Муассисаҳои таълимии пойтахт соҳиби 2000 компютер-моноблокҳо шуданд

№8 (3488) 19.01.2016

Таҳлили вазъи компютеркунонии 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки дар соли 2015 муассисаҳои зикрёфта бо 4260 адад компютер таъмин  буданд, ки ба 15,8 нафар хонанда як компютер рост меояд. Бояд зикр намуд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр дар моҳи декабри соли 2015 барои муассисаҳои таълимӣ боз 2000 адад компютерҳои ҳозиразамон — моноблокҳои тамғаи  «Acer» харидорӣ ва дастрас карда шуд ва иҷрои барнома дар шаҳр 125,6 фоизро ташкил намуд.  акнун ба 11,9 нафар хонанда як компютер рост меояд.

Ширкати «Acer» яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи компютер, проектор, смартфон ва дигар таҷҳизоти техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар рейтинги ҷаҳонии истеҳсолкунандагони васоити техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ пас аз ширкатҳои «Apple», «Lenovo» дар мақоми сеюм қарор дорад.

Айни замон ба ширкати  «Acer» чор бренди машҳури ҷаҳонӣ -  «Acer», «Packard Bell», «Gateway» ва «Machines» тааллуқ дорад. Қароргоҳи ширкати мазкур дар шаҳри Тайпейи кишвари Тайван қарор дошта, намояндагӣ ва корхонаҳои истеҳсолии он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгир шудаанд. Маҳсулоти ширкати мазкур дар миқёси давлатҳои ИДМ нуфузи муайяни худро пайдо намудааст.

Моноблокҳои барои муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе харидоришуда намуди «Aсer Aspire  Z1-623» бо протсессори «Intel Core I3»  мебошад.

Протсессорҳои «Intel Core I3» аз наслҳои нави протсессорҳои муосир ба ҳисоб рафта, аз протсессорҳои «Intel Pentium IV» ба куллӣ фарқ дорад. Аз ҷумла, ин насли протсессорҳо дорои системаи бисёрядрогӣ буда, бо зудкорӣ ва коркарди бештари амалҳо дар як вақт аз дигар протсессорҳо афзалият дошта, дар низоми маорифи ҷумҳурӣ истифодаи таври васеи он  феълан танҳо насиби мактабиёни пойтахт гардидааст.

Ш. Саидов