Ян Ҳамачек ба Тоҷикистон омад

№14 (3651) 11.02.2017

DSC_027310 феврали соли равон Ян Ҳамачек — ­Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олим Салимзода — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, инчунин дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тибқи барномаи сафар Ян Ҳамачек бо роҳбарияти баландпояи кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити парлумонии байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Инчунин, Раиси Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърих ва тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти мамлакат, гулчанбар гузошта, дар маросими ифтитоҳи Анҷумани доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки 10 феврал дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор гардид, иштирок кард.

 «Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ