Ҳайати нави Академияи муҳандисӣ

№173 (3474) 18.12.2015

Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии Академияи муҳандисии Тоҷикистон (АМТ) баргузор гардид.  Ҷаласаро доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, ноиби президенти АМТ Фаршед Каримов ифтитоҳ карда, роҷеъ ба фаъолияти ин ниҳоди илмӣ давоми як соли охир маърӯза кард.

Аҳли нишаст нахуст аз собиқ президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон Амир Катаев, ки чанде пеш вафот карда буд, ёд карданд. Таъкид шуд, ки шодравон Амир Катаев дар рушду ташаккули Академияи муҳандисии Тоҷикистон саҳми арзанда дошт.

Баъди шунидани маърӯзаи Фаршед Каримов, узви вобастаи АМТ, доктори  илмҳои физикаю математика, профессор Комили Абдулҳай, узви вобастаи АМТ, номзади илмҳои физикаю математика Масаид Шерматов ва узви вобастаи АМТ, номзади илмҳои техникӣ Комилҷон Ҳомидов оид ба мавзӯъҳои «Физикаи Закариёи Розӣ», «Кашфиётҳои нав дар наномавод» ва «Арматураи композитӣ» суханронӣ карданд. Дар атрофи ин мавзӯъҳо баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Сипас,  академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ Мунъим Абдусамадов  оид ба натиҷаи ҷаласаи Комиссияи озмунии интихоби академикҳо ва узви вобастаи АМТ ҳисобот дод.

Дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида олимон  Комилҷон Ҳомидов, Акрам Акбаров, Анвар Мақсудов, Масаид Шерматов узви пайваста (академик) ва Лоиқ Қасобов, Доробшо Давлатшоев, Матлуба Фузайлова, Қутфиддин Салоҳиддинов, Фузайл Сафаров узви вобастаи АМТ интихоб гардиданд.

Ҳамзамон дар ҳайати нуҳ нафар аъзои Раёсати АМТ  ва аз байни онҳо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродов Лутфулло Ҳабибуллоевич президенти нави Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб шуд.

Б. КАРИМзода,  «Садои мардум»