносибати дӯстии хуб дорем. Дар ин замина гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис ёфта, фаъолияти онҳо ҳанӯз аз соли 2000-ум то ба имрӯз самарабахш идома дорад,- зикр намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Туркия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, таҳкими равобити иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

- Вақти он расидааст, ки гурӯҳҳои дӯстию иттиҳодияҳои ҳар ду кишвар ҳуҷҷатҳои байнидавлатиро, ки парлумонҳо тасдиқ ва қабул намудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои муфид ва мувофиқашуда манзур намоянд. Боварӣ дорем, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи олӣ, раисони кумитаҳо ва роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Умед дорем, ки натиҷаи сафари Шумо, ҷаноби вазир, ба нафъи ҳар ду кишвар самар хоҳад дод, — гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ