Иди китоб барои кӯдакону наврасон

№49 (3529) 14.04.2016

Ҳар сол, чун анъана аввали моҳи апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мешавад. Фестивали имсола низ хотирмону шавқовар доир гардид. Ҷамъбасти ин ҳамоиши фарҳангӣ — маърифатӣ 9 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ба иди калон тадбил ёфт. Дар саҳни филармония, ки бо навиштаҷот ва шоҳбайтҳо дар васфи китобу китобхона ва заҳмати китобдор, гулу сабзаҳои баҳорӣ, тасвирҳои қаҳрамонони китобҳои бачагона оро дода шуда буд, намоиш ва фурӯши китоб, рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон ташкил карда шуд. Бачаҳо имкон пайдо карданд, ки бо адибон аз наздик шинос шуда, мулоқот намоянд. Ғунчаҳои навраси боғи санъат иштирокчиён ва меҳмононро бо суруду таронаҳои дилкаш пешвоз гирифтанд. Барномаи консертиро ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак рангин карданд.

Сипас, дар толори филармония ҷашнвора идома ёфт. Дар ин ҷо нахуст ба ҷамъомадагон композитсияи адабӣ-бадеии «Суханварон намемиранд», ки ба 105 — солагии шоир Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуд, пешкаш гардид. Баъд сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангу фароғатии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Авғонов ва мудири шуъбаи адабиёти кӯдак ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мубашшири Акбарзод суханронӣ карда, чорабинии мазкурро зарур ва барои тарбияи маънавии кӯдакону наврасон  судбахш арзёбӣ карданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

- Имсол мардуми шарафманди кишвар 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.  Дар ин замина, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, дастгирии вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузаронида шуд,  аз падидаҳои нави даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, — гуфт Қурбон Авғонов.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»