Донишгоҳе, ки теъдоде аз намояндагони Маҷлиси Олӣ онро хатм кардаанд

№136 (3616) 03.11.2016

СУРАТИ ХАЙДАР  ОДИНАЗОДА«Дар Тоҷикистон, агар таъсиси нахустин донишкадаҳои омӯзгориву кишоварзӣ ва тиббӣ ба рушди соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мусоидат карда бошанд, пас Донишкадаи техникӣ барои инкишофи саноат, нақлиёт, сохтмон ва энергетикаи мамлакатамон ибтидо гузошта буд. Дар натиҷаи фаъолияти он кадрҳое рӯи кор омадаанд, ки ба бунёди иншоотҳои азими кишвар такон бахшида тавонистанд». Ин суханонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  иштирок дар тантанаҳо бахшида ба 50-солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ 17 апрели соли 2007 баён карда буданд.

Боздиди Сарвари давлат аз ин муассисаи таълимии олӣ, суҳбатҳои самимонаю пурмуҳтавояшон  бо кормандону донишҷӯён ба рушди донишгоҳ такони ҷиддӣ бахшид. Тавре иттилоъ дода будем, 3 ноябри соли равон 60 – солагии ин боргоҳи маърифат ва пойгоҳи омодасозии мутахассисони болаёқат бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Дар остонаи ҷашн бори дигар аз донишгоҳ дидан намуда, шоҳиди ҳол шудем, ки аҳли он таҳти сарварии  олими сермаҳсул ва роҳбари  поквиҷдону масъулиятшинос Ҳайдар Одиназода 60 – солагии махзани илмро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.

Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, муътақид гардидем, ки «Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ барои солҳои 2008 – 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008  тасдиқ шуд, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардида, ба беҳбудӣ ёфтани сифати таълим ва пурқувват гардидани заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ боис гардидааст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, маблағгузории умумии барнома 58 млн. сомониро ташкил дод, ки аз он 31 миллиону 555 ҳазор сомониаш аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 26 миллиону 400 ҳазор сомониаш аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ пешбинӣ  шудааст.  Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки қисмати аъзами бандҳои барнома иҷро шудаанд. Масалан, фақат барои сохтмони бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ зиёда аз 43 миллион сомонӣ сарф шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо истифода додани бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ, ки дорои  зиёда аз 2000 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, масоҳати таълимии донишгоҳ нисбат ба  соли 2005 қариб ҳафт маротиба зиёд шуд. Дар чаҳорчӯбаи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва барномаи зикршуда дар донишгоҳ як қатор мушкилоти ба масоили  ташкилӣ — сохторӣ ва таълимӣ рабтдошта ҳалли худро ёфтанд. Дар ин замина, Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба он ҳамроҳ карда шуд. Ҳамзамон, қитъаи аз тарафи  шахсони воқеӣ ғасбшудаи минтақаи варзишию истироҳатии донишгоҳ дар километри 53 — юми дараи Варзоб баргардонида шуд. Ба ғайр аз ин, шаҳраки Политехникум бо биноҳои таълимию хобгоҳҳояш ба ихтиёри донишгоҳ гузашт.

Рақамҳо ҳокианд, ки маблағгузории ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ низ тамоюли афзоишро касб намуда,   нисбат ба  соли 2005 беш аз 11 маротиба ва музди меҳнати кормандон низ бамаротиб  афзудааст. Биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ таъмиру азнавсозӣ шуда, қисмати зиёди озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуд.  Ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ аз масъалаҳои меҳварии раванди фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ маҳсуб шуда, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ  ба талабот ҷавобгӯ ва мавриди истифодаанд. Дар синфхонаҳои компютерӣ, ки  зиёда аз 1250 компютери ба шабакаи Интернет пайваст дорад, барои донишҷӯён имкони хуби омӯзиш фароҳам аст.

Дар доираи барномаи мазкур сохтори донишгоҳ низ таҷдиди назар шуда, ҳоло дар он ҳафт факултет – энергетика, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.Осимӣ, инчунин Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, Литсейи техникӣ, Маркази такмили ихтисос ва хизматрасонии машваратӣ  фаъолият менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50-солагии донишгоҳ таъкид намуда буданд, ки донишгоҳ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бомуваффақият иҷро карда метавонад, агар худи донишгоҳ аз шаклу усулҳои замонавии таълим ва дастовардҳои нави техникаю технологияи муосир бархӯрдор бошад. Тавре мо мушоҳида кардем, барои иҷрои ин дастури Пешвои миллат дар донишгоҳ  корҳои зиёд анҷом дода шудааст.  Аҳли ин боргоҳи маърифат пайваста  усулҳои замонавии таълим ва  таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилотии ҷаҳонро омӯхта, барои ба фазои ягонаи таҳсилотии минтақа ва ҷаҳон ворид шудан, сатҳу сифати омодакунии мутахассисонро беҳтар ва ба талаботи  бозори минтақавию ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир шудани дипломи донишгоҳ талош  менамояд. Дар ин самт донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таълим (баклавр+магистр) гузашта, низоми кредитии таълимро ҷорӣ намуд. Нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ низ тамоюли болоравиро касб намуда, узви 10 иттиҳодия ва ташкилотҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буда, бо зиёда аз 100 маркази илмию таълимии кишварҳои гуногун шартномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Навгонии қобили таваҷҷуҳ, ки дар донишгоҳ роҳандозӣ шудааст, усули муштараки омодакунии мутахассисон маҳсуб мешавад. Тибқи усули мазкур  донишҷӯ метавонад дар як вақт дар ду донишгоҳи ҳамтои  барномаҳои таълимиашон мувофиқашуда таҳсил намуда, соҳиби дипломи ду донишгоҳ ва ё соҳиби дипломи  як донишгоҳу  шаҳодатномаи донишгоҳи дигар  шавад. Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ барои солҳои 2015 — 2020 шудани ду ихтисоси донишгоҳ – ихтисосҳои «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот» (зинаи бакалавр) ва «Стансияҳои электрикӣ» (зинаи магистр) низ аз дастовардҳои дигари ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, аз боло рафтани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ ва мустаҳкам шудани мақоми  байналмилалии он шаҳодат медиҳад.

Вақте дар бораи нуфузи ин муассисаи олии таълимӣ ҳарф мезанем, аз шумори хатмкардагони  ин боргоҳи маърифат, зикри номи чанд нафар кофӣ аст, ки ба саҳми донишгоҳ дар ташаккули неруи зеҳнии ҷомеа баҳогузорӣ намоем. Аҳли донишгоҳ аз он ифтихор доранд, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев як муддат (то гузариш ба Донишгоҳи шаҳри Харкови Украина) муҳассили он буд. Ҳамзамон, шаш вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, Агентии «Тоҷикстандарт» ва ғайра хатмкардаҳои ин махзани илму маърифат мебошанд.

Далелу арқоми зикршуда аз ҷамъи дастовардҳои аҳли донишгоҳ «муште аз хирвор» буда,  онҳо имконият ва неруи зеҳнии хешро ба он равона намудаанд, ки муҳассилини донишгоҳ баробари омӯхтани донишҳои касбӣ ҳамчун шахсиятҳои худшиносу ватандӯст ба воя расанд.

 Далер Мерганов, Бурҳониддин  КАРИМЗОДА, «Садои мардум»