Китобхонаҳои деҳот. Чаро масъулин воқеиятро таҳриф менамоянд?

№149 (4099) 12.12.2019

Китобхонаҳои шаҳраку деҳот ҳамчун муассисаҳои маърифативу иттилоотӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро таъсиргузор хоҳанд буд.

Вақте дар бораи қадру манзалати китоб андешаронӣ мекунам, ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехоҳам иқтибос орам, ки гуфтаанд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китоби зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатам маълумот мегирам»

Дар ҳақиқат, мутолиаи китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо нутқро бурро мегардонад, донишу фарҳангро рушд медиҳад, намегузорад, ки ақл ба харобӣ дучор шавад.

Шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол, бо мақсади тарғиби китобхониву китобдорӣ, кашфи истеъдодҳои нав чорабиниҳои гуногуни фарҳангии оммавӣ, аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», «Корвони китоб», вохӯрии адибон бо дӯстдорони китоб гузаронида мешавад. Бо эълон шудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» таваҷҷуҳ ба соҳаи китобу китобдорӣ афзуд. Хеле рамзист, ки фес­тивали мазкур таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад.

Эътироф бояд кард, ки бо вуҷуди ғамхорӣ фаъолияти баъзе аз китобхонаҳои шаҳрак ва деҳот ба талабот мувофиқ нест. Масъулини китобхонаҳо дар маҳалҳо ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд, аксаран вазъи воқеиро таҳриф мекунанд.

Аҳолии мамлакат ба беш аз 9 миллион нафар расида, қариб 3 миллиони онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Мо бояд ба назар гирем, ки ин қишри ҷомеа ба таълиму тарбия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ниёз дорад. Бояд барои онҳо китобҳои манфиатовар нависему ба чоп расонем. Адибони мо дар замони соҳиб­истиқлолӣ бисёр китобҳои пурмазмуну босифат нашр карда бошанд ҳам, дар китобхонаҳои шаҳраку деҳоти дурдаст аксарияти онҳо дарёфт намешаванд. Хазинаи аксар китобхонаҳои деҳот аз солҳои 90 — уми асри гузашта боқӣ монда, вақти он расидааст, ки китобҳои тозанашр, алалхусус бачагонаро дар шакли электронӣ ба китобхонаҳои деҳот пешниҳод намоянд. Тавре маълум аст, кӯдакону наврасон аз техникаву технологияи муосир бархӯрдор буда, ба онҳо майли бештар доранд. Биноан, мо — калонсолон бояд фарҳанги истифодаи техникаву технологияи муосирро аз ҷониби фарзандон зери назорати ҷиддӣ гирем.

Масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки 26 июли соли 2019 баргузор шуд, гуфтанд ки: «Мо дар хазинаи нашриёти «Адиб» қариб 5 миллион китоб дорем, аммо гардиши китоб хеле суст буда, фурӯши он ба кундӣ пеш меравад. Китоб бояд ҳамчун мол дар бозор гардиш кунад». Онҳо вобаста ба қимати китоб қайд карданд, ки «нархи китобҳо гарон нест. Масалан, як китоби Носири Хусрав 22 сомонӣ арзиш дорад…». Пешниҳод намуданд, ки теъдоди мағозаҳои китобфурӯшӣ  бояд зиёд шавад.

Дар робита ба ин, хуб мешуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хариди китобҳои тозанашр бо мақсади таъмини китобхонаҳо, алалхусус китобхонаҳои деҳот, ҳар сол дар буҷети маҳаллӣ маблағ пешбинӣ менамуданд. Пешниҳод менамоям, ки дар доираи Рӯзи китоб, ки ҳар сол 4 сентябр таҷлил мешавад ва Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар назди китобхонаҳои деҳот ва таълимгоҳҳо намоишгоҳҳои китоб ва маҳфилҳои адабӣ — бадеӣ ташкил шавад.

Арҷгузорӣ бояд кард, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат барои рушди фаъолияти китобдорӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», татбиқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи рушди китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» далели ин гуфтаанд.

Шоҳид ҳастем, ки ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар деҳот иншооти нави фарҳангию маърифатӣ бунёд гардида, ин раванд бардавом аст. Вале, то кунун дар деҳот китобхонаҳое ёфт мешаванд, ки биноҳояшон фарсуда ва бо таҷҳизот таъмин нестанд.

Масъулин мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки дар ин ҷода бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.

Маҷидзода Саидумар Шамсудин, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ