Забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорист

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

DSC_0676Панҷуми октябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрику шодбош гуфта, иброз намуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардааст.

-Тавре Пешвои миллат таъкид карданд, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта, ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Дигар ин ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, оинаи рӯзгор, расму оин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад, -иброз намуд Маҳмадтоир  Зокирзода.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилрабо Мансурӣ зикр намуд, ки воқеан ҳам, истиқлолияти давлатӣ дар ҳифзи забони давлатӣ нақши калон дорад. Он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имкон фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.

- Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шахсияти Пешвои  миллат ҳифзкунандаи  ҳамешагии худро пайдо намуд. Муҳаббат ва ҳусни таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон нисбат ба забони модарӣ бениҳоят калон мебошад.

Тавассути фаъолияти босамари Президенти мамлакат доираи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нуқтаи олии худ расида, он на танҳо комилан забони суханронию маърӯзаҳо дар мақомоти олии давлатӣ,  балки забони гузориш ва муошират дар маҷлису машваратҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақаю дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳатто аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид гардидааст, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Номбурда зикр намуд, ки бо пешниҳоди Сарвари мамлакат соли 2008  «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардид. Ин тадбири хирадмандона моро водор намуд, ки доир ба иқтидор ва имкониятҳои ин забони воло ҳамаҷониба сухан карда, афзалияти онро баён намоем. Хеле хуш аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат аҳли адаб нисбат ба забон масъулияти бузург ҳис карда, дар роҳи баланд бардоштани маданияти сухан бисёр корҳоро анҷом доданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз ба забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар сар то сари мамлакат ба ҳукми анъана даромада, мардум, бахусус, наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухангӯю сухандон бошанд. Дар ин ҷода баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ибтикори Пешвои  миллат рӯи кор омад,  барои забондоншавии насли наврас такони бузург бахшид.Итминон дорем, ки озмуни дигари худшиносӣ — «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» низ барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сатҳи забондонии нас­ли наврасу ҷавон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарифҷон  Ҳакимзода изҳор дошт, ки мояи хушҳолию сарфарозиҳост, ки имрӯз дар саросари кишвари офтобии мо дар фазои соҳибис­тиқлолии комили Ватан дар толору маҷлискадаҳои барҳавою дилфаро Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва бо ифтихору арҷгузориҳо аз таърихи ташаккулу сарнавишти пурпечутоб ва рушди ин забон дар марҳилаҳои гуногуни ҷамъиятӣ суҳбати гарму самимонаи ворисон ороста мешавад.

- Чун мавҷудияти осори моддию ғайримоддии фарҳанги оламшумул ва маърифати расмии тоҷикон, тибқи пажӯҳишҳои олимону муаррихон, ба беш аз 6000 сол сутудаю нисбат дода мешавад, пайдост, ки дар сари ин ҳама ғановати моддию маънавӣ ҳамчун зояндаи он забони ин миллат истодааст ва ҳеҷ шубҳае нахоҳад рафт, агар бигӯем, ки мавҷудияту зуҳури он (яъне забон) фаротар аз ин рақамҳост. Агар иғроқе наравад, чунин мепиндорам, ки дар рӯи замин кам аст миллате бад-ин минвол умру бад-ин сон кӯлвори бузурги маънавию фарҳангӣ, — зикр кард номбурда.

Вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст.

Аз ин рӯ, дар моддаи 2-юми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ забони давлатии он мебошад.

- Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъа­лаҳои асосӣ тарбияи насли ҷавон мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ, бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се-чор забони хориҷиро донад. Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангию забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Чунонки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад, — иброз намуд Ғиёсиддин Шарифзода.

Вакили Маҷлиси намояндагон Раънохон Бобоҷониён таъкид намуд, ки ҳадафи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат намудан ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, ба амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда мебошад.

- Воситаҳои ахбори омма таблиғгари забони давлатӣ мебошанд.Сад сол пеш устод Садриддин Айнӣ навишта буд, ки «…рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне, қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст», — зикр кард Раънохон Бобоҷониён.

Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Комрон Ҷамшедзода зикр намуд, ки тӯли ҳазорсолаҳо забони тоҷикӣ-форсӣ дар яке аз ҳавзаҳои бузурги таърихӣ аз Баҳри Миёназамин сар карда, то марзҳои Чину Ҳинд ҳамчун забони муоширати байни қавму халқҳои гуногун қарор дошта, дар рушди   фарҳангу  тамаддуни онҳо нақши муҳим бозидааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто ҳангоми нобасомонию ношодиҳои халқамон забони модарии мо бар забону фарҳанги ғосибон  пирӯз омада, ҳамчун забони давлату давлатдорӣ мавриди истифода қарор доштааст.

- Имрӯз, забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дошта, муҳимтарин рукни давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхорӣ ва ҳифзу бузургдошти он  вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазл аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад», -иброз намуд Комрон Ҷамшедзода.

Дар хотима Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ асоси ­ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихию фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи гузаштагонамон эҳсос намуд.

Имрӯз бо ифтихору қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муваффақона ва бомаром идома дорад. Дар натиҷа, ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир  Неъматулло АЛИЕВ