Худшиносии миллӣ ва чеҳраи ҷавонони тоҷик

№171 (3472) 14.12.2015

Ҳар давлатро бо Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия (Сарқонун) мешиносанд. Ҳангоме ки Мавзуна Чориева дар Бозиҳои ххх олимпиадаи тобистонаи Лондон — 2012 ҳарифонашро мағлуб сохта, дастболо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд ва Суруди Миллии тоҷикон дар майдон танин андохт. Духтари хушқаду қомате бо либоси тоҷикии чакан меболиду аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехту ба сӯи осмон нигариста, шукронаи Офаридгор мекард. Мо низ назди оинаи нилгун нишаста, ҳамроҳи Мавзунаи мавзунқад бо зан будани худ ифтихор доштем. Ифтихор аз он доштем, ки дар симои зебои Мавзуна тамоми кишварҳои дунё моро ҳамчун миллати бофарҳанг, ки мисли Гурдофарид имрӯз занҳои паҳлавон, камонкашу муштзан дорад, мешиносанд. Чеҳраи нуронии Мавзуна, ҳарири зебою миллии бабаркардаи ӯ муаррифгари симои зани тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буд.

Ҳар як миллат фарҳанг ва суннатҳои махсуси либоспӯшии худро дорад. Интихоби дурусти ранги матоъ, шинаму дилкаш дӯхтани либос, дар мавриди муносиб ба бар кардани он аз фарҳанги баланди либосшиносиву либоспӯшӣ ва завқи волои соҳиби либос дарак медиҳад. Ҷаҳониён духтари тоҷикро маҳз бо куртаҳои атлас ва чакан, ки ниҳоят пайкарзебанд, мешиносанд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар ҳар давру замон суннатҳои либоспӯшии ба худ хос доштанд. Бо тақозои замон, тарзи либоспӯшии мо низ то ҷое дигаргун шуд. Вале дар ҳама ҳолат фаромӯш набояд кард, ки мо тоҷик ҳастем, бобати ба бар кардани либос фарҳангу маърифати тоҷиконаи худро дорем, маданияти либоспӯшии мо муаррифгари симои зоҳириву ботинии мост.

Мутаассифона, шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо фарҳанги суннатии либоспӯшии мо бо фарҳанги либоспӯшии мардуми бегона омезиш ёфта, дар баъзе мавридҳо фарқ байни либоспӯшии зани тоҷик,  араб, эронӣ ё турк намондааст.

Майл ва гаравиш ба сару либоси мардумони ғайр, аз қабили сатр, куртаҳои сиёҳи аз ҳад зиёд дароз ба духтарон ва пӯшидани шими аз буҷулаки пой боло, гузоштани риш ба ҷавонписарон, ба бар кардани куртаҳои сафеду дарози аз зону поён бо эзораш ба мардони миёнсол гӯё мӯд шудааст. Ба андешаи мо, ин ба ҷуз худнамоӣ ва ноогоҳӣ аз моҳияти масъала чизи дигар буда наметавонад. Ин амали номатлуб махсусан  аз ҷониби ҷавонписарон мавриди пайравӣ ва дастгирӣ қарор ёфта истодааст.

Пештар ҷавонони мо барои гирифтани таҳсили динӣ ба ҷумҳуриҳои арабӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мерафтанд. Ба пиндори мо намунаи ин либосҳоро оварда, зан ва хонаводаи худро маҷбур месозанд, ки сатр пӯшанд, ниқоб ба рӯй кашанд, куртаҳои сиёҳи дароз ба бар кунанд. Ҳатто шоҳиди он ҳодиса низ ҳастем, ки мардҳои ҷавон фарзандҳои худро ба гуфтани «бобоҷун»-у «момоҷун» (падарҷону модарҷон) барин калимаҳои омиёнаи эронӣ маҷбур месозанд. Ташвиқ менамоянд, ки ба падару модари худ бо истилоҳи «мавлавӣ» муроҷиат кунанд. Шукрона, ки Сарвари хирадманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт бобати ба Ватан баргардонидани ин ҷавонони гумроҳу ноогоҳ иқдом намуданд. Бо вуҷуди ин, ҳастанд ашхосе, ки ғайриқонунӣ сарҳадро убур намуда, аз кишварҳои дур бо худ «вирус»-и хунрезиро оварда, дар тиннати бародарони мо ҷой доданд. Моро лозим меояд, ки худшинос бошем, аз фарҳангу маърифати миллии худ кор гирем, маслиҳатҳои Сарвари оқилу хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯза қарор диҳем. Баҳри ҳимояи миллату фарҳанги миллӣ камари ҳиммат бандем, барои рушду равнақи арзишҳои волои миллати тоҷик, обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ  чораҳои зарурӣ андешем.

Мегӯянд, ки «Кӯр як маротиб ба чоҳ меафтад». Бояд дарёи ашки модарон, ятимон, бехонагии бародарон, беному нишон гаштани фарзандон барои мо дарс шуда бошад то бори дигар бозичаи дасти дасисабозон, мансабталошон, курсипарварон нагардем.

Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» омадааст, ки фаранҷӣ калимаи арабӣ буда, либоси рӯйи занонро гӯянд. Ҳангоми аз хона баромадан занҳо онро бо чашмбанд ба сар мегирифтанд, ки он моҳияти динӣ дошт.Занҳо ба воситаи фаранҷӣ аз номаҳрамон рӯи худро мепӯшиданд, ки он аз матоъҳои гуногун (бахмал, кимхоҳ, банорас, алоча, шоҳӣ ва ғайра) дӯхта мешуд. Фаранҷӣ аз сар то пошнаи пойи занону духтаронро мепӯшонид. Ҳангоми тӯйи арӯсӣ маъмулан арӯсро бо фаранҷии махсус ба хонаи домод мебурданд.

Сарандоз дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯймол, саргирак маънидод мешавад. Сатр низ калимаи арабӣ буда, ба маънои ҳиҷоб, парда омадааст. Ин маъниҳо исботи онанд, ки «мӯд»-и ҷавонони имрӯза маншаи миллӣ надорад ва онро на сатр метавон гуфт, на фаранҷӣ ва на сарандозу на чашмбанд.

Аз ҷавонони имрӯза ҳоҳиш дорем, ки воқеъбин бошанд, кӯшиш баҳри омӯзиши илму маърифат намоянд, таърихи худро омӯзанд, бозичаи дасти бегонагон нагарданд, номбардору ҳомии миллат бошанд.

И. Т. Қосимзода,  ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, профессор,  А. Холова, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода