Майдони фурудгоҳи моҳвораҳо

№16 (3162) 15.02.2014

ё «анис»-и кунҷи танҳоӣ — телевизор

Кам одамон аз нарасидани қувваи барқ шукр мекунанд. Чанде пеш дар нақлиёти мусофирбаре бо марди тахминан 60-65-сола ҳамсуҳбат шудам, ки аз ҷумлаи ҳамин гуна нафарон буд.

-Хайрият, ки ҳамин қувваи барқро хомӯш мекунанд, набошад писарам шабу рӯз аз назди телевизион намехезад.

-Вай дар ҳеҷ куҷо кор намекунад?

-Не,  кор дар куҷо, мисли дигар ҳамсолонаш ба Россия рафта, панҷ-шаш моҳ кор мекунаду меояд. Ин дафъа омада, як телевизиони қимат ва антенна(моҳвора) хариду кораш фақат тамошо…

Ин пораи суҳбатро барои он овардем, ки ба мавзӯи матолиби мо наздик аст. Антенаҳои моҳвора аз ҷумлаи дастовардҳои техникист, ки имрӯз ба ҳама дастрас аст ва тавассути он дар хона нишаста, тамоми оламро тамошо мекунӣ. Аслан тамошо, дарёфти маълумоти нав доир ба ҷаҳон бад нест. Аммо суол ин аст, ки мо чиро тамошо мекунем ва он барои зиндагии мо то кадом андоза манфиат ё зараровар аст?

Имрӯз фазои иттилоотӣ хеле фарох аст ва тавассути расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла воситаи пуртаъсир -телевизион(«дӯст»-и беминнату «анис»-и кунҷи танҳоӣ) ҳар як давлат сиёсати худро тарғибу ташвиқ мекунад ва бад-ин васила баъзе ҷаҳонхоҳон мақсадҳоеро, ки бо ҷанг ба он муваффақ шудан мумкин нест, бо ин роҳ осонакак амалӣ месозанд. Албатта, ин вобаста аст ба дараҷаи фаҳмишу дониши тамошобин. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) таъкид доштанд: «Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ба чӣ роҳи харобиовар расониданд. Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд».

Инак, тавре мушоҳида мешавад, имрӯз болои бомҳои шаҳру деҳоти мо пур аз антеннаҳои моҳворавӣ шудааст. Яъне, аксари сокинони кишвар аз ин воситаи маишати рӯзгор истифода мекунанд. Мақсад аз ин навиштаи мо танқиди ин дастовардҳо нест, балки андешаи он аст, ки чӣ бояд кард, то аз пешрафтҳои илму техника ва дигар дастовардҳои замони муосир мо самаранок истифода барем.

-Аслан ин гуна антеннаҳо ба саломатии инсон зарар надоранд, зеро онҳо пахшкунанда не, қабулкунандаанд. Вале ҳусни шаҳрро каме коста мекунанд, ҳарчанд ки ин ҳама аз талаботи аҳолӣ бармеояд. Бояд андешид, ки тамошои намоишу барномаҳои гуногуне, ки тавассути чунин моҳвораҳо аз кишварҳои гуногун пахш мешавад, ба тарбияи мардуми мо, махсусан ҷавонон ва наврасон, чӣ гуна таъсир мерасонад. Бояд волидайн ин чизро ҳамеша назора кунанд. Оҳиста-оҳиста ин антенаҳо аз байн мераванд, зеро аллакай телевизионҳои кабелӣ ва рақамӣ пайдо шуда истодаанд.  — Ҷиҳати амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ҶСК «Телерадиоком» аллакай як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Соли 2013 мебоист марҳилаи чоруми Барномаи мазкур амалӣ мешуд ва барои ин кор 4898973,65 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Агар маблағи пешбинишудаи амаликунии марҳилаи чоруми ин Барнома пурра ҷудо карда мешуд, ҶСК «Телерадиоком» метавонист дар 8 мавзеи ҷумҳурӣ фиристандаҳои нави рақамиро насб намояд. Новобаста аз ин, насбу баистифодадиҳии фиристандаҳои рақамӣ дар се мавзеъ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар СРТ «Зардолу»-и шаҳри Ваҳдат фиристандаи рақамӣ бо иқтидори 1200 Вт, дар СРТ «Истаравшан»-и вилояти Суғд фиристандаи рақамӣ бо иқтидори 550 Вт ва дар СРТ «Шар-Шар»-и вилояти Хатлон фиристандаи рақамӣ бо иқтидори 550 Вт насб карда шуд. Айни замон корҳо оид ба насби фиристандаҳои рақамӣ  дар СРТ «Кӯктош»-и вилояти Суғд бо иқтидори 1200 Вт оғоз шудаанд,- мегӯяд муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Самад Ҳикматов.

Дар робита ба масъалаи мазкур бо собиқадори соҳаи сохтмон ва меъморӣ, мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорати сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аҳмадов низ ҳамсуҳбат шудем. Эшон иброз намуданд, ки зимни бунёди биноҳо боми хонаҳо тавре сохта мешаванд, ки об дар он ҷорӣ гардида, ба воситаи новаҳои махсус ба поён фарояд. Дар лоиҳаҳои сохтмони иморатҳо насби антеннаҳо муайян нашудааст, зеро ин ҳатмӣ нест. Тавре мушоҳида мешавад, имрӯз болои боми биноҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои калон майдони фурудгоҳи моҳвораҳоро мемонад. Аз ҷиҳати вазн он қадар ба бино таъсир намерасонад, аммо зимни насби онҳо шояд мавқеи ҷоришавии обҳо халалдор гардаду ҳангоми боридани борон ва ё обшавии барф об дар баъзе ҷойҳо ҷамъ шуда, ба ҳуҷраҳо ворид шавад. Баъдан, ҳусни биноҳоро низ коста мегардонад, ки ба ин тарафи масъала бояд эътибор дод.

Тавре аз андешаҳои боло аён гардид, аслан мавҷудияти моҳвораҳо он қадар зарари ҷиддӣ ба биноҳо ва саломатии одамон надоранд. Аммо, такрор мекунем, ки ин ва дигар навгониҳои имрӯзаи техникиро агар дуруст ва мақсаднок истифода набарем, онҳо ба мо зиёни калон мерасонанд. Ин чизро метавон дар робита ба телефонҳои мобилӣ, шабакаи Интернет, бозиҳои компютерӣ, навори дискҳои сершумор мушоҳида кард, ки чӣ тавр ба одобу ахлоқ ва зиндагии мардум таъсир расонидааст. Имрӯз барои аксарият китоб дигар анису мунис нест. Мо, ки пайрави дини мубини Ислом ҳастем, ин ҷо зарур аст, ки ҳадиси Муҳаммад(с)-ро биёрем, ки дар он таъкид шудааст: «Замоне мешавад, ки фисқу фуҷур болои шумо меборад. Аз ин балоҳо худро нигоҳ доред!»

Дар поёни ин навишта нақли мухтасари як суҳбатеро бо ҷавоне, ки соҳиби дониши хубу одоби ҳамида ва бо воситаҳои замонавии техника шинос аст, ба хонандагони арҷманд пешкаш мекунем. Вай ҳамзамон устои насби антеннаҳои моҳворагӣ мебошад. Зимни суҳбат ин ҷавон қисса кард, ки рӯзе ӯро як марди босалобат, ки маълум буд сарватманду кордон аст, ба хонааш, барои насби чунин антеннаҳо даъват менамояд. Вақте ба ҳавлии бошукӯҳи ӯ ворид шудем, соҳибхона се антеннаи моҳворагиро нишон дода, гуфт, ки инҳоро дар се гӯшаи ҳавлиаш, дар ҷойи баландтар насб кунам. Ба он кас гуфтам, ки чӣ ҳоҷат ба се антенна, яктоаш кифоя аст. Вале ӯ бо даст ба боми ҳавлии ҳамсоя нишон дода гуфт, ки бубин ду антенна дорад, ман бояд аз вай зиёдтар дошта бошам…

Бале, мо баъзан аз дороии худ фахр мекунему мехоҳем дар ҳамин замина аз дигарон бартар бошем, аммо ба маънии зиндагӣ ва таъсири сабукандешиҳоямон ба тарбияи фарзандон камтар таваҷҷуҳ мекунем, ба ҷойи бой гардонидани маънавиёти хеш бештар ба дунё ва ҳавою ҳавас дода шудаем.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»