Ҷаҳони имрӯза ба эҳёи ахлоқ, илм, фарҳанг ва маънавиёт ниҳоят ниёзманд аст. Дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз қабили Интернет, пешрафти бесобиқа пайдо кардааст. Албатта, рӯй овардан ба технологияи муосир аз ҷумлаи талаботи ҷаҳонишавӣ аст ва таҷриба нишон медиҳад, ки барои истифодаи самаранок ва оқилонаи воситаҳои электронии ахбор комёб шудан дар ин самт бидуни кадрҳои болаёқат ва мутахассисони варзида ғайриимкон аст. Ба гуфтаи соҳибназарон, дар ҷаҳони имрӯза ба неруи ақлонӣ эҳтиёҷ хеле зиёд аст. Ҳолати ҷаҳони муосир чунон зудтағйир аст, ки бо тағйири андаки авзоъ эҳтимоли таъсиррасонӣ ба кишвар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи технологияи муосир на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки истифодаи он барои таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар муфид аст.
Ҳукумати кишвар давоми якчанд соли охир барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар таваҷҷуҳи зиёд дорад, зеро дар асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ роҳҳои аз бар намудани дониш бо усулҳои муосир қулай ва осон аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор иброз дошт, ки алҳол мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҳисор дар доираи барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии мамлакат ба миқдори беш аз ҳазор компютери замонавӣ таъмин шудаанд ва имрӯз дар ноҳия ба ҳар 17 нафар хонанда як компютер рост меояд.
Ин иқдом аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф мебошад, ки ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ муваффақона амалӣ мешавад. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад ва он ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ин радиф, вазифаи ҳар як шахси солимфикру огоҳ ба хонандагон талқин намудани омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забон ва дар навбати аввал ба дараҷаи аъло донистани забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани дастовардҳои навтарини техника ва технологияҳои муосир мебошад.
Алҳол қариб ду миллион нафар сокинони мамлакат аз шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода мебаранд. Ғайр аз ин, теъдоди зиёди муштариёни алоқаи мобилӣ низ метавонанд ҳар лаҳза ба ин шабака пайваст шаванд. Илова бар ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳимояи манфиатҳои худ ва халал расонидан ба манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд. Он нуктаро Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни Интернет бар зидди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, як маъракаи огоҳона ва муғризона идома дорад. Яқин аст, ки соҳибистиқлолӣ ва нияту нақшаҳои стратегии Ҳукумат барои рушду тараққии Тоҷикистон, инчунин сиёсати бисёрсамтаи хориҷии он ба доираҳои муайян хуш намеояд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои сайёра, аҳамияти аввалиндараҷа касб намудааст. Дар ин замина моҳи марти соли гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100- солагии матбуоти тоҷик изҳор дошт, ки имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Одамон ба воситаи Интернет аз навигариҳои олам фавран огоҳӣ меёбанд.
Ду сол муқаддам, моҳи сентябри соли 2011, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро таъкид намуд, ки барои бедор намудани тафаккури техникию технологии ҷавонону наврасон ва ҳавасмандсозии онҳо ба ҳама гуна навоварӣ ва пешрафту тараққиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунад, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар ноил шудан мумкин аст. Соли гузашта бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки дар он беҳтарин шароит барои ҷавонон, аз қабили толорҳои хониши электронӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз ва бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робитадошта фароҳам оварда шудааст. Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг дар ҷамъовариву нигаҳдорӣ ва тарғиби маҷмуи аснод бо истифода аз имкониятҳои электронӣ ва дастёбӣ ба захираҳои шабакаи ҷаҳонии Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.
Зимни дар амал татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ ва умуман амнияти миллии давлат бояд дар мадди аввал бошад. Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон, паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла Интернет, васеъ истифода менамоянд.
Моҳи ноябри соли гузашта, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чунин иброз намуд: «Дар баробари мақсаднок ва ба манфиати умум равона гардидани натиҷаҳои илми мусоир чунин васоит метавонад аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша барои ноил гардидан ба мақсадҳои харобкорона истифода шавад. Дар бисёр маврид шабакаи Интернет на танҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ васила ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи Интернет маҳдуд карданӣ нест. Вале дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ доир ба пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо тавассути Интернет чораҳои муассирро амалӣ намоянд. Раванду ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки дар байни онҳо ашхоси аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият бештар мебошанд, такя менамоянд».
Вобаста ба рушди технологияи асри навин, яъне паҳншавии шабакаи ҷаҳонии Интернет, тафаккури техникии ҷавононро ба тарғиби ахлоқи нек, омӯхтани илму дониши муосир ва таърихи гузашта равона бояд кард.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ