Аз Чилдухтарон то Чилучорчашма

№46 (3526) 07.04.2016

IMG_5244Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 — 23 марти соли равон як гурӯҳ рӯзноманигорон аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон ба минтақаҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар карданд.

Мулоқоти нахустин дар шаҳри Норак доир гардид. Рӯзноманигоронро дар назди дарвозаи шаҳр муовини раиси шаҳр Гулизор Назарова ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд. Меҳмонон нахуст аз  ҶДММ «Боғи анор»-и шаҳри Норак дидан намуда, бо имкониятҳои он ҳамчун яке аз маконҳои қабули сайёҳон шинос шуданд. ҶДММ «Боғи анор» дар масоҳати 145 гектар доман паҳн карда, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст ва дар он инфрасохтори лозима барои қабули меҳмонон муҳайё мебошад. Сипас, ба рӯзноманигорон тарабхонаи «Бешаи гургон», ки бо усули ғайриодӣ бунёд шуда, барои сайёҳон макони хеле ҷолиб мебошад, нишон дода шуд. Боздиди рӯзноманигорон аз ин шаҳр бо тамошои бузургтарин иншооти энергетикии кишвар — НБО-и «Норак» анҷом ёфт.

Сипас, рӯзноманигорон ба ноҳияи Данғара сафар карданд. Дар ин ҷо онҳоро мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Шамсулло Салимов роҳбаладӣ намуд. Боздиди рӯзноманигорон аз Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр», ки бо усули меъмории миллӣ хеле зебо сохта шудааст, шурӯъ гардида, дар оромгоҳи «Шаҳиди Қалъа», Осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара барои қабули сайёҳон инфрасохтори лозима мавҷуд мебошад.

Журналистон аз ноҳияи Данғара ба ноҳияи Темурмалик сафар намуданд. Роҳбалади гурӯҳ — мудири бахши ҷавонон , варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик Аслиддин Гадоев рӯзноманигоронро бо ҷойҳои таърихиву дидании ноҳия шинос кард. Дар ин ҷо бо иштироки раиси ноҳия Гулмаҳмадзода Мирзохон ва масъулини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ «Ҷилваи ҳусн» баргузор гардид.

IMG_3998Дар ноҳияи Балҷувон низ рӯзноманигорон бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд. Муовини раиси ноҳия Мавлуда Оймаҳмадова оид ба минтақаҳои сайёҳии ноҳия иттилоъ дод. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Балҷувон шаршараи овозадори Сарихосор ҷойгир аст, ки бо зебоиаш таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ҷалб кардааст. Мутаассифона, бинобар номусоид будани обу ҳаво  рӯзноманигорон натавонистанд, ки аз ин мавзеъ дидан намоянд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон рӯзноманигоронро бо Осорхонаи мардумии ноҳия, Осорхонаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев ва Оромгоҳи Ҳазрати  Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ шинос намуда, оид ба таърихи ин иншоот маълумоти муфассал доданд. Асосгузори Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон Саид Миров иттилоъ дод, ки аз ҳисоби шахсиаш осорхонаро таъсис додааст, ки имрӯз дар он 2593 ёдгорӣ нигаҳдорӣ мешавад. Қалъаи Мири Балҷувон бошад, дар ҳоли таъмиру тармим қарор дорад.

Дар ноҳияи Ховалинг шиносоии рӯзноманигорон аз Мамнуъгоҳи таърихӣ — фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ оғоз ёфт. Султон Увайси Қаранӣ яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ 18 километр дуртар аз маркази ноҳия дар ҷойи хушобу ҳаво ва миёни дарахтзори сарсабз воқеъ гардидааст. Мақбара соли 2006 аз тарафи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Дар ноҳияи Ховалинг рӯзноманигорон, ҳамчунин аз мавзеи Чилчанор ва Муассисаи давлатии Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, ки дар зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ — Дараи Мухтор ҷойгир аст, дидан намуданд.

Меҳмонон дар ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин Осорхонаи шоири шаҳир Ҳабибулло Файзулло ва Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг, оромгоҳи Хоҷа Аюби Ансориро дидан карданд.

Сипас, сафари рӯзноманигорон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт. Боздиди нахустин дар ин ноҳия аз Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихӣ — фарҳангии «Ҳулбук» сурат гирифт. Директори мамнуъгоҳ Абдулло Хоҷаев оид ба таърихи қасри Ҳулбук, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун қасри шоҳони Хатлон хизмат мекард, маълумот дод. Дар ин ноҳия, ҳамчунин ба рӯзноманигорон кони бузурги намаки «Хоҷамуъмин» нишон дода шуд. Айни замон намаки ин конро ҶСК «Хоҷамуъмин» коркард карда, ба бозор мебарорад. Тавре директори корхонаи мазкур Маҳмудҷон Файзов иттилоъ дод, ҳар сол то 5 ҳазор тонна намак истеҳсол шуда, 20 — 25 фоизи он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон содир мешавад. Корхона аз соли 1931 фаъолият дошта, соли 2013 бо ворид кардани техникаву таҷҳизоти замонавӣ фаъолияти он тақвият дода шудааст. Тавре иттилоъ гирифтем, захираи намак дар ноҳияи Восеъ ба 80 — 90 миллиард тонна мерасад.

Дар шаҳри бостонии Кӯлоб журналистон нахуст оромгоҳи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд. Тавре  корманди илмии Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Хайрулло Қаландаров иттилоъ дод, дар дохили оромгоҳ 12 ҷасад мавҷуд буда, шахсияти чор нафари он аниқ мебошад. Оромгоҳ солҳои соҳибистиқлолии кишвар се маротиба таъмир шудааст. Дар атрофи он ду иншооти аҳамияти таърихидош­та мавҷуд аст, ки яке харобаҳои хумдони мутааллиқ ба замони Бохтари қадим ва ибтидои салтанати Ҳахоманишиён (асрҳои VIII — VI пеш аз мелод) мебошад. Дар ин шаҳри бостонӣ рӯзноманигорон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб низ дидан карданд, ки бо нигораҳои нодираш яке аз беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ин осорхона аз панҷ толор иборат буда, бозгӯйи ҳаёти қадимаву имрӯзаи мардуми тоҷик мебошад.

Ноҳияи Муъминобод бо манзараву ҷойҳои диданиаш чун мавзеи машҳури Чилдухтарон, бешак, таваҷҷуҳи ҳар як сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад. Меҳмонон дар ин ноҳияи кӯҳистон, ҳамзамон аз Мақбараи Шоҳи Хомӯш ва масҷиди ҳазорсолаи он, оромгоҳи Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста, Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров ва обанбори Муъминобод дидан карданд. Бино ба гуфти масъулин, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири роҳ ба мавзеи Чилдухтарон амалӣ шудааст.

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ ҷойҳои таърихиву саёҳатбоб кам нест. Аз ҷумла кӯҳи Имом Ҳасани Аскара ва Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Дашти Ҷум» маълуму машҳур аст. Дар ин мамнуъгоҳ бузи нодири пармашох мавҷуд буда, барои ҳифзу парвариши он аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.

Аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа раҳсипор шуда, дар тантанаҳои наврӯзии вилоят иштирок намуда, нимаи дуюми рӯз аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дидан карданд.

Баъдан, сафари рӯзноманигорон дар ноҳияи Дӯстӣ идома ёфт. Ин ноҳия низ метавонад бо мавзеъҳои таърихиву табииаш диққати сайёҳонро ҷалб намояд. Хусусан, Осорхона — мақбараи Имоми Зайналобиддин ва Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» аз ҷойҳои диданӣ аст. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 4 ноябри соли 1938 дар масоҳати 49700 гектар ташкил шудааст, ки дар он ҳайвоноту паранда ва моҳиву хазандаҳои нодир ба сар мебаранд. Дар ин ҷо, ҳамчунин осорхона ташкил шудааст, ки расмҳо ва амсилаи хушккардаи ҳайвонот ва дигар ҷонварон мавҷуд мебошанд.

«Чилучорчашма»  аз мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи ҷумҳурӣ аст, ки дар ноҳияи Носири Хисрав ҷойгир аст. Пайдоиши онро 1300-1400 сол пеш тахмин мекунанд ва дар бобаташ ривоятҳои зиёд мавҷуд мебошад. Ҳар як чашма бо хусусиятҳои шифоияш машҳур буда, ҳар рӯз садҳо нафар меҳмони дохиливу хориҷӣ аз оби он истифода мебаранд.

Қубодиён ноҳияест, ки бо таърихи қадимаву пурғановат як пораи таъриху фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бозгӯйӣ мекунад. Қасри  таърихии Тахти сангин чун ёдгории беназир аз аҷдоди сарбаланди мо ёдгор мондааст. Он дар соҳили рости Амударё ҷойгир буда, аз бозмондаҳояш хулоса баровардан мумкин аст, ки бо санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Давраи мавҷудияти онро ба асри VI пеш аз мелод ва III мелодӣ мансуб медонанд. Дар ин ҷо сангҳои бузург бо андозаи якхела ва суфтаву бо тартиби муайян чидашуда ба назар мерасанд, ки диққатро ҷалб мекунад, зеро он бо санъати баланди меъморӣ тавре коркард шудааст, ки  бинанда гумон мекунад дар қолабҳои махсус рехта шуда бошад.

Сафари рӯзноманигорон бо иштирок дар ҷашни Наврӯзии ҷавонони вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритуз анҷом ёфт. Дар ин ҷо бо ширкати раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва намояндагони ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар боғи ҷавонони ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Хидирзода Махфират Умар ва Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни суханрониашон зикр карданд, ки ҷавонон бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу салоҳ ва кишвари ободу озод пайи илмомӯзӣ бошанд ва бо фаъолияти пурсамар ба манфиати халқу Ватан дар пешрафти он саҳми хешро гузоранд. Баъдан, кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири меҳмононро шод намуданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»